Президент Таджикистана Эмомали Рахмон дал старт работе текстильному предприятию. Фото: prezident.tj

Президент дар Ёвон корхонаҳои навро ба кор даровард

31
(Таҷдидшуда 16:55 11.02.2016)
Аксари иншоотҳои саноатӣ ва иҷтимоӣ, ки аснои сафари президенти ҶТ ба ноҳияи Ёвон ифтитоҳ шуданд, бо сармоягузории хориҷӣ, асосан мусоидати молии Чин бунёд гардидаанд. Тоҷирони маҳаллӣ низ дар ин кор саҳмгузор мебошанд.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон  ифтитоҳи корхонаҳои сементбарорӣ ва бофандагӣ, бинои беморхонаву мактаб баргузор шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии райисҷумҳур.

12-уми ноябр боздиди кории роҳбари давлат аз Ёвон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни кор ва ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ идома карда, президент дар ҷамоати Даҳана ба сохтмони корхонаи нави семент оғоз бахшид, ки зарфияти тавлидотии  солонаи он 1,2 миллион тонна хоҳад буд.

"Ин корхона дар муддати 1  сол аз ҷониби ширкати муштараки Ҷунг-Сай-Моҳир бо харҷи беш аз 600 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони дохилию хориҷӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 1000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд",- менависад сомонаи президент.

Дар ҳудуди ҳамин корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гачкартонии сохтмонӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион метри мураббаъ ва коргоҳи халтаҳои қоғазӣ бо иқтидори 80 миллион халта дар як сол бунёд хоҳанд ёфт.

Дар ҷамоати деҳоти Чоргул бошад, корхонаи муосири паррандапарварӣ бо иқтидори солонаи 1800 тонна гӯшти мурғ ба кор шуруъ намуд ва давоми сол дар ин ҷо зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор мурғи гӯштӣ омода мешавад.

"Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин корхона ва масъулини соҳа дар марҳилаи аввал бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар марҳилаи дуюм онҳо содироти гӯшти парандаро ба хориҷи кишвар ва ҳам коркарди саноатии онро ба роҳ монданианд. Барои ин ҳаҷми истеҳсоли солонаи гӯшти паррандаро онҳо ба зиёда аз 4000 тонна расонда, ҳамчунин бунёди корхонаи истеҳсоли ҳасиб ва дигар маҳсулоти саноатии ин соҳаро дар назар доранд",-афзуд манбаъ.

Президент аснои сафри кориаш инчунин дар ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнов мактаби нави ҳамагонӣ барои 640 хонанда ва дар маркази ноҳия маҷмааи истеҳсолию хизматрасониро ифтитоҳ кард.

Дар беморхонаи марказӣ, ки дар ҷамоати шаҳраки Ёвон қарор дорад, Эмомалӣ Раҳмон як бинои нави иловагиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

"Ин бинои дуошёна бо таҷҳизоти муосири таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ бо харҷи 14 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Олмон сохта ва таҷҳизонида шудааст",-менависад сомонаи райисҷумҳур.

Тибқи барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ бо ҶФО  ҳамин гуна таваллудхонаҳо бояд дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон бояд сохта шаванд. Бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳои муосир дар бисёр минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст.

 

 

31
Таджикские фрукты и овощи в Декхане

Гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ аз як миллиард доллар гузашт

48
(Таҷдидшуда 15:51 10.08.2020)
Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи якуми соли ҷорӣ, Тоҷикистон танҳо бо се кишвари ИДМ гардиши савдояш афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар нимсолаи аввали соли 2020 беш аз 1,1 миллиард долларро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, савдо бо кишварҳои ИДМ 53,9% гардиши умумии муомилотро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки нишондиҳанда барои нимсолаи аввали соли 2020 баробар дар ҳамин давраи соли 2019 буд.

Ба таъкиди Агентии омор, афзоиши савдо танҳо бо кишварҳои Белорус (56%), Қазоқистон (8,3%) ва Молдова (7,5%) ба қайд гирифта шудааст.

Савдои хориҷӣ дар Суғд : воридот зиёду содирот кам

Бо кишварҳои дигари ИДМ савдо дар нимаи аввали соли 2020 поин рафтааст.

Ёдовар мешавем, ки Русия дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад: аз моҳи январ то май муомилоти мол миёни кишварҳо қариб 421 миллион долларро ташкил додааст.

48
Люди в масках в городе

БОР барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон иловатан 2,5 миллион доллар медиҳад

61
(Таҷдидшуда 11:27 10.08.2020)
Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,5 миллион доллар барои мубориза бо коронавирус гранти иловагӣ хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи ташкилот, тасмими додани бурсия тасдиқ шуда, он  аз фонди Осиёии Уқёнуси Ором оид ба вокуниш ба офатҳои барои дастгирии минбаъдаи вокуниши ҳукумат ба пандемияи коронавирус ҷудо карда мешавад.

"БОР комилан омода аст ба Тоҷикистон дар коҳиш додани таъсири пандемия ба саломатӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат кунад" гуфт Прадеп Сривастава, намояндаи доимии ташкилот дар Тоҷикистон.

“Гранти мазкур ба Тоҷикистон дар хариди лавозимоти тиббии таъҷилӣ барои мубориза бо COVID-19 тибқи нақшаи миллии вокуниш кӯмак хоҳад кард. Мо ҳамкории зичро бо ҳукумат ва дигар шарикони рушд идома хоҳем дод, то барои вокунишҳои ҳамоҳангшуда ва самарабахш кӯмак расонем ” ,- гуфтааст, намояндаи бонк дар Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, гранти нав, аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда, барои беҳтар кардани ташхиси лабораторӣ ва озмоишҳо дар Тоҷикистон истифода мешавад.

Ҳамзамон, он хариди таҷҳизоти тиббӣ ва тадбирҳои дигарро барои кӯмак расонидан ба ҳукумат дар бартараф сохтани камбудиҳои шадид дар вокуниш ба пандемия пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан низ гуфта буданд, ки дар асоси созишномае БОР то охир сол ба кишвар 50 миллион доллар медиҳад.

БОР барои дастгирии муҳоҷирон ва занони Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки маблағи мазкур барои рӯйпӯш намудани хароҷоти давлатӣ ва идоракунии молиявӣ, амалӣ намудани ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ ва табобати пандемияи бемории сироятии COVID — 19 масраф карда мешавад.

Татбиқи созишнома то охири соли молиявии 2020 ба нақша гирифта шудааст.

61
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео

1681
(Таҷдидшуда 20:58 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо собиқ ҳамcараш овозхони шинохта Фаридуни Хуршед ва ишқи наваш гуфт

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи "Пешсаф" дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

"Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меояд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он кӣ ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

Фарзона ба мухлисонаш муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

"Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ бегонатарин инсон барои ту мешавад", - таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ".

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

"Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст", - мегӯяд Фарзона.

Сароянда дар хотимаи барнома ҳамчунин дар бораи ишқи наваш гуфт ва ҳатто акси марди ҳаёташро ба муҷрии барнома нишон дод.

"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфт Фарзона.

1681
Барчаспҳо:
бегона, шавҳар, ҳамсар, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед