Нашрияҳои Тоҷикистон

Матбуот: аз марги Умари панҷмоҳа то осебпазирии ҷавонони тоҷик

24
(Таҷдидшуда 14:53 22.10.2015)
Қазияи марги Умари 5-моҳа дар шаҳри Санкт-Петербург мавзӯи доғи шумораи нави ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон ба шумор меравад.

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Аксари ҳафтаномаҳо бо нашри саҳифаи вижаи сиёҳ ин ҳодисаро маҳкум карда, хостори таҳқиқи мунсифона ва муҷозоти дастандаркорон шудаанд.

Нашрияи мустақили "Озодагон" марги Умари 5-моҳаро рамзи нотавонӣ хонда, дар саҳифаи аввали худ акси ӯро нашр карда, ки пойини он навишта шудааст, "Сукутҳоямон моро хоҳанд кушт". Инчунин, ин нашрия бо суоли "масъулияти марги фоҷиавии кӯдаки 5-моҳаи тоҷик дар Санкт-Петербург ба дӯши кист?" ба коршиносон муроҷиат кардааст.

Озодагон зери унвони "Марги маҷбурии Умаралӣ моро чун ҳамеша аз русу Русия намеранҷонад" матлаберо низ рӯи чоп оварда, маҷмӯи шеърҳои шоирони муосири тоҷик дар робита ба ин қазияро таҳти унвони "Марги ту рамзи нотавониҳо" пешкаши хонандаҳо кардааст.

Қазияи марги ин кӯдаки ширхораи тоҷик мавзӯи меҳварии ҳафтаномаи мустақили дигари Тоҷикистон — "Миллат" қарор гирифта, зери акси он дар саҳифаи аввали ин нашрия навишта шудааст, "Ба марги Умар Назаров бояд посух гуфт!" "Башшор Асад меҳмони воломақоми Кремл", "Олмон за Узбакистон қаҳр кард" ва "Армуғони Барқи тоҷик барои мардум имсол ҳам "Лимит" аст" аз мавзуъҳои дигари муҳҳими ин нашрияанд.

Ҳафтаномаи мустақили "Нигоҳ" ҳам се саҳифаи худро ба Умари 5-моҳа бахшида, дар аввалӣ зери акси ин кӯдак навиштааст, "Марги Умар ва фоҷиаи бузурги Русия". Аммо матлабҳои муҳимми дигареро ҳам таҳти унвони "Карзай зидди Амрик. Чаро дастнишонда мухолиф шуд?" ва "Тақсими Осиёи Марказӣ" дар ин шумораи "Нигоҳ" хондан имкон дорад.

"Фараж" — яке аз нашрияҳои дигари мустақили Тоҷикистон ҳам дар саҳифаи аввали худ акси бузурги Умари 5-моҳаро нашр карда, гуфтааст, "Умар Олон(кӯдаки курд, ки ҷасадаш дар соҳили Туркия пайдо шуд)-и тоҷик аст!" Ин ҳафтанома қазияи Умарро дилхароштар аз қазияи олони курд хондааст.

Ҳафтаномаи русзабони "AsiaPlus" ҳам яке аз саҳифаҳои худро ба ин қазия бахшида, суол гузоштааст, ки "ба марги Умар киро бояд гунаҳкор донист?" Ин нашрия инчунин аксҳо ва мушоҳидаҳои худро таҳти унвони "Даҳ хислати тоҷикон, ки хориҷиёнро ба ҳайрат меорад" рӯи чоп овардаааст. Дар ин матлаб бештари сари одат ва русуми мардуми тоҷик тамаркуз шудааст, ки миёни сокинони дигар манотиқ ба чашм намерасад. Аз ҷумла хурдани тарбузу харбуза ва ангур бо нон ва даст пеши бару сари таъзим фуруд овардан ҳангоми пешвоз ва гусели меҳмонон.

Инчунин дар ин шумораи "AsiaPlus" дар бораи занони деҳот, ҳолати роҳҳои мошингард дар минтақаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб гуфта шуда, мақолаи Манижа Қурбоноваро ҳам дар хусуси зеботарин зани тоҷик дар асри гузашта — Лола Исмоилова чоп кардааст.

Нашрияи расмии "Омӯзгор"-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар шумораи нави худ суҳбати устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии кишвар Маҳмадулло Давлатовро нашр кардааст, ки дар бораи омилҳои ифротӣ шудани ҷавонони тоҷикро шарҳ додааст. "Онҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротгарою экстремистӣ шомил мешаванд, дониши амиқ надоранд, онҳо Ватан, Модар ва дигар арзишҳоро пушти по мекунанд, гурӯҳҳои террористӣ ба ҳамин қисми осебпазир — ҷавонони бе дониш нигоҳ карда, ҳадафҳояшонро амалӣ мекунанд", таъкид кардааст, мусоҳиби "Омӯзгор".

