Директор Центра исследований проблем Центральной Азии и Афганистана Института международных исследований МГИМО МИД России Андрей Казанцев

Казантсев: пешакӣ маълум буд, ки Толибон хушунат дар Афғонистонро хотима нахоҳанд дод

89
(Таҷдидшуда 18:44 20.02.2021)
Вазъи Афғонистон ба чӣ оварда мерасонад, гуфт Андрей Казантсев, сармуҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии МГИМО-и Вазорати корҳои хориҷии Русия

ДУШАНБЕ, 20 фев - Sputnik. Ба таври расмӣ, миссияи ғайринизомии НАТО дар Афғонистон ҳамчунон дар амалиёти ҷангӣ ширкат меварзад, гуфт Андрей Казантсев, профессори Мактаби олии иқтисодӣ, сармуҳаққиқи Институти таҳқиқоти байналмилалии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав зимни як онлайн конфронс оид ба вазъи кунунии муносибатҳои Русия ва НАТО, ки дар МИА "Россия Сегодня" баргузор гардид.

Ин амалиёт дар Афғонистон беш аз 5 сол идома дорад, илова кард коршинос.

Бо мақсади хотима додан ба ҷанг маъмурияти Трамп сиёсати хуруҷи нерӯҳо аз нуқтаҳои гармро фаъолона пеш гирифт ва созишнома байни Иёлоти Муттаҳида ва Толибон ба имзо расид, ки хотима додан ба хушунат дар Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои хориҷиро пешбинӣ мекунад,афзуд Казантсев.

"Дар асл, созишнома риоя намешавад. Хушунат дар Афғонистон идома дорад. Бо дарназардошти он, ки Толибон (гуруҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ), маълум буд, ки он наметавонад таваққуф кунад",- гуфт сиёсатшинос.

Вай тавзеҳ дод, ки Толибон як сохтори ба қадри кофӣ мутамарказ нестанд, ки ҳама гуна қарорҳои мақомоти марказонидашударо иҷро кунанд.

Ӯ гуфт, дар ҳайати Толибон ҳастанд қумондонҳои саҳроӣ, ки бо равиши худ бо даст задан бо корҳои ҷиноӣ ва ё манбаъҳои дигари маблағгузорӣ ба монанди "Ал -Қоида" ва ғайра.

Тағйири сиёсат: Амрико дар тавофуқ бо Толибон бознигарӣ мекунад

Казантcев қайд кард, ки Толибон ба эҳтимоли зиёд пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон тасмим гирифтаанд, ки қудратро дар ин кишвар ба ин ё он роҳ ба даст биёранд.

Толибон ба Маскав омаданд: тафсилот

Номбурда гуфт, хулосаи ниҳоии НАТО ҳоло доир ба Афғонистон ҳосил нашудааст ва Амрико низ дар садади тарҳрезии сиёсати нав аст, ва маълум нест ҳоло барои Афғонистон чӣ нақша доранд.

89

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

587
(Таҷдидшуда 12:46 26.02.2021)
Президенти ИМА, Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

587
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров

“Соли тоҷикии СПАД”: 4 машқи муштарак, ҷаласаҳои низомиву сиёсӣ ва бозсозии марз

139
(Таҷдидшуда 12:34 26.02.2021)
Сардори Ситоди Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) гуфт, соли равон дар Тоҷикистон муҳимтарин чорабиниҳои ин созмон баргузор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, ки дар як видеоконфронс суҳбат мекард, дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли 2021 таваҷҷӯҳи вежае ба Тоҷикистон мешавад, зеро ин кишвар раёсати созмони СПАД-ро бар ӯҳда гирифтааст ва раисҷумҳури Тоҷикистон раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон аст.

“Эҳтимолан ин нукта низ аҳамияти қобили таваҷҷуҳ низ хоҳад дошт, ки чорабиниҳои аслии органҳои созмони мо дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар поёни сол ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар назар аст, ки дабирони Шӯрои амният, вазирони дифоъ, корҳои хориҷӣ ва сарони кишварҳои моро гирдиҳам меоварад ва натоиҷи солро ҷамъбандӣ карда, вазоифи марбут ба сол 2022-ро равшан мекунад”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Сардори Ситоди СПАД гуфт, бо дар назар гирифтани раёсати Тоҷикистон ва авлавиятҳое, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳама сарони кишварҳо ироа кард, як барномаи корӣ барои соли 2021 танзиму мушаххас шуда, ҳафтаи гузашта дабири кулли созмон Станислав Зас дар Душанбе ин тарҳро бо раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тасвиб кард.

