Наручники. Архивное фото

ВАО: боздошти “сардабир” ва зуҳури ҷангандаи 80-солаи тоҷики ДИ

9
(Таҷдидшуда 15:21 25.02.2015)
Дар шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои созмони тундрави “Давлати исломӣ” дастгир шудааст. Ҳамзамон, як ҷангандаи 80-солаи тоҷик дар Сурия аз худ дарак додааст.

Пулиси шаҳри Маскав мардеро дастгир кардааст, ки дар Интернет аз номи ҷангиёни "Давлати исломӣ" сомона боз карда, дар он наворҳои видеоии мазмунашон ифротгароёнаро ҷой медодааст, бо такя ба расонаҳои русӣ, менависад "Радиои Озодӣ".

Манбаи хабаргузории ТАСС дар раёсати умури дохилии пойтахти Русия гуфтааст, ки ин мард  бо нашри наворҳои тарғиботии "Давлати исломӣ" амалан ҳамчун мубаллиғи ин гурӯҳи террористӣ фаъолият мекард ва ба гуфтаи ин манбаъ, " мардумро ба фаъолиятҳвои террористӣ даъват ва терроризмро дар мазҳари ом таблиғ ва сафед месохт".

Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, мубаллиғи боздоштшудаи "Давлати исломӣ" шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ба нақли ин расона, ӯро дар кӯчаи Образтсов, дар наздикии маркази тиҷории "Савеловский"-и шаҳри Маскав дастгир кардаанд.

Исми ин шаҳрванд ва ҳам номи сомонае, ки ӯ аз номи ҷангиёни "Давлати исломӣ" мечархонд, зикр нашудааст.

Дар Тоҷикистон то ҳол ҳудуди 20 нафар бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ё ташвиқу ҷалби дигарон барои пайвастан ба "ҷиҳод" дар Ховари Миёна боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Аммо ин бори нахуст аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия бо итиҳоми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи ҷангҷӯ ва он ҳам бо иттиҳоми чархондани сомонаи интернетӣ аз номи ҷангиёни ин гурӯҳ ва таблиғи ақидаҳои онҳо боздошт мешавад.

Додгоҳи олии Русия созмонҳои тундрави "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ун-Нусра"-ро рӯзи 29 декабри соли 2014 созмони террористӣ эътироф карда, фаъолияти ҳардуро дар қаламрави Русия қонунан манъ кардааст.

Дар ҳамин робита, сомонаи TojNews менависад, як мӯйсафеди 80-солаи тоҷик дар Сурия дар сафи ҷангандаҳои "Давлати исломӣ" шомил аст. Ин сомона менависад, дар бораи мӯйсафед танҳо ин иттилоъ дода шудааст, ки 80 — сола аст ва дар Тоҷикистон кампири 77 — сола дорад. Ному насаб ва сокини кадом минтақаи Тоҷикистон будани ӯ маълум нест. Бино ба иттилои саҳифаи "Танзими давлат" дар Фейсбук, мӯйсафед ҳангоми худоҳофизӣ бо кампираш "дидор ба қиёмат" гуфта рафтааст ва кампир дар ин бора ҳангоми бозпурсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иқрор шудааст.

"Давлати исломӣ" як созмони тундравест, ки дар оғози соли 2014 аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, бо ишғоли қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурия аз таъсиси "хилофати исломӣ" хабар дод. Ҷангиёни ин созмон бо қатлҳои ваҳшиёна, аз ҷумла бо каллабурию зинда ба зинда сӯзондани  асирону гаравгонҳо дар сарзаминҳои таҳти назораташон ном баровардаанд. Ин созмон мегӯяд, қасдаш истиқрори "хилофати исломӣ" дар саросари ҷаҳони исломист. Қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар харитаҳои "Давлати исломӣ" ҳамчун бахше аз вилояти "Хуросон" тасвир шудаанд, ки ҳамчунин шарқи Эрон, Афғонистону Покистон ва қисмате аз Ҳиндро дар бар мегирад.

