ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, дар мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Зас атрофи масоили ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи масъулияти Созмон, вокуниши саривақтӣ ба чолишу таҳдидҳои муосир мубодилаи афкор намудаанд.
Инчунин афзун гардонидани ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-иқтисодӣ аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот будааст.
Бо дарназардошти раёсати Тоҷикистон дар СААД, Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи кишварро ба ҳамкории зич бо котиботи созмон ва ниҳодҳои он барои пешбурди кор таъкид кардааст.
Ҷонибҳо инчунин дар мавриди ҳамоҳангсозию ба ҳам наздик сохтани мавқеъи кишварҳои узв дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намудаанд.
Дар баробари ин омодагии Тоҷикистон ба нишасти дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД, ки баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз аҳамияти таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гуфта буд.
“Мо феълан Барномаи байнидавлатӣ барои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таҳия дорем. Ин мушкил аз масъалаҳои мубрами рӯз, ҳам дар масъалаи ҳарбӣ ва ҳам дар дигар бахшҳо мебошад”, - изҳор дошта буд ахир дабири кулли СААД, Станислав Зас.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.
Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.
Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.
Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.
Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.
Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.
Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.
Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.
Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.
"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард
Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.
"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.
Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Ҳамагирии коронавирус дар соли 2021 хотима намеёбад. Дар ин бора сардори шӯъбаи урупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) Ҳанс Клюге дар мусоҳиба бо Die Welt гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 "як соли дигари COVID хоҳад буд", аммо агар дар соли 2020 мардум дар бораи бемории нав каме иттилоъ дошта будандд, ҳоло пандемия "пешгӯишаванда ва идорашаванда аст".
"Соли 2020 terra incognita, номуайянии илмӣ ва сиёсӣ буд. Пас аз як сол, мо чизҳои бештареро медонем. Мо асбобҳо, барномаҳои ташхисӣ дорем, ваксина дорем. Барои ман, дар кори худ нақшаи пешакӣ муҳим аст. Пандемия то аввали соли 2022 хотима хоҳад ёфт", - гуфт ӯ дар мусоҳиба.
Ба ақидаи ӯ, муҳим аст, ки чӣ гуна кишварҳо маҳдудиятҳоро бекор мекунанд: агар зуд ба амал ояд, вазъ ба тасвири аввала бармегардад.
Клуге инчунин даъват кард, ки дар масъалаи ваксина мардум сабур бошанд, зеро эм кардани ҳамаи сокинони сайёра якбора ғайриимкон аст.