Нашрияҳои Тоҷикистон

Матбуот: тавсифу бозтоби сафари Раҳмон, “Ба ҷойи гаҳворабандон…”

39
(Таҷдидшуда 11:15 20.11.2015)
Танҳо як нашрия дар шумораи нави худ масъалаи берун баровардани қисмҳои пойгоҳи низомии “201”-и Русияро дар миён гузоштааст.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Мавзуи меҳварии аксари шумораи нави нашрияҳои Тоҷикистон сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ва ҳамлаҳои хунин ва бесобиқаи 13 ноябри Порис мебошад.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” мақолаи Умари Тоҳирро бо номи “Лонаи ҷиноӣ” ба нашр расонида, пешниҳод кардааст, ки қисмҳои ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз шаҳрҳои Тоҷикистон берун бароварда шаванд. Инчунин дар ин шумораи нашрия мақолаи муфассали Усмоналӣ Холиқзода бо номи “Мушкилоти қоидаҳои имло” чоп шудааст.

Нашрияи мустақили “Миллат” бо номи “Ба ҷойи гаҳворабандон…” аз фоҷиаи талхи кӯдаки панҷмоҳа, ки дар шаҳри Санкт-Петурбург ба ҳалокат расидааст, нақл мекунад.

Ҳафтаномаи “Фараж” бо номи “Миллиардҳо доллар ба ботлоқ” мақолаи таҳлилии Лутфулло Яъқубовро чоп кардааст.

Нашрияи “Тоҷикистон” ин ҳафта матолиберо таҳти унвони “Марди нодир” дар мавриди сафари президенти кишвар ба Покистон, “Русия ва се омили зарба ба ДИИШ” дар мавриди зарбаҳои ҳавоии Русия ба мавқеъҳои гурӯҳи террористии ДИИШ, “Фоҷиаи Порис-баъд аз он чиро бояд интизор шуд?” перомуни ҷузъиёти ҳамлаҳои хунини террористон ба Порис, ки дар 45 дакиқа 8 таркиш ба вуқӯъ пайваст, ба нашр расонидааст.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” мақолаи Умари Тоҳирро бо номи “Лонаи ҷиноӣ” ба нашр расонида, пешниҳод кардааст, ки қисмҳои ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз шаҳрҳои Тоҷикистон берун бароварда шаванд. Инчунин дар ин шумораи нашрия мақолаи муфассали Усмоналӣ Холиқзода бо номи “Мушкилоти қоидаҳои имло” чоп шудааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон — “Адабиёт ва санъат” дар саҳифаи назм шеърҳои Давлати Раҳмониён ва дар саҳифаи наср ҳикояи Зариф Ғулом “Ишқи духтари ветнамӣ”-ро чоп карда, дар саҳифаи тақриз мақолаи Вафо Элбоевро бо номи “Паҳнои афкор ва ҷустуҷӯ” пешкаши хонандагонаш кардааст.

Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мақолаҳоеро таҳти унвони “Онҳо зистан мехоҳанд!”, “Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд…”, “Террори нозанини Аврупо” ба нашр расонда, суҳбатеро ҳам бо варзишгари шинохтаи тоҷик — Мавзуна Чориева пешкаши хонандагони худ намудааст.

Нашрияи “Садои мардум”-и парлумони кишвар дар шумораи нави худ ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи “Шакарпариён”-и Исломободро ба нашр расонда, аз ҷараёни Шӯрои навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат гузоришеро таҳия ва чоп кардааст.

Нашрияи “Омӯзгор”-и Вазорати маориф бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ силсилаи мақолаҳоеро  чоп карда, низ дар бораи ҳаёти мактабӣ, мушкилоти соҳаи маориф, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ мақолаҳову хабарҳо нашр кардааст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи шанбе аз сафари расмии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар, изҳороти матбуотии кишвар, суханронӣ дар Донишгоҳи ба номи Қойиди Аъзами Покистон гузориши муфассал чоп карда, мисли ҳамешагӣ барои хонандагони худ саҳифаи фароғатии “Шоми шанбе”-ро пешниҳод кардааст.

39
Барчаспҳо:
"Миллат", Эмомалӣ, Раҳмон, нашрия, пойгоҳ, Тоҷикистон, Душанбе, Адабиёт ва санъат, "Фараж", "Миллат", нашрияи Нигоҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Исломобод, Порис, Фаронса, Покистон, Афғонистон, Душанбе, Тоҷикистон, Русия
День 5 октября

Ҷашнҳои рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

210
(Таҷдидшуда 18:07 04.10.2020)
Рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ, рӯзи ҷаҳонии муаллим, рӯзи байналмилалии кормандони кофтукови ҷиноӣ ва дар Португалия рӯзи ташкилёбии ҷумҳурӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 5 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1502 Хрисофор Колумб Косто-Рикаро кашф намуд.