“Нуктаи дигар ин аст, ки кор идома дорад ва иқдомот барои иҷрои тарҳи тавсеа ва таҷдиди манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоли анҷом аст, ки дар он каму беш мушорикати ҳама кишварҳои узви созмон барномарезӣ шудааст”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Сардори Ситоди СПАД афзуд, бар асоси тарҳи размоиши амалиётӣ - стратегии "Бародарии размӣ - 2021", як размоиши вежа бо неруҳои истихборотӣ - "Ҷустуҷӯ-2021" , тамринот бо неруҳои тадорукотӣ - "Эшелон-2021" ва тамрини неруҳои вокуниши сареъи ҷамъӣ - "Таомул -2021" – и СПАД дар хоки Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд.

“Инҳо се рӯйдоди аслиянд, ки дар хоки Тоҷикистон барномарезӣ шудааст. Ин як ҷузи комилан низомӣ аст. Мо нируҳои вежае дар созмони худ дорем. Ба мизони бештаре Котиботи созмони мо бо онҳо машғул аст, ки ҳамчунин тамриноти муштаракро бо мо ва ба таври мустақил анҷом медиҳад, аз ҷумла барномае низ дар қаламрави Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Қаблан дар ин видеоконфронс сардори Ситоди СПАД ин таваҷҷуҳи хоса ба Тоҷикистонро ба афзоиши хатари неруҳои созмонҳои террористии ҷамъшуда дар минтақаҳои марзӣ - Толибон ва ДОИШ (созмонҳои мануъ дар Тоҷикистону Русия) рабт дода буд.

"Дар тӯли тамрин, гурӯҳи неруҳои ҷамъӣ вазифаҳоеро барои ҷилавгирӣ аз талоши вуруди созмонҳои террористии байнулмилалӣ ба хоки кишварҳои узви СПАД анҷом хоҳанд дод. Теъдоди ҷангиёни Толибон дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон ва Туркманистон ҳудуд 15 ҳазор нафар аст", – гуфт Анатолий Сидоров.

СААД ният дорад, ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таҳким бахшад

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 поягузорӣ шуда, соли 2002 созишномаи он ба имзо расид. Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви ин созмон мебошанд.

Сербистону Афғонистон аз соли 2013 ба ин сӯ нозирони назди ассамблеяи парлумонии СПАД буда, то соли 1999 Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ узви созмон буданд.

139
Барчаспҳо:
машқҳои муштараки ҳарбӣ, СААД, Тоҷикистон
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото

Вазир дар бораи ифтитоҳи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Наврӯз - мешавад ё не?

635
(Таҷдидшуда 21:01 26.02.2021)
Намояндагони мақомот тавзеҳ доданд, ки кай сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд бе мамоният марзи ду кишварро убур кунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Намояндагони вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид баргузор карданд, ки дар рафти он масоили ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар расонаҳои маҳаллӣ пас аз ин мулоқот маълумот пайдо шуд, ки намояндаи вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини аввали вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев масоили ифтитоҳи марзро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла хабар дода мешавад, ки сарҳадҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эҳтимол дорад дар Наврӯз ифтитоҳ шавад.

Хабарнигори  Sputnik Тоҷикистон барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, ба вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим муроҷиат кард.

"Мо бо Ӯзбекистон муносибатҳои хубу наздик дорем. Дар соҳаи нақлиёт хело муносибати зич дорем ва феълан масоили мубрамро баррасӣ мекунем, аммо дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳо гуфтушуниде анҷом надодаем", - изҳор дошт Азим Иброҳим.

Гузаргоҳи "Ҷартеппа" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои донишҷӯён боз шуд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки марзи байни Тоҷикистон ҳамон вақт ифтитоҳ мешавад, ки "пандемия ба анҷом расад, яъне вазъи мусоиди эпидемиологӣ ба вуҷуд ояд".

635
Барчаспҳо:
марз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон