Афганская женщина в парандже. Архивное фото

Як тоҷики узви "Ал-Қоида" дар Қундуз боздошт шуд - ВАО

16
(Таҷдидшуда 20:06 11.02.2016)
Муҳсинӣ, сардори пулиси Кобул мегӯяд, боздоштшуда бо ҳамроҳонаш дар либоси занон мехост ба Кобул ва ё Покистон бирасад.

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Узви шабакаи "Ал-Қоида", ки аз ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад, ҳамроҳ бо се тан аз ҳамроҳони афғонаш дар вилояти Қундузи Афғонистон боздошт гардид, менависад хабаргузории афғонии Хома.

Ин мард дар оғоз худро аз вилояти Бадахшони Афғонистон муаррифӣ карда, аммо пулис ӯро шинохтааст, ки шаҳрванди хориҷист, гуфтааст Ғулом Мустафо Муҳсинӣ, фармондеҳи пулиси Кобул ба хабаргузорӣ.

Муҳсинӣ мегӯяд, шаҳрванди хориҷии боздоштшуда бо ҳамроҳонаш худро дар либоси занон дароварда, мехост ба Кобул ва ё Покистон бирасад. Боздоштшудаи хориҷӣ, ки то кунун аз вай ном бурда намешавад, эътироф кардааст, ки қаблан дар амалиётҳои низомии алайҳи неруҳои интизомии Афғонистон дар вилояти Бадахшон ширкат доштааст.

Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Қундуз ва вилоятҳои наздики он Тахор ва Бадахшон солҳои ахир ба паноҳгоҳҳои Толибон, Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон табдил шудааст. Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки соли1996, бо ҳадафи тағйири низоми ин кишвар ба низоми исломӣ таъсис ёфтааст, ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил шуда ва фаъолияти он дар қаламрави тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ манӯъ аст, менависад Радиои Озодӣ.

16
Мавзуъ
Сабти рекордии тавлиди кӯкнор дар Афғонистон
Символ СНГ, архивное фото

Расонаҳои кишварҳои ҳамсуд ҳамкорияшонро дар Маскав баррасӣ мекунанд

15
(Таҷдидшуда 13:48 18.09.2017)
Масоили ҳамкории расонаҳо ва хабаргузориҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав баррасӣ карда хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, фардо, 19 сентябр дар Маскав дар чорчӯби ройзании вазоратҳои умури хориҷа масоили ҳамкории расонаии кишварҳои ҳамсуд баррасӣ карда хоҳанд шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари равобити умумии Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар чорчӯби ин ройзанӣ намояндагони ниҳодҳои умури хориҷаи кишварҳои ҳамсуд масоили густариши ҳамкорӣ дар миёни расонаҳову хабаргузориҳо дар заминаҳои табодули иттилоъот ва омодасозии коршиносони расонаӣ, ҳамоҳангсозии исторҳо дар созмонҳои байналмилалӣ (СММ, ЮНЕСКО, САҲА) ва дар ҳошияҳои нишастҳои расонаиро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин ройзанӣ ҳамчунин масоили ҳамроҳии расонаҳо бо ниҳодҳои умури хориҷа, аз ҷумла дар умури афкори умумӣ ва расонаҳо, созмони додани тадобири расонаӣ, диплумосии диҷитолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тавзеҳдиҳии бунгоҳҳои бурунмарзӣ табодули тарҷуба мекунанд.

15
Барчаспҳо:
кишварҳои ҳамсуд, хабаргузорӣ, расонаҳо, ройзанӣ, Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ
Мавзуъ
Анҷумани байналмиллалии расонаҳо дар Маскав оғоз гардид
Фазои атрофи кураи замин. Акс аз бойгонӣ

Маҷаллаи “Илм ва Ҷомеаи” Академияи улуми Тоҷикистон ба нашр мерасад

178
Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Академияи илмҳои кишвар, академик Фарҳод Раҳимӣ маҷаллаи академии илмию оммавӣ бо номи "Илм ва Ҷомеа" бо қарори Раёсати АИ ҶТ аз таърихи 14 — уми сентябри соли 2015, таҳти рақами 80 таъсис дода шудааст.

"Ин маҷалла бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои олимони АУ, ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа, нишон додани роҳҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва мусоидат ба рушди илми ватанӣ нашр мегардад",- иброз дошт сухангӯи АУ ҶТ Шервони Умриддин.