9
Барчаспҳо:
ҷанг, таблиғ, пирмарди 80-сола, "Давлати исломӣ", "сардабир", шаҳрванди Тоҷикистон, сомона, боздошт, ДИИШ, Ироқ, Сурия, Русия
Мавзуъ
“Давлати исломӣ” амири Хуросонро таъин кард
ВАО: Воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия кушта шудааст
Символ СНГ, архивное фото

Расонаҳои кишварҳои ҳамсуд ҳамкорияшонро дар Маскав баррасӣ мекунанд

14
(Таҷдидшуда 13:48 18.09.2017)
Масоили ҳамкории расонаҳо ва хабаргузориҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав баррасӣ карда хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, фардо, 19 сентябр дар Маскав дар чорчӯби ройзании вазоратҳои умури хориҷа масоили ҳамкории расонаии кишварҳои ҳамсуд баррасӣ карда хоҳанд шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари равобити умумии Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар чорчӯби ин ройзанӣ намояндагони ниҳодҳои умури хориҷаи кишварҳои ҳамсуд масоили густариши ҳамкорӣ дар миёни расонаҳову хабаргузориҳо дар заминаҳои табодули иттилоъот ва омодасозии коршиносони расонаӣ, ҳамоҳангсозии исторҳо дар созмонҳои байналмилалӣ (СММ, ЮНЕСКО, САҲА) ва дар ҳошияҳои нишастҳои расонаиро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин ройзанӣ ҳамчунин масоили ҳамроҳии расонаҳо бо ниҳодҳои умури хориҷа, аз ҷумла дар умури афкори умумӣ ва расонаҳо, созмони додани тадобири расонаӣ, диплумосии диҷитолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тавзеҳдиҳии бунгоҳҳои бурунмарзӣ табодули тарҷуба мекунанд.

14
Барчаспҳо:
кишварҳои ҳамсуд, хабаргузорӣ, расонаҳо, ройзанӣ, Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ
Мавзуъ
Анҷумани байналмиллалии расонаҳо дар Маскав оғоз гардид
Фазои атрофи кураи замин. Акс аз бойгонӣ

Маҷаллаи “Илм ва Ҷомеаи” Академияи улуми Тоҷикистон ба нашр мерасад

166
Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Академияи илмҳои кишвар, академик Фарҳод Раҳимӣ маҷаллаи академии илмию оммавӣ бо номи "Илм ва Ҷомеа" бо қарори Раёсати АИ ҶТ аз таърихи 14 — уми сентябри соли 2015, таҳти рақами 80 таъсис дода шудааст.

"Ин маҷалла бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои олимони АУ, ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа, нишон додани роҳҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва мусоидат ба рушди илми ватанӣ нашр мегардад",- иброз дошт сухангӯи АУ ҶТ Шервони Умриддин.

Ба қавли ӯ, ҳадаф аз таъсис додани ин маҷалла нашри мақолаю маводҳои илмии олимону донишмандони тоҷик, бозтоби дастовардҳои илмии ҷаҳониён, ошкор кардани мушкилоти ҷаҳони муосир ва ба донишомӯзи ҷалб намудани ҷавонон, мусоидат кардан ба ҳалли мушкилоти мубрами Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.

Маҷаллаи академии илмию оммавии "Илм ва Ҷомеа" 17 декабри соли 2015 аз тарафи Вазорати фарҳанг ба қайд гирифта шудааст ва дар як сол чор маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр хоҳад шуд.

Бо назардошти консепсияҳои ягонаи таҳқиқоти байнисоҳавӣ, мақолаҳо ва маводи маҷаллаи "Илм ва Ҷомеа" аз рӯи мавзуъҳои мубрами илм ва ҷомеаи муосир ба нӯҳ бахш гуруҳбандӣ гардидаанд: "Ҷаҳони муосир" ва "Ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир", "Фалсафа ва назарияҳои байнисоҳавӣ", "Ҷаҳон аз нигоҳи дигар", "Маорифпарварӣ ва ҷаҳонбинии алтернативӣ", "Дастовардҳои илму техникаи муосир", "Маориф ва рушди инсон", "Бозёфтҳои ҷавонон", "Пажуҳиш дар адаб ва ҳунар" ва "Пешниҳодҳо ва эълонҳо" мебошанд.

Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.

Дар маҷалла мақолаҳои илмие ҷой меёбанд, ки ба як соҳаи таҳқиқотӣ маҳдуд набуда, балки хусусияти байнисоҳавӣ дошта бошанд.

166
Барчаспҳо:
нашри маҷалла, Фарҳод Раҳимӣ
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

1059
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

1059
Барчаспҳо:
Тоҷикистон