Фото на странице фансообщества Юлдуз Усмановой в Facebook

Юлдуз Усмонова қасди сафар ба Тоҷикистонро дорад

21
(Таҷдидшуда 09:53 22.05.2015)
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбакистон Юлдуз Усмонова соли равон ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад ва ҳамчунин албоми таронаҳои форсии худро нашр мекунад.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбакистон Юлдуз Усмонова имсол ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад ва ҳамчунин албоми таронаҳои форсии худро нашр мекунад, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Радио менависад, Усмонова дар мусоҳибаи ихтисосие бо ҳафтаномаи "Азия-Плюс" ин хабарро тасдиқ кардааст.

Вай гуфтааст, ҳанӯз мӯҳлати дақиқи ин сафарро хабар дода наметавонад, вале "ҳис мекунад", ки мулоқоташ бо мухлисон дар Тоҷикистон то поёни ҳамин сол ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Овозхони машҳур инчунин гуфтааст, ки тарҳи як маҷмӯаи таронаҳои форсияш омодаи нашр аст ва ба зудӣ ба фурӯш хоҳад баромад.

Дар ин мусоҳибааш Юлдуз Усмонова ҳамчунин гуфтааст, ки ба зудӣ дар шабакаи Би-би-сӣ намоише бо ширкати ӯ ва роҷеъ ба таронаҳои форсияш забт хоҳад шуд.

"Аз ҷумла дар бораи таронаи пуровозаи "Намекунӣ", ки ман бар матни Лоиқ Шералӣ навиштам ва ҳангоми сафари ахирам ба кишвари Тоҷикистон сурудам. Дертар ин таронаро бо матни дигар овозхони дар тамоми олами форсизабонон шинохташудаи эронӣ Гугуш, ки аз оғози роҳи ҳунариям барои ман як намунаи пайравӣ буд, сароид. Он вақт ман таронаҳои ӯро месурудам, акнун ӯ таронаҳои маро мехонад", — гуфтааст Усмонова.

Юлдуз Усмонова аз он изҳори нороҳатӣ кардааст, ки аз ӯ ҳамчун оҳангсози ин тарона, ки дар иҷрои Гугуш "Намедонӣ" шудааст, ёд карда намешавад.

Садои Юлдуз Усмонова то соли 2012 дар Ӯзбакистон мамнӯъ буд. Вай дубора ҳаққи ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳоро замоне дарёфт, ки ​баъд аз 5 соли зиндагӣ дар Туркия ба ватанаш баргашт. Ба навиштаи расонаҳо, Усмонова барои он Ӯзбакистонро тарк карда буд, муносибаташ дар​ соли 2007-ум бо мақомоти баландпояи Ӯзбакистон "хароб" шуда буд. Дар ин байн овозхон бо чанд барномаи консертӣ ба дидори мухлисонаш ба Маскаву Душанбе Ишқобод ҳам рафт ва баъди яке аз консертҳои хотирмонаш дар Қӯрғонтеппа ба матни шоираи тоҷик Офоқ соли 2008-ум яке аз таронаҳои маъруфи худро ба забони тоҷикӣ ("Биё, ҷонам, биё") ҳам эҷод кард.

Ҳунарпешаи пурмоҷарои Ӯзбакистон дар соли 2009 дар Кохи Борбади Душанбе ҳамроҳ бо устоди мусиқии тоҷик Далери Назар консерти муштарак дода буд.

21
Барчаспҳо:
сароянда, сурудҳои тоҷикӣ, "Намекунӣ", ҳунарнамоӣ, ташриф, консерт, Юлдуз Усмонова, Тоҷикистон, Ӯзбакистон