24
Барчаспҳо:
"Миллат", "Нигоҳ", "Озодагон", ҳафтанома, Умар, моҳ, марг, нашрия, Русия, Тоҷикистон, "Омӯзгор", "Озодагон", "Фараж", "Миллат", "Нигоҳ", Башшор Асад, Узбакистон, Олмон, Санкт-Петербург, Душанбе, Тоҷикистон, Русия
Символ СНГ, архивное фото

Расонаҳои кишварҳои ҳамсуд ҳамкорияшонро дар Маскав баррасӣ мекунанд

15
(Таҷдидшуда 13:48 18.09.2017)
Масоили ҳамкории расонаҳо ва хабаргузориҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав баррасӣ карда хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, фардо, 19 сентябр дар Маскав дар чорчӯби ройзании вазоратҳои умури хориҷа масоили ҳамкории расонаии кишварҳои ҳамсуд баррасӣ карда хоҳанд шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари равобити умумии Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар чорчӯби ин ройзанӣ намояндагони ниҳодҳои умури хориҷаи кишварҳои ҳамсуд масоили густариши ҳамкорӣ дар миёни расонаҳову хабаргузориҳо дар заминаҳои табодули иттилоъот ва омодасозии коршиносони расонаӣ, ҳамоҳангсозии исторҳо дар созмонҳои байналмилалӣ (СММ, ЮНЕСКО, САҲА) ва дар ҳошияҳои нишастҳои расонаиро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин ройзанӣ ҳамчунин масоили ҳамроҳии расонаҳо бо ниҳодҳои умури хориҷа, аз ҷумла дар умури афкори умумӣ ва расонаҳо, созмони додани тадобири расонаӣ, диплумосии диҷитолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тавзеҳдиҳии бунгоҳҳои бурунмарзӣ табодули тарҷуба мекунанд.

15
Барчаспҳо:
кишварҳои ҳамсуд, хабаргузорӣ, расонаҳо, ройзанӣ, Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ
Мавзуъ
Анҷумани байналмиллалии расонаҳо дар Маскав оғоз гардид
Фазои атрофи кураи замин. Акс аз бойгонӣ

Маҷаллаи “Илм ва Ҷомеаи” Академияи улуми Тоҷикистон ба нашр мерасад

176
Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Академияи илмҳои кишвар, академик Фарҳод Раҳимӣ маҷаллаи академии илмию оммавӣ бо номи "Илм ва Ҷомеа" бо қарори Раёсати АИ ҶТ аз таърихи 14 — уми сентябри соли 2015, таҳти рақами 80 таъсис дода шудааст.

"Ин маҷалла бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои олимони АУ, ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа, нишон додани роҳҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва мусоидат ба рушди илми ватанӣ нашр мегардад",- иброз дошт сухангӯи АУ ҶТ Шервони Умриддин.

Ба қавли ӯ, ҳадаф аз таъсис додани ин маҷалла нашри мақолаю маводҳои илмии олимону донишмандони тоҷик, бозтоби дастовардҳои илмии ҷаҳониён, ошкор кардани мушкилоти ҷаҳони муосир ва ба донишомӯзи ҷалб намудани ҷавонон, мусоидат кардан ба ҳалли мушкилоти мубрами Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.

Маҷаллаи академии илмию оммавии "Илм ва Ҷомеа" 17 декабри соли 2015 аз тарафи Вазорати фарҳанг ба қайд гирифта шудааст ва дар як сол чор маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр хоҳад шуд.

Бо назардошти консепсияҳои ягонаи таҳқиқоти байнисоҳавӣ, мақолаҳо ва маводи маҷаллаи "Илм ва Ҷомеа" аз рӯи мавзуъҳои мубрами илм ва ҷомеаи муосир ба нӯҳ бахш гуруҳбандӣ гардидаанд: "Ҷаҳони муосир" ва "Ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир", "Фалсафа ва назарияҳои байнисоҳавӣ", "Ҷаҳон аз нигоҳи дигар", "Маорифпарварӣ ва ҷаҳонбинии алтернативӣ", "Дастовардҳои илму техникаи муосир", "Маориф ва рушди инсон", "Бозёфтҳои ҷавонон", "Пажуҳиш дар адаб ва ҳунар" ва "Пешниҳодҳо ва эълонҳо" мебошанд.

Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.

Дар маҷалла мақолаҳои илмие ҷой меёбанд, ки ба як соҳаи таҳқиқотӣ маҳдуд набуда, балки хусусияти байнисоҳавӣ дошта бошанд.

