Хулосаи матбуот: аз сулҳу созиш то раводид

© Sputnik / Амир ИсаевНашрияҳои тоҷикӣ
Нашрияҳои тоҷикӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аксари мавзуҳои ин ҳафтаи чопи Душанберо Сулҳу Ваҳдат ва баҳси мақолаи пурсарусадои АиФ дар мавриди ҷорӣ кардани раводид миёни Русия ва Тоҷикистон ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Мавзуъҳои гуногуне ба мисли ояндаи созишномаи сулҳи тоҷикон, чораҳои зиддибуҳронӣ ва мушкилоти иҷрои онҳо, таҳдидҳои амниятӣ ва сарнавишти ояндаи ҲНИТ дар нашрияҳои чопи Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, менависад TojNews.

Аз ҷумла ҳафтаномаи "Фараж" ҲНИТ-ро ба хомӯшӣ дар қазияи ДИИШ муттаҳам кардааст. Муаллифи мақолаи "ҲНИТ пеши ДИИШ чаро хомӯш аст?" менависад, ки "имрӯзҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро ҳодисаҳои Сурия ва Ироқ ва пайдо гаштани ба номи "Давлати исломӣ" сахт нигарон кардааст".

Нашрияи расмии Тоҷикистон бохти ҲНИТ дар интихоботро шарҳ дод

Лекин ҲНИТ ягон маротиба дар саҳифаи сомонаи худ ва воситаҳои ахбори омма дар ин бора даъват ба амал наовардааст ва иштирок дар ин набардҳо аз нуқтаи назари дини мубини ислом гуноҳест бузург.  Баръакс,  ин падидаҳоро дар воситаҳои ахбори омма ҲНИТ ҳар гуна тоб дода, калтаки дасти худ кардааст. Инчунин ба ҳар роҳу восита садо баланд мекунанд, ки имконияти надодани иҷрои рукнҳои исломӣ ҷавононро ба радикализм ва экстремизм мепайвандад".

Ҳафтаномаи "Тоҷикистон" навиштааст, ки дар кишвар шумораи қатли зани тоҷик меафзояду зиёиёни мо ба марги дигарон азо мегиранд. Ишора ба вокунишҳо ба қатли Фархундаи афғон аст, ки иддае қариб буд аз он фоҷеаи башарӣ созанд. Нашрия аз суханони Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Мағфират Хидирзода иқтибос меорад, ки он замон мегуфт: "чун ҷомеа эътироз карданд, бояд ин як ҳушдор бошад, дар ин масир аллакай ноадолатиҳо гузаштаанд".

"Ва муаллиф рӯ меорад ба таҳлили чанде аз кушторҳои овозадор дар Тоҷикистон, ки мардон ҳатто модарони худро ба даҳшатноктарин шева ба қатл расонданд. "Раиси муллоҳоямон "куфу суф" гуфту кори қотилони Фархундаро "куфр" гуфт,, шоирамон ба ин миллат "туф" гуфт, роҳбари занҳои ҷумҳурӣ онро "беадолатӣ" унвон кард. Аҷаб, чаро мо дарди дигаронро қабул дорему дарди дили худро ҳисс намекунем? Чаро қатли даҳҳо зани тоҷикро нодида мегирем?", — навиштааст муаллифи матлаб.

Нашрияи "Миллат" низ бо номи "Сарзамини орзуҳо" аз мақолаи "АиФ" ёд кардааст ва пурсидааст, ки вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон амал кард, вазирони дигар чӣ?

"Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон назар ба ҳар вақти дигар фавритар амал кард ва ба мақолаи муғризона посух гуфт. Аммо дигар ниҳодҳои масъул, аз қабили вазоратҳо ва ниҳодҳои ба кортаъминкунандаи кишвар чӣ мегӯянд? Чаро кайк дар пӯсти онҳо намедарояд? Чаро ҳеч як масъули ин ниҳодҳо ҳаддиақал дар нашрияи "АиФ" чопи Душанбе изҳори назар намекунанд?", — навиштааст муаллифи "Миллат".

Як соҳибкор нашрияи “Нигоҳ”-ро ба додгоҳ кашид

Таҳлилгари тоҷик Султони Ҳамад дар суҳбате бо "Озодагон" гуфтааст, ки агар рафту Созишномаи сулҳ 18 сол пеш ба имзо намерасид, Тоҷикистон  ҳоли Афғонистон, Ироқ, Либиё, Сурия, Украина медошт.

"Ҷанги хонумонсӯз агар идома мекард, даҳҳо ҳазор тани дигар аз ҳамватанони мо кушта мешуданд, сафи бевазанону ятимон меафзуд, мулк боз ҳам вайрону валангортар мегардид, шояд Тоҷикистони азизи мо ба минтақаҳо таҷзия мешуд, мисле ки дар кишварҳои номбурда ин ҳолатро мебинем", — зикр кардааст Султони Ҳамад.

Ин таҳлилгар ҳамзамон гуфтааст, ки бинои сулҳ торафт тахриб мешавад. Вай 17 соли таҷлили рӯзи Ваҳдатро ба ёд меорад, ки солҳои аввал ширкаткунандагонаш аз ду ҷониб зиёд буданд, вале сол ба сол теъдоди мухолифон дар протоколи ҳукуматии ҷашнвора коҳиш дода мешуд. 

"Азия-плюс" тарҳи ҳукуматии чораҳои зиддибуҳрониро ба чолиш кашидааст, ки моҳи январ қабул шуда буд. Татбиқи он чи гуна аст? Оё ҳукумат муваффақ шудааст, ки дар 5 блоки тадобири пешбинишуда комёбие дошта бошад ва ё ҳаддақал хавфи печидан ба буҳронро коҳиш дода бошад. Баъди ном бурдани ин 5 блок ва ҷиддияти вазъ дар онҳо, муаллиф хулоса мекунад.

"Ба мо муясаар нагардид, ки дар бораи сармоягузории кофии тарҳҳои пешбинишуда ва амалкарди мушаххаси баъзе идораҳо маълумоти  муътамад пайдо кунем.  Оё тарҳи таҳияшуда метавонад "харитаи роҳ" ба дасти ҳукумат дар давраи буҳрон бошад ва ё ба сурати як намоиши зебо боқӣ хоҳад монд? Бигзор ҳар кас худ хулоса барорад", — навиштааст муаллиф.

Лентаи хабарҳо
0