Ба қавли ӯ, ҳадаф аз таъсис додани ин маҷалла нашри мақолаю маводҳои илмии олимону донишмандони тоҷик, бозтоби дастовардҳои илмии ҷаҳониён, ошкор кардани мушкилоти ҷаҳони муосир ва ба донишомӯзи ҷалб намудани ҷавонон, мусоидат кардан ба ҳалли мушкилоти мубрами Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.

Маҷаллаи академии илмию оммавии "Илм ва Ҷомеа" 17 декабри соли 2015 аз тарафи Вазорати фарҳанг ба қайд гирифта шудааст ва дар як сол чор маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр хоҳад шуд.

Бо назардошти консепсияҳои ягонаи таҳқиқоти байнисоҳавӣ, мақолаҳо ва маводи маҷаллаи "Илм ва Ҷомеа" аз рӯи мавзуъҳои мубрами илм ва ҷомеаи муосир ба нӯҳ бахш гуруҳбандӣ гардидаанд: "Ҷаҳони муосир" ва "Ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир", "Фалсафа ва назарияҳои байнисоҳавӣ", "Ҷаҳон аз нигоҳи дигар", "Маорифпарварӣ ва ҷаҳонбинии алтернативӣ", "Дастовардҳои илму техникаи муосир", "Маориф ва рушди инсон", "Бозёфтҳои ҷавонон", "Пажуҳиш дар адаб ва ҳунар" ва "Пешниҳодҳо ва эълонҳо" мебошанд.

Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.

Дар маҷалла мақолаҳои илмие ҷой меёбанд, ки ба як соҳаи таҳқиқотӣ маҳдуд набуда, балки хусусияти байнисоҳавӣ дошта бошанд.

178
Барчаспҳо:
нашри маҷалла, Фарҳод Раҳимӣ

Таҳдиди навбатии Амрико ба Русия: Помпео ваъда дод, Маскав ҷазоӣ сахт мегирад

0
(Таҷдидшуда 18:53 14.08.2020)
Котиби давлатии Амрико ҳушдор дод, ки агар “созиши Маскав ва Толибон” тасдиқ ёбад, Русияро рӯзҳои сахт интизор аст

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико таъкид кард, ки агар тасдиқ шавад, ки русҳо барои қатли сарбозони Амрико пул пешниҳод мекардааанд, Русияро ҷазоӣ сахт интизор аст.

“Агар русҳо барои қатли сарбозони Амрико ва мардуми Ғарб пул пешниҳод кунанд, онҳо арзиши гаронеро хоҳанд супорид. Инро ман ба вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров расондам. Ман хабар дорам, ки низомиёни мо бо роҳбарияти низоимии Русия низ дар ин бора гуфтугӯ доштанд. Мо таҳаммули инро надорем”, - гуфт Майк Помпео.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия таҳдидҳои Амрикоро ба вазъи сиёсии дохилии ин кишвар рабт дод.

Вай гуфт, дар арафаи интихобот ҳукумати Трамп дар баробари демократҳо мехоҳад аз “корти Русия” истифода кунад

Ёдрас мешаҷвем, ки нашрияи “The New York Times” бо такя ба манобеи дар хадамоти махсуси Амрико рӯзи 26-уми июн хабар дода буд, ки мақомоти Русия ба гурӯҳи Толибон барои куштани сарбозони нерӯҳои эътилоф таҳти сарварии Амрико дар Афғонистон пул пешниҳод мекардааст.

Нашрияи “The Times” навиштааст, ки Толибон ва ё “гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноии алоқаманд ба онҳо” як қисми пулро дастрас кардаанд. Аммо дар гузориш гуфта мешавад, ки рӯшан нест, ки ин пардохтҳо ба 20 сарбози кушташудаи амрикоӣ дар соли гузашта дар Афғонистон рабт дорад, ё не.

Иддао Амрико дар ҳолест, ки ин кишвар пас аз имзои созишномаи сулҳ бо Толибон дар моҳи феврал тасмим гирифтааст, ки соли оянда сарбозонашро аз хоки Афғонистон берун кунад.

Нашрияи “The Times” навиштааст, ки мақомоти Амрико намедонистанд, ки то чӣ андоза амалиёти пинҳонии ҳукумати Русия тасдиқ шудааст ва он чӣ ҳадафро дунбол мекунад.

Мақомоти Русия ин иттиҳоми навбатиро “бепояву беасос” хонд.

0
Барчаспҳо:
Толибон, Маскав, таҳдид, Русия, Амрико