Аз ҷобаҷогузории кадрҳо то хатарҳои нав: паёми Президент ба низомиён

1779
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро шодбош гуфта, зикр намуд, ки артиш бисту ҳашт сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсис дода шуда, имрӯз ба сохтори муқтадиру боэътимод табдил ёфтааст

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошоияш гуфт, мардуми Тоҷикистон хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

“Ман имрӯз дилпурона изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар тӯли таърихи қариб сӣ соли сипаришуда аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб сарбаландона гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Аз киберҷиноятҳо то низоъҳои динӣ: Раҳмон хостори омодагӣ шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки имрӯзҳо, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир печида гардондаанд. Ӯ дар феҳрасти таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму ифротгароӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ном бурд.

“Мо бояд ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем”, - зарур хонд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ риояи ҳатмии интизоми хизматӣ ва талаботи ойинномаҳои ҳарбиро таъкид карда, афзуд, ки дар ин раванд, ба масъалаи тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

“Зеро иқтидор ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи касбияти мутахассисон, яъне кадрҳои низомӣ, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи онҳо вобаста мебошад”, - тавзеҳ дод Раҳмон.

Раисиҷумҳур дастур дод, ки дар ҷараёни омода кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ба обутоби ҷисмониву маънавӣ, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, забондонӣ, ҳисси ватандӯстӣ, одоби муошират ва дигар сифатҳои шахсиву ахлоқии кадрҳои оянда диққати ҷиддӣ диҳанд.

1779
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, низомиён, Тоҷикистон
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

1244
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

1244
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

700
(Таҷдидшуда 12:46 26.02.2021)
Президенти ИМА, Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

700
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол