Поезд ОАО РЖД. Архивное фото

Ҳаракати қаторҳои Русия ба Тоҷикистон барои як сол қатъ мешавад

12
(Таҷдидшуда 16:49 11.02.2016)
Сабаби ин тасмимро “Роҳи оҳани Русия” дар камдаромад будани хатсайри ҳаракати қаторҳо ба самти Тоҷикистон шарҳ додааст.

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. "Роҳи оҳани Русия" шурӯъ аз 14 декабр ҳаракати қаторҳоро ба самти Тоҷикистон бино ба сабаби иқтисоди муфид набудан мутаваққиф мекунад, менависад "Россия для всех".

Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки қаторҳои Русия намеоянд. Дар мавриди Озарбойҷон, Украина, Қазоқистон низ ҳамин гуна тасмим гирифта шудааст.

Дар иттилои расмии "Ширкати мусофиркашии Федералӣ" омадааст, ки аз 14-уми декабри соли равон ба чандин кишвари ИДМ ҳаракати қаторҳо қатъ карда мешавад.

Қатори мусофиркаши Русия ба қаламрави Украина беш аз шаш моҳ боз қариб холӣ рафтуомад мекунад. Ҳарчанд ду ҷониб талош карданд ҷадвали ҳаракати қаторҳоро ба нафъи ҷонибҳо танзим кунанд, вале натиҷа ҳосил нашуд. 

Ҳамин тариқ, аз 15-уми декабр танҳо шаш қатор аз Русия ба кишварҳои хориҷи наздик ҳаракат хоҳанд кард. Ба Кишинёв (Молдова), ду қатор ба Ӯзбакистон, як қатор ба Абхозистон ва яки дигар ба Брести Белорус.

Масъулини Роҳи оҳани Русия таъкид намудаанд, ки ширкатҳои миллии давлатҳо, аз ҷумла Роҳи оҳани Тоҷикистон метавонад, мувофиқи салоҳдиди худ ҷадвали омадурафти қаторҳояшонро ба Русия роҳандозӣ кунанд ва дар ин самт маҳдудияте нахоҳад буд.

12
Барчаспҳо:
маҳдудият, ҳаракат, манъ, қатор, Ширкати мусофиркашии Федералӣ, Роҳи оҳани Русия, Абхозистон, Беларус, Қазоқистон, Малдова, Тоҷикистон, Русия
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

776
(Таҷдидшуда 10:51 02.06.2020)
Давоми як шабонарӯзи ахир дар бозори расмии асъори Тоҷикистон арзиши рубл нисбат ба пули миллӣ то ду сомонӣ боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 1  июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар арзиши 1 рубли русӣ то 0.1468 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1480 сомонӣ арзиш дорад. Ин нишондод рӯзи гузашта ба 0.1444 то 0.1465 сомонӣ баробар буд.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 долларро дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2707 то 10.2700 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши евроро 11.4107 то 11.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Миёни бонкҳои кишвар нишондоди асъори хориҷа дар “Бонки Эсхата” болотар буда хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1470 то 0.1505 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1480 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1460 то 0,1500сомонӣ нишон дода шудааст.

Болоравии рубл ҳамзамон дар бозори асъори байналмилалӣ дар ҳолест, ки доллар тайи ду моҳи ахир дар ҳоли суқут қарор дорад. Коршиносон низ пешгӯӣ мекунанд, ки дар пайи ҳаводиси ахир дар ИМА ва танишҳояш бо Чин метавонад ба коҳиши доллар сабаб гардад.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

776
Барчаспҳо:
асъор, евро, доллар, сомонӣ, рубл, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Вид на город Хорог, ГБАО.

Ҳисоботи мақомоти ВМКБ аз харҷу дахли хазинаи мубориза бо коронавирус

313
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз дахлу харҷи суратҳисоби бонкие, ки барои мубориза бо сирояти коронавирус ташкил кардаанд, ба аҳолӣ ҳисобот доданд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба гузориши мақомоти ВМКБ, дар суратҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 ба ҳолати 28 майи соли равон 304 ҳазору 121 сомонӣ ва ба таври наќдӣ ба дастгоҳи раиси ВМКБ 36 ҳазору 900 сомонӣ ва 400 доллари амрикоӣ аз ҷониби ашхоси саховатпеша дохил гардидааст.

Ҳамчунин, ба кортҳои бонкие, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд кушода шудаанд, 41 ҳазору 122 сомонӣ бо асъори миллӣ ва 4 ҳазору 48 доллари амрикоӣ ворид шудаст.

Бино ба гузориши манбаъ, сарфи маблағҳои суратҳисоби мазкур таҳти назорати раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қарор дошта, то санаи 28.05.2020 аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда 600 сомонӣ ҷиҳати харидории селофан барои Касалхонаи вилоятӣ, 30 ҳазор сомонӣ чун кумак барои Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ҷудо гардида, ҳамчунин бо мақсади дастрас намудани доруворӣ, сару либоси тиббӣ ва маводи озуқавоӣ барои касалхонаҳои марказии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб 5 ҳазору 470 сомонӣ сарф карда шуд.