Соли 1823 дар Англия нахустин маҷаллаи тиббӣ бо номи "Лансет" ба нашр оғоз намуд.

День 4 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1864 аз таъсири тундбод дар Калкутта беш аз 300 киштӣ нобуд  ва тақрибан 80 ҳазор нафар одамон  ҳалок шуданд.

Соли 1963 дар Тоҷикистон Ҳафтаи фарҳанги Қазоқистон  оғоз гардид.

Соли 2000 олимон муайян карданд, ки бо гузашти 14 сол аз садамаи Чернобил ва радиатсияи бавуҷудомада ҳанӯз ҳам дар растаниҳои ҳудуди зарардидаи Украина раванди аз меъёр зиёди мутатсияи генӣ (дигаргуншавӣ ва ё вайроншавии хромосомаҳо ва генҳо) ба назар мерасад.

Соли 2006 дар Чин автобусҳои махсусе пайдо шуданд, ки барои иҷрои ҳукми қатл истифода мешуданд.

Соли 2016 дар Брюссел нишасти вазирони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин конференсия бахшида ба мавзӯи Афғонистон баргузор гардид.

Рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2004 Тоҷикистон ба Интерпол пайваст.

Соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе расман оғоз шуд.

День 3 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе шаш санадро ба имзо расонданд. Аз ҷумла Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон. Бар асоси ин созишнома пойгоҳи Русия то соли 2042 дар Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 октябр 

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ. Дар гузашта Рӯзи забон 22 июл таҷлил мегардид, аммо соли 2009 баъди қабули қонун “Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон” он ба панҷуми октябр гузаронда шуд.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим.
  • Рӯзи байналмилалии кормандони кофтуков.
  • Дар Португалия рӯзи ташкилёбии ҷумҳурӣ.

Рӯзи 5 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Эмомалӣ Раҳмон (1952) – райиси ҷумҳури Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон.

Сулаймон Анварӣ (1946) – адабиётшинос.

Анушервон Бикасиён (1955) -ҳайкалтарош, Ходими шоистаи ҳунариТоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Облоқул Бозоров (1932) – доктори илми фалсафа, профессор.

Ҳабибулло Имоддӣ (1937) – нависанда.

Ақназар Қурбонмаҳмадов (1940) – доктори илми фалсафа, профессор.

Мансур Муллоев (1923 – 1997) – доктори илми ҳуқуқ, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Раҳмон Набиев (1930 – 1993) – арбоби давлатӣ.

Ҳасан Наққош (1925 – 1986) – шоир ва адабиётшиноси арабтабор.

Фаррух Неъматзода (1959) – рассом.

Юсуф Нуралиев (1936) – доктори илми тиб, профессор.

Ҷумъағозии Кирей (1929)- ҳайкалтарош.

Xӯрақули Аҷиб (1950) - шоири узбакзабони Тоҷикистон, мутарҷим.

Фурқати Саид (1967) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҳошим Раҳим (1908 – 1993) – адабиётшинос, мутарҷим, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Қурбоналӣ Яъқубов (1949) – найнавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Саидқул Билолов (1953) – сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

естер Алан Артур - 21-умин президенти ИМА (1829).
Рамазан Қодиров – райиси ҷумҳури Чеченистон, Қаҳрамони Русия (1976).

210
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Символ СНГ, архивное фото

Расонаҳои кишварҳои ҳамсуд ҳамкорияшонро дар Маскав баррасӣ мекунанд

15
(Таҷдидшуда 13:48 18.09.2017)
Масоили ҳамкории расонаҳо ва хабаргузориҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав баррасӣ карда хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, фардо, 19 сентябр дар Маскав дар чорчӯби ройзании вазоратҳои умури хориҷа масоили ҳамкории расонаии кишварҳои ҳамсуд баррасӣ карда хоҳанд шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари равобити умумии Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар чорчӯби ин ройзанӣ намояндагони ниҳодҳои умури хориҷаи кишварҳои ҳамсуд масоили густариши ҳамкорӣ дар миёни расонаҳову хабаргузориҳо дар заминаҳои табодули иттилоъот ва омодасозии коршиносони расонаӣ, ҳамоҳангсозии исторҳо дар созмонҳои байналмилалӣ (СММ, ЮНЕСКО, САҲА) ва дар ҳошияҳои нишастҳои расонаиро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин ройзанӣ ҳамчунин масоили ҳамроҳии расонаҳо бо ниҳодҳои умури хориҷа, аз ҷумла дар умури афкори умумӣ ва расонаҳо, созмони додани тадобири расонаӣ, диплумосии диҷитолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тавзеҳдиҳии бунгоҳҳои бурунмарзӣ табодули тарҷуба мекунанд.

15
Барчаспҳо:
кишварҳои ҳамсуд, хабаргузорӣ, расонаҳо, ройзанӣ, Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ
Мавзуъ
Анҷумани байналмиллалии расонаҳо дар Маскав оғоз гардид
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон