Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана

Қонунист? Вазир дар бораи таҳқиру хоингӯиҳои аъзои “Авангард” ва фаъолияти бидуни сабт

4332
(Таҷдидшуда 13:45 19.02.2021)
Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, масъалаи қонунӣ будани кори созмони ба ном “Авангард”-ро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “Авангард” ягон созмони муайяни сиёсӣ нест. Ин як раванди фаъоли ҷомеа аст, ки мақомоти дохилӣ бо он ҳамкорӣ мекунад.

Ӯ илова намуд, ки ВУД омода аст, на танҳо бо “Авангард”, балки бо ҳар касе, ки барои тартиботу амният кор мекунад, ҳамкорӣ намояд. Генерал Раҳимзода таъкид намуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти дохилӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеа мебошад.

Раҳимзода дар мавриди он, ки бархе аз аъзои “Авангард” дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар нисбати дигарандешон ба таҳқир роҳ медиҳанду хоину террорист ҳукм мекунанд, изҳор дошт, ки агар таҳқир кунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар бораи озодии сухан гуфта, тавзеҳ дод, ки агар назарҳо ғояҳои ифротгароӣ паҳн кунанд, он гоҳ ҷавобгарӣ доранд. Баъзан огоҳ мекунем, хешутаборашро мегӯем, ки гӯянд аз ин роҳ гарданд, афзуд ӯ.

Раҳимзода таъкид намуд, ки агар аъзои “Авангард” низ ба таҳқир даст зананд, бояди пеши роҳашон гирифта шавад. Ӯ Раёсати ноболиғон ва кор бо ҷавононро вазифадор кард, ки ин масъаларо бинанд ва агар чунин рафтор бошад, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, фарқ надорад, узви “Авангард” аст ё каси дигар.

Қаблан Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки то кунун гурӯҳи “Авангард” барои сабти ном шудан ба Вазорати адлия муроҷиат накардааст.

Вай афзуд, ки ҳаракати ҷамъиятии мазкур расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки Вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст.

“Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Дар Вазорати адлия он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба Вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”, - гуфт муовини вазир.

“Авангард”, ба навиштаи масъулини гуруҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шуда буд.

4332
Барчаспҳо:
вазир, Тоҷикистон
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров

Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

350
(Таҷдидшуда 19:51 25.02.2021)
Фармондеҳи Ситоди муштараки Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ эълон кард, заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар фацат ба манфиати ДОИШ аст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, фармондеҳи Ситоди муштараки СААД имрӯз зимни як конфронси онлайнӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон қайд кард, ки  ҳоло шумораи ҷангҷӯёни Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) дар Афғонистон наздик 70 ҳазор, тахмин зада мешавад.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар Афғонистон 4 ҳазор нафар ҷангҷӯёни ДОИШ ё гуруҳи "Давлати исломӣ" (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) ва 2,5 ҳазор нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбекистонро ҳузур доранд.

Вай хусусан қайд кард, ки террористу эстремистҳо минтақаҳои зиёди қаламрави Афғонистонро зери контроли худ гирифтаанд ва дар ин авохир бештар дар шимол, ҷануб ва ҷануб-шарқи ин кишвар фаъол шудаанд.

Гуфта шудааст, ки шумораи умумии ин гуруҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Турманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи ситоди муштараки СААД зикр кард, ки заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи саросемавори неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар танҳо ба манфиати ин гуруҳҳо ва афзоиши шумораи ҷонибдоронашон мебошад.

Анатолий Сидоров, қайд кард, ки дар ин марҳила хориҷ шудани нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон боиси ташаннуҷи вазъ ва интиқоли фаъолияти террористон ба қаламрави кишварҳои сиёси Марказӣ мегардад .

Ҳамзамон фармондеҳи Ситоди муштараки СААД хабар дод, ки бо манзури вазъи нигаронкунандаи Афғонистон ин созмон дар Тоҷикистон 4 машқи низомӣ баргузор хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ки бештарини он дар минтақаҳои куҳистонии назораташ мушкил тул кашидааст.

350
Барчаспҳо:
ДОИШ, террористӣ, неруҳо, Тоҷикистон, Афғонистон, СААД, Анатолий Сидоров

Пас аз шикаст дар Қарабоғ Пашинян тасмим гирифтааст дар артиш ислоҳот кунад

126
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки артиши кишвараш ба ислоҳот ниёз дорад ва Русия дар ин кор ба онҳо кӯмак хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Дар ҷаласаи ҳукумат, сарвазири Арманистон эълом дошт, ки дар кишвар раванди навсозии нерӯҳои мусаллаҳ оғоз шудааст.

Пашинян аз имзои санаде дар бораи ташкили гурӯҳи корӣ бо раҳбарии вазири дифоъ барои таҳияи ҷадвали харитаи роҳ барои ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳ хабар дод.

Сарвазири Арманистон инчунин илова кард, ки ин кишвар ният дорад дар соҳаи низомӣ бо Русия ҳамкории зич дошта бошад.

"Дар ин раванд мо ният дорем бо шарики рақами яки худ дар соҳаи амният - Федератсияи Русия ҳамкории наздиктар ба роҳ монем",- гуфт Пашинян.

Пашинян аз ҷанг дар Қаробоғ ва натиҷаҳои он - видео

Сиёсатмадор изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории Арманистон ва Русия дар соҳаҳои амният, низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ муассиртар хоҳад шуд.

126
Барчаспҳо:
ислоҳот, артиш, Никол Пашинян, Арманистон
День 26 февраля нац

Истеҳсоли "Волксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:47 25.02.2021)
Рӯзи бисту шашуми феврал, Рӯзи байналмилалии фориғболӣ мебошад. Дар ин рӯз раҳбари ансамбли фолклории "Помир", фалаксарои маъруф Соҳиба Давлатшоева ба дунё омадааст

Рӯзи 26 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1936 дар Олмон нахустин автомобили "халқӣ"- "Волксваген" истеҳсол карда шуд.

Соли 2017 дар намоишгоҳи техникӣ-коммуникатсионӣ дар Барселона тамғаи навкардашудаи телефони Nokia 3310 ба  тамошо гузошта шуд.

Рӯзи 26 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.

Соли 1992 Тоҷикистон ба САҲА ҳамроҳ шуд.

Соли 2010 дар Душанбе маросими ботантанаи мукофотонидани барандагони стипендияи ба номи Дмитрий Менделеев баргузор гардид.

Соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ карда шуд

Соли 2016 ташаббусҳои муштараки Тоҷикистону Нидерландия муҳокима карда шуданд.

Соли 2016 дар Ню-Йорк ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи рӯзномаи ҷаҳонии оби тоза муҳокима карда шуд.

Соли 2009 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Соли 2016 Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи марҳум генерал-майор Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.

Ҷашнҳои рӯзи 26 феврал

  • Рӯзи байналмилалии фориғболӣ.

Рӯзи 26 феврал кӣ ба дунё омадааст

Меҳрӣ Абдуллоева (1931) – раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Карим Абдулов (1939-2011) – доктори илми таърих, профессор, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зебо Давлатшоева (1969) – рассом.

Соҳиба Давлатшоева (1970)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Наргиси Карим (1975)- шоира.

Усмон Раҷабов (1950)- меъмор.

Раиса Савина (1925) – доктори илми тиб, профессор.

Нозим Сафаров (1939) – доктори илми таърих.

Ҷамшеди Саъдулло (1961)- публисист.

Абдувадуд Файзиев (1942)- актёри театр.

Аҳмад Юсуфов (1928 – 1987) – доктори илми тиб, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон