Родственники провожают паломников в хадж

Мавсими Ҳаҷ - 2021 баргузор мешавад ё на: посухи Кумитаи дин

629
(Таҷдидшуда 13:03 10.02.2021)
Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, масъалаи доир шудани маросими Ҳаҷ - 2021 ба вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои мусалмоннишин бастагӣ дорад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дақиқан маълум нест, ки зойирони тоҷик кай имкони зиёрати хонаи Худоро пайдо мекунанд.

Давлатзода Сулаймон Пирхон дар нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон ҳамоно мунтазири посухи ҷониби Арабистони Саудӣ аст.

Ба таъкиди ӯ, ҳоло Арабистони Саудӣ қатъиян маросими Ҳаҷро лағв накардааст, ва ҳамзамон иҷозати вуруди мусалмононро низ эълон накардааст.

Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ҳоло дар рӯйхати сабз қарор дорад ва бо беҳ шудани вазъи ҳамагирӣ, зойирони тоҷик имкони адои маросими ҳаҷро пайдо мекунанд.

Қаблан гуфта мешуд, ки аз нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра сафар мекунанд.

Вале, пас аз бурузи навъҳои нави коронавирус, ҳукумати он кишвар тасмим гирифт, муваққатан рафтуомади зойиронро барои адои Ҳаҷ манъ кунад.

Сафари Ҳаҷҷи умра аз январи 2021 шурӯъ мешавад

Давлатзода гуфт, ба ҳамин далел давоми ду ҳафта Арабистонги Саудӣ равобити ҳавоиро бо чандин кишварҳо баст.

Гуфта мешавад, Арабистони Саудӣ ҳамакнун натиҷаи эмгузаронӣ аз коронавирусро интизор аст ва ҳамчунин беҳтар шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишварҳои мусалмониро назорат мекунад.

Харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи солҳои пеш 20,5 ҳазор сомонӣ, ё муодили 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ ҳисоб мешуд. Аммо масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, ҳоло сафари ҳаҷҷи навро эълон накардаанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазорҳо нафар, барои зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

629
Барчаспҳо:
Ҳаҷ, Кумитаи дин, танзими анъана ва расму оини ҶТ

Арабистон зоирони эмнашударо роҳ намедиҳад: тақдири ҳоҷиёни тоҷик чӣ мешавад

522
(Таҷдидшуда 17:29 02.03.2021)
Ҳукумати Арабистони Саудӣ барои мусалмононе, ки хоҳиши зиёрати хонаи Худоро доранд, шарти нав гузошт

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мусалмонон ҳамакнун имкони зиёрат кардани хонаи Худоро дарёфт карданд, вале ба як шарт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба рӯзномаи "Указ".

Ҳукумати Арабистони Саудӣ ба мусалмононе, ки алайҳи маризии коронавирус эм гирифтаанд, иҷозати ҳаҷ медиҳад.

"Шарти асосии адо намудани ҳаҷ ин эм гирифтан аст", - изҳор намудааст вазири тандурустии ин кишвар Тауфиқ ар Рабия.

Интизор меравад, Ҳаҷи акбар мобайнҳои моҳи июли соли ҷорӣ сурат гирад. Соли гузашта дар робита ба паҳншавии коронавирус танҳо 10 ҳазор нафар имкони адо намудани ҳаҷро ба даст оварданд, ки 30 фисади онҳо шаҳрвандони Саудӣ буда, 70 дарсади дигарро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил доданд.

Қаблан, роҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки ҳоло дақиқан маълум нест, кай зоирони тоҷик имкони зиёрати хонаи Худоро дарёфт мекунанд.

Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон ҳоло дар рӯйхати сабз қарор дорад ва бо беҳ шудани вазъи ҳамагирӣ, зойирони тоҷик имкони адои маросими ҳаҷро пайдо мекунанд.

Қаблан гуфта мешуд, ки аз нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра сафар мекунанд.

Вале, пас аз бурузи навъҳои нави коронавирус, ҳукумати он кишвар тасмим гирифт, муваққатан рафтуомади зоиронро барои адои Ҳаҷ манъ кунад.

522
Барчаспҳо:
зиёрати Хонаи Худо, Арабистони Саудӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе

Баъди 9 моҳи интизорӣ: намозгузорон ибодаташонро дар масҷидҳо гузоштанд

1170
(Таҷдидшуда 13:38 02.02.2021)
Дар Тоҷикистон пас аз танаффуси тӯлонӣ дари масҷидҳо боз ба рӯи намозгузорон боз шуд. Вале риояи тамоми чораҳои беҳдоштиву санитарӣ, шарти асосии фаъол мондани ибодатгоҳҳо гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Дари масҷидҳо, ки аз моҳи апрели соли гузашта бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус баста шуд, акнун сар аз имрӯз, 1 - уми феврал дубора аз сар гирифта мешавад.

Қарори дубора фаъол шудани масоҷидҳоро Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз маризии коронавирус қабул намуд.

Ситоди мазкур бо эълон намудани санаи бозкушоии дари масҷидҳо ҳушдор дод, ки дар сурати риоя нагардидани шартҳои пешниҳоднамуда, эҳтимол дорад ибодатгоҳҳо боз баста шаванд.

Яке аз шартҳои асосии фаъол мондани масҷидҳо, ин пӯшидани ҳатмии ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин, риоя кардани чораҳои беҳдоштию санитарӣ низ ҷиддан талаб карда мешавад.

Расман: рӯзи бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон эълон шуд

Ёдовар мешавем, Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.

Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо

Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Ҳамакнун, бо гузашти беш аз 9 моҳ намозгузорон имкон пайдо карданд, ки дастаҷамъона ба масҷидҳо рафта, ибодаташонро ба ҷо оранд.

1170
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, намоз, масҷид
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

282
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

282
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон