Масҷиди марказии Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламои ҶТ: ҳарфҳои Абдуллоҳи Муҳаққиқ ҳақиқат надоранд

32
(Таҷдидшуда 10:43 28.07.2015)
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтааст, бо пешниҳоди онҳо буд, ки Суди Олии кишвар фаъолияти ҷараёни Салафияро мамнуъ эълон кард ва ҳам Шӯро дар мубориза бо ин ҷараён пешгом аст.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз гуфтаҳои коршинос Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар мавриди салафия интиқод карда, онҳоро бепоя хондааст, менависад АМИТ Ховар.

Чанде муқаддам ҷаноби Муҳаққиқ зимни як мусоҳибае бо сомонаи TojNews иддао карда буд, ки манъи рафтани кӯдакон ба масоҷид ба рушди ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон доман задааст.

"Уламои суннатӣ ин хатар (Салафия)-ро дарк намуда, бо раҳбарии собиқ Раиси Шӯрои уламо Амонуллоҳи Неъматзода китобе ба номи "Симои воқеии Салафия" ба табъ расонида буданд. Акбари Тӯраҷонзада низ баҳри дафъи Салафия дар матбуоти даврӣ талошҳои зиёд намуда буд. Аммо баъди вафоти шайх Амонуллоҳ чароғи мубориза бар зидди Салафия дар Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои Тоҷикистон то кунун хомӯш гардид", — гуфта буд Абдуллоҳи Муҳаққиқ.

Ин коршинос дар мусоҳибааш аз хатар доштани ҷараёни Салафия ҳарф зада, пешниҳод карда буд, ки ҳар чӣ зудтар ин ҷараён дар Тоҷикистон решакан гардад.

Аммо дар посух ба ҷаноби Муҳаққиқ Шӯрои уламо навиштааст, ки "Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои он на танҳо ба густариши салафия ва хатарзо будани он садо баланд карданд, на фақат дар мавъизаҳои имомхатибони масоҷид ба мардум оқибати ин ваборо фаҳмонданд, балки як силсила тадобире анҷом доданд, ки ҳадаф аз онҳо шинохти симои аслии салафия буд".

Шӯрои уламо даъвоҳои коршиносро комилан бепоя хонда, гуфтааст, бо пешниҳоди ин ниҳод буд, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин ҷараёнро мамнӯъ эълон кард. Ва ҳам ходимони Шӯро, омадааст дар матлаби Ховар, ҳамвора аз хатар доштани Салафия дар минбари масоҷид сухан мекунанд.

32
Барчаспҳо:
мубориза, интиқод, баҳс, Салафия, Шӯрои уламои Тоҷикистон, Абдуллоҳи Муҳаққиқ, Душанбе
Символ СНГ, архивное фото

Расонаҳои кишварҳои ҳамсуд ҳамкорияшонро дар Маскав баррасӣ мекунанд

15
(Таҷдидшуда 13:48 18.09.2017)
Масоили ҳамкории расонаҳо ва хабаргузориҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав баррасӣ карда хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, фардо, 19 сентябр дар Маскав дар чорчӯби ройзании вазоратҳои умури хориҷа масоили ҳамкории расонаии кишварҳои ҳамсуд баррасӣ карда хоҳанд шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари равобити умумии Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар чорчӯби ин ройзанӣ намояндагони ниҳодҳои умури хориҷаи кишварҳои ҳамсуд масоили густариши ҳамкорӣ дар миёни расонаҳову хабаргузориҳо дар заминаҳои табодули иттилоъот ва омодасозии коршиносони расонаӣ, ҳамоҳангсозии исторҳо дар созмонҳои байналмилалӣ (СММ, ЮНЕСКО, САҲА) ва дар ҳошияҳои нишастҳои расонаиро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин ройзанӣ ҳамчунин масоили ҳамроҳии расонаҳо бо ниҳодҳои умури хориҷа, аз ҷумла дар умури афкори умумӣ ва расонаҳо, созмони додани тадобири расонаӣ, диплумосии диҷитолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тавзеҳдиҳии бунгоҳҳои бурунмарзӣ табодули тарҷуба мекунанд.

15
Барчаспҳо:
кишварҳои ҳамсуд, хабаргузорӣ, расонаҳо, ройзанӣ, Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ
Мавзуъ
Анҷумани байналмиллалии расонаҳо дар Маскав оғоз гардид
Фазои атрофи кураи замин. Акс аз бойгонӣ

Маҷаллаи “Илм ва Ҷомеаи” Академияи улуми Тоҷикистон ба нашр мерасад

178
Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Академияи илмҳои кишвар, академик Фарҳод Раҳимӣ маҷаллаи академии илмию оммавӣ бо номи "Илм ва Ҷомеа" бо қарори Раёсати АИ ҶТ аз таърихи 14 — уми сентябри соли 2015, таҳти рақами 80 таъсис дода шудааст.

"Ин маҷалла бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои олимони АУ, ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа, нишон додани роҳҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва мусоидат ба рушди илми ватанӣ нашр мегардад",- иброз дошт сухангӯи АУ ҶТ Шервони Умриддин.

Ба қавли ӯ, ҳадаф аз таъсис додани ин маҷалла нашри мақолаю маводҳои илмии олимону донишмандони тоҷик, бозтоби дастовардҳои илмии ҷаҳониён, ошкор кардани мушкилоти ҷаҳони муосир ва ба донишомӯзи ҷалб намудани ҷавонон, мусоидат кардан ба ҳалли мушкилоти мубрами Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.

Маҷаллаи академии илмию оммавии "Илм ва Ҷомеа" 17 декабри соли 2015 аз тарафи Вазорати фарҳанг ба қайд гирифта шудааст ва дар як сол чор маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр хоҳад шуд.

Бо назардошти консепсияҳои ягонаи таҳқиқоти байнисоҳавӣ, мақолаҳо ва маводи маҷаллаи "Илм ва Ҷомеа" аз рӯи мавзуъҳои мубрами илм ва ҷомеаи муосир ба нӯҳ бахш гуруҳбандӣ гардидаанд: "Ҷаҳони муосир" ва "Ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир", "Фалсафа ва назарияҳои байнисоҳавӣ", "Ҷаҳон аз нигоҳи дигар", "Маорифпарварӣ ва ҷаҳонбинии алтернативӣ", "Дастовардҳои илму техникаи муосир", "Маориф ва рушди инсон", "Бозёфтҳои ҷавонон", "Пажуҳиш дар адаб ва ҳунар" ва "Пешниҳодҳо ва эълонҳо" мебошанд.

Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.

Дар маҷалла мақолаҳои илмие ҷой меёбанд, ки ба як соҳаи таҳқиқотӣ маҳдуд набуда, балки хусусияти байнисоҳавӣ дошта бошанд.

178
Барчаспҳо:
нашри маҷалла, Фарҳод Раҳимӣ
Школьники в масках

Ноиби сарвазири Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард, то талабаҳо мубталои COVID-19 нашаванд

0
(Таҷдидшуда 20:59 14.08.2020)
Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми санҷиш дар шаҳри Роғун ва навоҳии Рашт камбудиҳои зиёд дар бахши мубориза бо COVID-19 ошкор кардаст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш боздида карда, вазъи соҳаи тандурустӣ ва омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро санҷидаанд, хабар дод “Ховар”.

“Зимни боздид маълум гардид, ки аҳолӣ, соҳаи маориф ва табибон нисбат ба бемории сироятии COVID-19 ва гирифторшавӣ ба он фориғболӣ нишон медиҳанд.”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар кӯчаву бозорҳо сокинон бениқоб гашту гузор мекунанд, дар  муассисаҳои таълимӣ  захираи маводи антисептикӣ, ниқоб, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгирии беморӣ кам ба назар мерасанд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “агар ҳар як омӯзгор бо табибон ва волидон ҳамкорӣ кунанд, боварӣ дорам, ки мактаббачагон ҳеҷ гоҳ интиқолдиҳандаи беморӣ намегарданд”.

Исматуллозода дастур дод, ки омӯзгорону муҳассилин бе ниқоб ба дарс надароянд ва дар даромадгоҳи мактабҳо ҳатман маводи антисептикӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шавад.

Инчунин дастур дода шудаст, ки аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб дар мактабҳо навбатдориҳо ташкил карда шаваду ҳар як омӯзгор 2-3 дақиқаи дарсро ба фаҳмондадиҳӣ барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷудо кунад.

0
Барчаспҳо:
пешгирӣ, беморӣ, талабагон, Тоҷикистон