176
Барчаспҳо:
нашри маҷалла, Фарҳод Раҳимӣ

Сукути ҳавопаймои мусофирбар дар Ҳиндустон: аксҳо аз ҷойи ҳодиса

0
(Таҷдидшуда 17:01 08.08.2020)
  • Ҳавопаймои Boeing 737 мутааллиқ ба ширкати Air India Express  дар иёлати Кеҷикода ба сукут дучор шуд
  • Ба ҷойи ҳодиса мошинҳои Ёрии таъҷилӣ, наҷотбахшон ҳозир шуданд
  • Захмиёнро худ аз ҷойи ҳодиса кӯч доданд ва дар бемористонҳо бистарӣ намуданд
  • Зимнан, дар макони ҳодиса мардумони зиёд, аз ҷумла пайвандони мусофирон гирд омаданд
  • Ин ҳавопаймо аснои дар фурудгоҳ нишастан, ба ду қисм тақсим шуд
  • Пизишкон ба аксари зазмиён дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалия расонданд
  • Вазъи захмиёне, ки бисёр ваҳим буд, зуд тавассути мошинҳои Ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол дода шуданд
  • Наҷотбахшон бошад, дар ҷойи ҳодиса зери харобаҳо захмиёну ҷонбохтагонро мекобанд
  • Мардумони зиёд дар макони сукути ҳавопаймо ҷамъ омада ба наҷотбахшон кумак расонданд
  • Ҳавопаймои Boeing 737 пас аз сукут
  • Ҷойи ҳодиса ва омили сар задани ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дода шудааст
  • Ҳавопаймо ба қисмат тақсим шуд
  • Маконе, ки ҳавопаймои мазкур ба садама дучор шуд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймои мусофирбар аснои фурӯд омадан аз хати парвоз берун шуда, ба ду қисм тақсим шуд

Ҳавопаймои мусофирбар дар Ҳиндустон бо 191 сарнишин аз хати парвоз берун шуда, ба садама дучор гардид.

Бар тибқи маълумоти пешакӣ, омили сар задани сукути ҳавопаймо ба боду ҳавои номусоид ва боронгариҳо рабт дода мешавад.

Суқути ҳавопаймо дар Амрико: ба манзили истиқоматӣ сарозер шуд

Ҳодисаи нохуш дар Коҷикада рух додааст. Ҳавопаймо аз Дубай самти Ҳиндустон парвоз дошт.

Ҳоло аз фавти 20 сарнишини ҳавопаймо гузориш дода шуда, ҳамчунин дасти кам 140 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

0
  • Ҳавопаймои Boeing 737 мутааллиқ ба ширкати Air India Express  дар иёлати Кеҷикода ба сукут дучор шуд
    © REUTERS / Stringer

    На месте крушения пассажирского самолета Boeing 737 Air India Express в индийском городе Кежикоде

  • Ба ҷойи ҳодиса мошинҳои Ёрии таъҷилӣ, наҷотбахшон ҳозир шуданд
    © REUTERS / Stringer

    Эвакуация раненных при крушении пассажирского самолета

  • Захмиёнро худ аз ҷойи ҳодиса кӯч доданд ва дар бемористонҳо бистарӣ намуданд
    © AFP 2020 /

    Женщину, пострадавшую при крушении самолета в Индии, грузят на носилках в скорую

  • Зимнан, дар макони ҳодиса мардумони зиёд, аз ҷумла пайвандони мусофирон гирд омаданд
    © AFP 2020 / Favas Jalla

    На месте крушения пассажирского самолета Boeing 737 Air India Express

  • Ин ҳавопаймо аснои дар фурудгоҳ нишастан, ба ду қисм тақсим шуд
    © AFP 2020 / Arunchandra Bose

    На месте крушения обломки фюзеляжа перемешались с личными вещами пассажиров

  • Пизишкон ба аксари зазмиён дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалия расонданд
    © AFP 2020 /

    Медики эвакуируют раненую женщину с места крушения самолета

  • Вазъи захмиёне, ки бисёр ваҳим буд, зуд тавассути мошинҳои Ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол дода шуданд
    © AFP 2020 / Arunchandra Bose

    Эвакуация раненных при крушении пассажирского самолета Boeing 737 Air India Express

  • Наҷотбахшон бошад, дар ҷойи ҳодиса зери харобаҳо захмиёну ҷонбохтагонро мекобанд
    © REUTERS / Stringer

    На месте крушения самолета в индийском городе Кежикоде спасатели ищут выживших

  • Мардумони зиёд дар макони сукути ҳавопаймо ҷамъ омада ба наҷотбахшон кумак расонданд
    © AFP 2020 / Arunchandra Bose

    Люди у места крушения пассажирского самолета

  • Ҳавопаймои Boeing 737 пас аз сукут
    © AFP 2020 / Arunchandra Bose

    Обломки пассажирского самолета Boeing 737 Air India Express

  • Ҷойи ҳодиса ва омили сар задани ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дода шудааст
    © REUTERS / Stringer

    Эксперты осматривают место крушения пассажирского лайнера в Индии

  • Ҳавопаймо ба қисмат тақсим шуд
    © AFP 2020 / Arunchandra Bose

    Обломки пассажирского самолета Boeing 737 Air India Express

  • Маконе, ки ҳавопаймои мазкур ба садама дучор шуд
    © AFP 2020 / Arunchandra Bose

    На месте крушения пассажирского самолета Boeing 737 Air India Express в индийском городе Кежикоде

Барчаспҳо:
акс, сукути ҳавопаймо, Ҳиндустон