Шӯҳрат Қудратов. Акс аз бойгонӣ

Зойиров: Шӯҳрат Қудратов мумкин аст то Соли нав озод шавад

13
(Таҷдидшуда 12:43 18.12.2014)

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раҳматилло Зойиров, вакили дифои Шӯҳрат Қудратов баъд аз анҷоми рӯзи аввали мурофиа ба хабарнигорон гуфт, мумкин аст Қудратов то Соли нав ба озодӣ барояд.

Оҷонсии "Озодагон" менависад, Зойров гуфтааст, дар мурофиаи баъдӣ аз додгоҳ "дархост хоҳанд кард, ки Қудратовро авф намояд".

Зойиров ҳамчунин афзудааст, ки зерҳимояаш ҳеч кадоме аз иттиҳомотро напазируфтааст.

Шӯҳрат Қудратов, ки худ дар гузашта фаъолияти вакилии дифоъро анҷом медод, дар моҳи июл бо иттиҳоми фасоди молӣ аз ҷониби оҷонсии коррупсия боздошт шуд. Қудратов ҳамчунин яке аз вакилони дифои Зайд Саидов буд.

Қудратов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам мешавад. Қаблан вакили дифои вай гуфта буд, аз додгоҳ талаб хоҳанд кард, ки парванда аз рӯи моддаи 320 қатъ шавад. Чун гуноҳи зерҳимояаш аз рӯи ин модда тасдиқи худро наёфтааст. Ба гуфтаи Зойиров, исботи гуноҳ ва бегуноҳии Қудратов аз рӯи ин модда мушкил аст, бинобар ин дархост хоҳанд кард, ки парвандаи гирифтани пора куллан қатъ шавад.

Радиои Озодӣ менависад, Қудратов дар аввалин ҷаласаи додгоҳӣ ҳеч яке аз иттиҳомотро, ки айбдоркунандаи давлатӣ зидди ӯ матраҳ мекунад, қабул накардааст. Ин дар ҳолест, ки айбдоркунанда бар асоси аризаи "шахси ҷабрдида" Тӯрабек Охунов — бародари Ҷӯрабек Охунов — раиси боздоштшудаи ширкати "Мовароуннаҳр" гуфт, Қудратов зимни созишномае бо Ҷӯрабек Охунов аз ӯ дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ моҳона мегирифт, аммо тирамоҳи соли 2012 аз Охуновҳо 10 ҳазор доллар тараб карда, аз онҳо билохира 8 ҳазор доллар  гирифтааст. Аммо дертар ҳазор долларро баргардонида, ҳаф ҳазори боқимондаро ба манфиати худ истифода кардааст.

Ин додугирифт баъд аз он иттифоқ афтодааст, ки зидди раиси ширкати "Мовароуннаҳр" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, қарор буд, Шӯҳрат Қудратов аз ҳуқуқҳои ӯ дифоъ кунад.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар ин маврид Қудратовро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ айбдор кард, аммо бино бар ҳозир нашудани Тӯрабек Охунов дар толори муҳокима, баррасии ин иттиҳом ба вақти дигар вогузор шуд.

13
Барчаспҳо:
порагирӣ, мурофиа, қаллобӣ, додгоҳи Душанбе, "Мовароуннаҳр", Тӯрабек Охунов, Ҷӯрабек Охунов, Раҳматилло Зойиров, Шӯҳрат Қудратов, Зайд Саидов, Душанбе, Тоҷикистон