ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Ирек Зиганшин, роҳбари кумитаи стандарти "Ҳалол" мегӯяд, ваксинаҳои сохти Русияро бояд барои муайян кардани ҳалолӣ аз санҷиш гузаронд, хабар додааст РИА Новости.
"Мо мехоҳем боварӣ ҳосил кунем, ки ваксинаҳо барои одамон, минҷумла пайравони дини Ислом судманд ҳастанд ва ба талаботи ҳалол будан ҷавобгӯ мебошанд", - изҳор доштааст ӯ.
Номбурда таъкид намудаст, ки дар Русия ҳудуди 25 миллион мусалмон ба сар мебарад ва Тотористон яке аз минтақаҳои бузурги мусалмоннишин дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Намояндаи Раёсати мусалмонони Русия қайд кард, ки диндорон дар дигар кишварҳо низ аз рӯи ҳамин принсип амал мекунанд. Ба исрори ӯ дар Индонезия ва Малайзия моҳи январ таҳиягарони ваксина алайҳи коронавирус шаҳодатномаи ҳалол буданро гирифтанд.
Ҳамзамон, ӯ иқрор кард, ки ваксинаҳои Маркази Гамалея ва Маркази "Вектор" шояд аз озмоиши ҳалол нагузаранд.
"Агар, масалан, желатини хук ҳангоми истеҳсол истифода шуда бошад, вале он дар худи ваксинае, ки ба бадани одамон ворид мекунанд, мавҷуд набошад, пас ин низ ҳалолияти онро зери шубҳа мебарад. Зеро ҳар он чизе, ки ба хук марбут аст, истифодаи он қатъиян манъ мебошад", - шарҳ додааст Зиганшин.
Аз "ЭпиВакКорона" чиро интизор шуд: маълумоти дар бораи ваксинаҳои пептидӣ
Рӯҳонӣ ҳамчунин илова намудаст, ки агар дар таркиби ваксина ҷузъҳои барои мусалмонон мамнӯъ мавҷуд бошад, пас шӯрои уламои Раёсати мусалмонони Русия баргузор мешавад. Ва маҳз Шӯро тасмим мегирад, ки оё дар ин ҳолат мусалмонон метавонанд бо ин ваксина эм шаванд ё на.
Ӯ илова кард, ки фатвои содиркардаи онҳо дар тамоми қаламрави Русия эътибор пайдо мекунад.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мусалмонон ҳамакнун имкони зиёрат кардани хонаи Худоро дарёфт карданд, вале ба як шарт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба рӯзномаи "Указ".
Ҳукумати Арабистони Саудӣ ба мусалмононе, ки алайҳи маризии коронавирус эм гирифтаанд, иҷозати ҳаҷ медиҳад.
"Шарти асосии адо намудани ҳаҷ ин эм гирифтан аст", - изҳор намудааст вазири тандурустии ин кишвар Тауфиқ ар Рабия.
Интизор меравад, Ҳаҷи акбар мобайнҳои моҳи июли соли ҷорӣ сурат гирад. Соли гузашта дар робита ба паҳншавии коронавирус танҳо 10 ҳазор нафар имкони адо намудани ҳаҷро ба даст оварданд, ки 30 фисади онҳо шаҳрвандони Саудӣ буда, 70 дарсади дигарро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил доданд.
Қаблан, роҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки ҳоло дақиқан маълум нест, кай зоирони тоҷик имкони зиёрати хонаи Худоро дарёфт мекунанд.
Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон ҳоло дар рӯйхати сабз қарор дорад ва бо беҳ шудани вазъи ҳамагирӣ, зойирони тоҷик имкони адои маросими ҳаҷро пайдо мекунанд.
Қаблан гуфта мешуд, ки аз нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра сафар мекунанд.
Вале, пас аз бурузи навъҳои нави коронавирус, ҳукумати он кишвар тасмим гирифт, муваққатан рафтуомади зоиронро барои адои Ҳаҷ манъ кунад.
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дақиқан маълум нест, ки зойирони тоҷик кай имкони зиёрати хонаи Худоро пайдо мекунанд.
Давлатзода Сулаймон Пирхон дар нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон ҳамоно мунтазири посухи ҷониби Арабистони Саудӣ аст.
Ба таъкиди ӯ, ҳоло Арабистони Саудӣ қатъиян маросими Ҳаҷро лағв накардааст, ва ҳамзамон иҷозати вуруди мусалмононро низ эълон накардааст.
Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ҳоло дар рӯйхати сабз қарор дорад ва бо беҳ шудани вазъи ҳамагирӣ, зойирони тоҷик имкони адои маросими ҳаҷро пайдо мекунанд.
Қаблан гуфта мешуд, ки аз нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра сафар мекунанд.
Вале, пас аз бурузи навъҳои нави коронавирус, ҳукумати он кишвар тасмим гирифт, муваққатан рафтуомади зойиронро барои адои Ҳаҷ манъ кунад.
Сафари Ҳаҷҷи умра аз январи 2021 шурӯъ мешавад
Давлатзода гуфт, ба ҳамин далел давоми ду ҳафта Арабистонги Саудӣ равобити ҳавоиро бо чандин кишварҳо баст.
Гуфта мешавад, Арабистони Саудӣ ҳамакнун натиҷаи эмгузаронӣ аз коронавирусро интизор аст ва ҳамчунин беҳтар шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишварҳои мусалмониро назорат мекунад.
Харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи солҳои пеш 20,5 ҳазор сомонӣ, ё муодили 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ ҳисоб мешуд. Аммо масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, ҳоло сафари ҳаҷҷи навро эълон накардаанд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазорҳо нафар, барои зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст ва рӯзҳои 6 ва 7 март дар саросари кишвар борон ва жола меборад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои атрофи он борон меборад. Вазиши бод амол метавонад дар як сония то 10-15 метр расад.
Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ° C ва рӯзона аз + 14 ° C гарм мешавад.
Ҳамзамон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ жола борида ва шамоли сахт аз имкон дур нест. Бориш метавонад дар шакли барф бошад ва ҳарорат дар кӯҳҳо шабона -2 ... + 3 ° C ва рӯзона 6-11 ° C шавад.
Дар Душанбе дар рӯзи Модарон ҳаво абрӣ хоҳад буд, аммо аксаран офтобӣ ва аз ҳама муҳимаш, бориш намешавад. Ҳарорати рӯзона тақрибан 17 ° C гарм мешавад. Ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд, вале бидуни боришот.
Дар вилояти Суғд, дар Хуҷанд, 7 март борон меборад, дар кӯҳҳо барф меборад, аммо 8 март ҳаво камабри бебориш мешавад.
Дар баъзе ҷойҳо дар шимоли кишвар туман мефарояд, ҳаврорати ҳаво рӯзона 13-15 ° C ва шабона + 3-8 ° C хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ° C сард ва рӯзона то 4 ° C гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои истироҳат баъзан боришот мешавад - борон ва барф меборад. Ҳарорат шабона то -2 ° C, рӯзона тақрибан 6 ° C гарм пешбинӣ шудааст.
Рӯзи душанбе - 8 март дар Хоруғ бориш дар назар нест, рӯзона 4-6 гарм мешавад. Дар Мурғоб шабона то 18-21 ° С сард пешгӯӣ мешавад.
Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар саросари вилояти Хатлон, борони шадид меборад, аммо то + 11-13 ° С гарм ва дар рӯзҳои истироҳат ҳарорат боз 10 дараҷа боло хоҳад рафт.