Тасбеҳ. Акс аз бойгонӣ

Интихобот ва ҳолу ҳавои "исломхоҳӣ"-и аҳзоби Тоҷикистон

7
(Таҷдидшуда 17:22 19.02.2015)
То баргузории интихобот дар Тоҷикистон камтар аз 10 рӯзи дигар боқӣ монд, аммо ба қавли расонаҳо, кишвар ва мардум камтар ҳавои интихоботиро дар сар доранд. Ба зами ин, аксари ҳизбҳо мехоҳанд элоктарати исломиро ба худ ҷалб кунанд ва дар сархати барномаҳояшон аз номи Худову расули Худо кор мегиранд.

Ёд аз Худову Расул ва худро "бандаи содиқи Худо" унвон кардан аз шиору сӯҳбатҳои пешазинтихоботии номзадҳои аксари аҳзоби сиёсӣ шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Ҳамакнун, ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки замони Шӯравӣ динро "афюн" унвон мекард, ҳоло вожаи болшевикро "бандаи мӯъмин" таъбир мекунад ва бархе аз намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ муввафақиятаҳояшонро "раҳмати Худованд ба бандаҳои дӯстдораш" марбут медонанд, дар як гузориши худ навиштааст "Озодӣ".

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки ин шабу рӯзҳо ба навоҳии вилояти Суғд барои таблиғи ғояҳои ҲКТ сафар кардааст, мегӯяд, аҳдофи ҳизбашон ҳамон аҳдофест, ки дар китоби муқаддаси мусулмонон, яъне Қуръон таъкид шудааст. Ба қавли, бархеҳо ба мардум Ҳизби коммунистро як ҳизби зиддинӣ муаррифӣ кардаанд ва ҳоло онҳо бо чунин сӯҳбатҳо танҳо нодурустии ин ақидаро ба мардум мефаҳмонанд.

"Мардуми мо аксаран мусулмонанд ва мо ба он хотир дар ин мавзӯъ бо интихобкунандагон сӯҳбат мекунем, ки ҳадафи моро мардум дуруст дарк кунанд. Ҳатто мо ба мардум мефаҳмонем, ки шиори "Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон як шавед", ҳамон шиори исломии "Мӯъмин бародари мӯъмин аст". Ҳизби мо ҳеч андешаи зиддинӣ надорад. Мо ҳам мусулмонем," — таъкид доштааст Талбаков.

Дар шиорҳои расмии ҳизби ҳокими халқии демократӣ низ ҳарфҳои динӣ ба назар мерасад. Дар як овезаи ин ҳизб навишта шудааст, онҳо пирӯзии аъзои ҳизб дар интихоботро "раҳмати Худо ба бандаҳои дӯстдорашон медонанд".

Дар чанд рӯзи пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ як варақаи таблиғии ҲХДТ паҳн шуд, ки рақами 8-и мансуб ба ин ҳизб дар варақаҳои интихоботиро ба ҳашт ситораву ҳашт табақаи биҳишт баробар кардаву рамзу бахту иқбол хонда буданд.

"Шиору ҳарфҳо аз Ислом вақте аз забони аъзои ҳизби мо баланд мешавад, ки интихобкунандагон дар ин маврид сӯҳбат мекунанд. Бубинед, 99 дарсади мардуми мо мусулмон ҳастанд ва дар ин баробар онҳо электорати мо ҳастанд. Мо, албатта, талош мекунем, як ҳизбе бошем, ки ба хоҳишҳои онҳо посух гӯем. Мо ба эътиқодоти динии онҳо такя мекунем ва ҳамеша аз Исломи асл пуштибонӣ мекунем. Он корҳое, ки барои рушди диндорӣ кардаем, онро ба мардум шарҳ медиҳем," — афзудааст Мусо Асозода, яке аз мубаллиғини ҲХДТ.

Аз маъракаи ҳомияи ислому муслимин муаррифӣ кардани худ Ҳизби сотсиал-демократии Раҳматилло Зойиров низ ақиб намонд. Раиси ин ҳизб дар баромади интихоботиаш тарақи телевизон гуфт, ки "қории Қуръон аст", аммо исломро ба сиёсат олуда нахоҳад кард.

Ба дунболи ин гуфтӯмонҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазлу шухии корбарон авҷ гирифт. Як корбари Фейсбук навишт, ки "ҳоло демократ-шайхҳо", "иқтисоддон-авлиёҳо", "аграрӣ-эшонҳо" ҳам даъвии ҳифозат аз дину диндоронҳо хоҳанд кард. Аммо бештари шарҳнависон бар ин назаранд, ки ҳамаи ин ҳарфҳо ба хотири ҷалби раъйи мардум аст, то ҳимояту ҳифозати холисона аз ҳуқуқҳои динии мардум.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи Тоҷнюс аз як рӯзи вохӯрии раисони аҳзоб бо сокинони шаҳри Қурғонтеппа гузориш медиҳад, ки таваҷҷуҳи аксари мардум ба раиси ҲНИТ будааст. Хабарнигори сомона менависад, яке аз интихобкунандагон хитоб ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб гуфтааст, "дар чеҳраат нури илоҳӣ аст, иншоаллоҳ пирӯз мешавӣ". Ин хитоби интихобкунанда, рашки Исмоил Талбакови комунистро оварда, ки мавсум баландгӯякро гирифта гуфтааст, "дар чеҳраи ҳамаи мо нури илоҳӣ ҳаст, ҳамаи мо мусалмонем".

7
Барчаспҳо:
ҳақиқати ҳол, раъй, интихобкунанда, исломшавӣ, овоздиҳӣ, Интихобот, рақобат, ҲХДТ, ҲСДТ, ҲНИТ, Мусо Асозода, Исмоил Талбаков, Раҳматилло Зойиров, Муҳиддин Кабирӣ, Суғд, Хатлон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Истифода аз "маънавиёт" дар таблиғоти пешазинтихоботии ҲХДТ
Таҳлилгар: ҲХДТ барандаи асосии интихобот аст
Ба рекламаи сиёсии ҲНИТ дар Душанбе иҷоза надоданд