Гражданская война в Таджикистане

Нақли генералҳои амният дар бораи гапу корҳои Саидамир Зуҳуров: вақте Масъуд натавонист

3359
(Таҷдидшуда 21:25 22.02.2021)
Генералҳои амният бархе аз ногуфтаҳояшонро дар мавриди генерал – полковник Саидамир Зуҳуров, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баён доштанд. Аз ҷумла дар ҷаласаҳо чӣ мегуфту чӣ гуна худро барои наҷоти дигарон ба дасти Баҳром, бародари Ризвон супорид

ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik.  Гуруҳи ҳамкорони собиқ, аз ҷумла генерал - майори мустаъфӣ Худойқул Ҳамроқулов, собиқ раиси Кумитаи гумрук ва муовини вазири амният ва генерал – майори мустаъфӣ Эркин Муҳиддинов ногуфтаҳояшонро дар бораи Саидамир Зуҳуров баён доштаанд.

Дар матлабе, ки генералҳо дар ҳаммуалифӣ бо Ҷ. Мадаминов, полковники мустаъфӣ ва С. Қурбонов, рӯзноманигор таҳия кардаанд, бархе ҷузъиёти суҳбатҳои Зуҳуров бо зердастону худро ба дасти Баҳром, бародари Ризвон Садиров супурдани ӯ зикр шудаанд.

Генерал – полковник Саидамир Зуҳуров, ки 20 феврал, 70-солагияшро таҷлил кард, дар Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 ба вазифаи роҳбари мақомоти амнияти Тоҷикистон таъйин шуда буд.  

Ба навиштаи генералҳои мустаъфии амният, Зуҳуров баъди таъйинаш ба вазифаи роҳбари мақомоти амнияти миллӣ аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе омада, ба ҳайати шахсӣ қотеъона гуфтааст, иншооллоҳ сулҳу суботро барқарор мекунем.

“Тоҷикистон шукуфон хоҳад шуд. Чунон ки мегӯянд, агар даст захмӣ набошад, шумо метавонед заҳрро ҳам бо он бардоред. Заҳр ба дасте, ки ҷароҳат надошта бошад, зарар намерасонад. Касе, ки бад накунад, бад намебинад. Фаромӯш накунед, ҳама сирри мавҷудият озод будан аз тарс аст. Натарс аз он ки ба сарат чӣ меояд, ояндаат аз ин тағйир намеёбад, аммо зиндагии ҳозираат ором мегузарад”, - изҳор доштааст Зуҳуров.

Ба навиштаи генералҳо, ки нашрияи “Садои мардум” чоп кардааст, баъди таъйини Саидамир Зуҳуров  бисёр чекистони соҳибтаҷриба ва касбии банафақабаромада ихтиёран ба фаъолияти фаврӣ баргаштанду дар тарбияи ҷавонон саҳм гузоштанд, чун он вақт бисёри кормандон тарки мақомот карда буданд.

Ҳама зид буданд: чӣ гуна генерал Зуҳуров худро ба дасти Баҳром супурд?

Номи Саидамир Зуҳуров моҳи марти соли 1997, вақте ки Баҳром, бародари калонии фармондеҳи саҳроии собиқ иттиҳоди мухолифини тоҷик Ризвон Садиров, дар минтақаи Обигарм чаҳор рӯзноманигори рус, панҷ корманди намояндагии СММ ва ду корманди Салиби сурхи байналмилалиро гаравгон гирифт, вирди забонҳо шуда буд.

Баҳром талаби қатъӣ гузошт, то ки ба Ризвон ва ҳамдастонаш барои аз Афғонистон ба Тоҷикистон убур намудан “долон” кушода шавад. Ба гуфтаи генералҳо, тақрибан ду ҳафта ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия, инчунин Аҳмадшоҳи Мас­ъуд бо обрӯи бебаҳсаш натавонистанд, ки розигии Баҳромро барои озод кардани гаравгонҳо ҳосил кунанд.

Муаллифон мегӯянд, Баҳром дар талаб устувор буд, таҳдид мекард, ки асиронро ба қатл мерасонад.

Саидамир Зуҳуров он замон роҳбари мақомоти амнияти Тоҷикистон буд, баъди муддат андеша, чун роҳи дигар наёфт, тасмим гирифт, ки танҳо бо Баҳром ба музокирот биравад.

Генералҳои амният мегӯянд, қариб ҳама дар мақомоти амният зидди ин амали Саидамир Зуҳуров буданд, вале ӯ аз қавли мутафаккир ҷавоб додааст, ки дар ҳар ҷое ки зиндагӣ ҳаст, хатар низ ҳаст ва афзудааст, мо медонистем, вақте ки барои чекист шудан розигӣ додем, худро аллакай гирифтори хатар кардаем. Бо ҳамин, бидуни силоҳ, ба мулоқот шитофт ва ихтиёран худро гаравгон гузошт, ба шарте ки Баҳром гаравгонҳои дигарро раҳо кунад.

Генералҳо навиштаанд, ки пас аз якчанд рӯз Душанбе розӣ шуд, ки дар марзи давлатӣ “долон” бикушояд.  Он замон роҳбарияти кишвар баҳри ҳифзи ҳаёти одамони комилан бегуноҳ ба ин кор розӣ шуд.

Генерал Зуҳуров ба зердастонаш гапи Марадонаро иқтибос овардааст

Муаллифон инчунин аз як ҷаласаи умумӣ Саидамир Зуҳуров ба ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амният зикр кардаанд, ки дар он гуфтааст:

“Боре иқтибосеро аз Диего Марадона, беҳтарин футболбози асри ХХ аз рӯи эътирофи FIFA, хонда будам, ки “мураб­биён ҳаргиз ба пирӯзӣ дастёб нахоҳанд шуд, хоҳ ман бошам, хоҳ дигаре. Ғолибони ҳақиқӣ танҳо бозингаронанд”. Пас, ба ҳар кору муваффақияте ҳамроҳ бо шумо, ҳамкасбонам, ноил шудаам. Хидматҳои маро муболиға накунед, дар ҳамаи ин хидматҳои шумо ҳам ҳаст”, - изҳор доштааст Зуҳуров.

Генералҳо инчунин зикр кардаанд, ки ҳар касе, ки бо Саидамир Зуҳуров кор ва муошират кардааст, аз ӯ ҳамчун шахси хоксор ном мебарад. Ин фурӯтании ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ сохтакорӣ ва намоишӣ нест, ин таҷаллии фитрати азалӣ ва табиати хоси инсонии ӯст, таъкид кардаанд онҳо.

Зикр шудааст, ки ҳашт фарзандро бо ахлоқи ҳамида тарбия ва ба камол расонидааст.

Ба навиштаи ҳамкорон, Саидамир Зуҳуров ҷарроҳии мураккаби дилро гузаронида, ҳоло гаштугузор барояш андак душвор аст ва бештари вақтро дар хона сипарӣ мекунад. “Ин муъҷиза аст, муъҷизаи илоҳӣ, ки ман то ҳол зинда ҳастам”, - мегӯяд ӯ.

Генералҳои мустаъфӣ мегӯянд, бо вуҷуд Зуҳуров ҳозир ҳам агар касе чизе бипурсад, маслиҳатҳои муфид медиҳад.

3359
Барчаспҳо:
Зуҳуров, Тоҷикистон
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

1246
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

1246
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

700
(Таҷдидшуда 12:46 26.02.2021)
Президенти ИМА, Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

700
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Дар Бадахшони Афғонистон 15 нафар зери тарма ҷон доданд

0
Тарма дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромадаст, ки зери назорати толибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар Афғонистон 15 нафар бар асари фаромадани баҳман ва ё тарма ҷон аз даст доданд.

Ба иттилои мақомоти Афғонистон, тарма рӯзи 4 март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромад, ки он зери назорати толибон қарор дорад.

Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.

Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.

0
Барчаспҳо:
тарма, Афғонистон