Инчунин 11 ҳазору 673 сомонӣ барои харидории ќисмҳои эҳтиётӣ, 14 хазору 969 сомонӣ барои сӯзишворӣ, 3 ҳазору 348 сомонӣ барои хариди равғанҳои молиданӣ, дар маҷмўъ 29 ҳазору 990 сомонӣ барои стансияи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ ва 3 ҳазору 900 сомонӣ ҷиҳати таъмири мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи касалиҳои рўхии вилоятӣ воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.

Инчунин, барои интиқоли рахти хоб ва маводи хўрокворӣ ба беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъа, дастрас намудани либосҳои муҳофизати фардӣ аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Хоруғ, қабул ва гусели масъулону ронандагоне, ки кумакҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру навоҳии вилоят дастрас намуданд, 921 сомонӣ сарф гардидааст.

Барои қабул ва гусели намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ошно шудан бо вазъи беморони вилоят аз шаҳри Душанбе тавассути чархбол ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон сафар намуд 600 сомонӣ, барои эҳтиёҷоти Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҷиҳати табдил додан ба беморхонаи муаваққатӣ 2 ҳазору 310 сомонӣ, хароҷоти нақлиёт барои дастрас намудани маводи доруворӣ аз ноҳияи Мурғоб ба шаҳри Душанбе 7 ҳазор сомонӣ, таҷҳизонидани утоқи табобатӣ дар касалхонаи вилоятӣ 600 сомонӣ ва харидории редуктори кислород барои касалхонаи вилоятӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ афзуда, ки аз ҳисоби ҳамаи маблағҳои воридгардида санаи 28 майи соли ҷорӣ 35 ҳазору 60 сомонӣ барои харидории 50 адад кислород, ки тавассути Хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ дастрас карда мешавад, ҷудо гардидааст.

Ёдгор Файзов аз беморхона мураххас шуду ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

Инчунин, барои пардохти маоши кормандони дастаи иловагии стансияи Ёрии таъҷилӣ 5 ҳазору 739 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи пизишкони ВМКБ - аксҳо

Дар охири гузориш омада, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ҳамаи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки дар чунин лаҳзаҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави КОВИД-19 саҳмгузорӣ намуда истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамояд.

313
Барчаспҳо:
хазина, ҳисобот, ВМКБ, Тоҷикистон
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Вазир дар бораи як моҳи мубориза бо COVID-19 ва омори маргумир : “худро намебахшам”

125
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, вазъи коронавирус дар кишвар таҳти назорат буда, тибқи оморҳо он майли коҳишёбӣ дорад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Номбурда ин нуктаро зимни суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор карда, гуфтааст, бо назардошти корҳои муҳими ташкилию безараргардонӣ барои пешгирии ин беморӣ мо дар маҷмӯъ, тавонистем вазъиятро таҳти назорат дошта бошем. Дар акси ҳол роҳандозии карантин дар кишвар ногузир мешуд.

Ӯ гуфтааст,  агар миқдори зиёдтарини сироят - 210 нафар рӯзи 21 май ба қайд гирифта шуда бошад, аз он рӯз гирифторӣ пайваста кам шуда, то 123 нафар поин омад, ки ин тамоюли умедворкунанда аст. Яъне тамоюли устувор.

Вазири тандурустӣ дар бораи омори маргумир ва табобаи аз ин беморӣ гуфтааст,  дар манзари фоҷиаи дигар кишварҳо, ки даҳҳою садҳо ҳазор шаҳрвандонашон қурбону гирифтори ин вабо мегарданд, рақамҳои мо ба назар намоён нестанд. Тавре шумо дуруст қайд кардед, воқеан ҳам,

“Фавт аз ин маризӣ торафт кам мешавад. Лекин шахсан ман худро намебахшам, ки аз 3930 гирифторшуда мо 47 нафарро наҷот дода натавонистем, ҳарчанд муборизаи шадид барои ҳаёти ҳар як бемор мекунем. Ҳамон вақте ки дар муқобили сатҳи фавт рақами сифр сабт шуд, танҳо ҳамон вақт ман кори худро ҳамчун вазир мусбат ҳисоб мекунам”,-гуфтааст Абдуллозода.

Абдуллозода ҳамчунин дар посух ба танқидҳо ки чаро кишвар қарантина ҷорӣ накард,  гуфтааст: “Тоҷикистон роҳи карантини нармро пеш гирифт. Яъне, маҳдудсозии интихобӣ ва ҳудудӣ. Ва такя ба фарҳангу фаросати халқи шарифи тоҷик. Ҳоло бинед, дар кӯча аксарият ниқоб мепӯшанд, гаштугузор дар кӯчаҳо хеле кам шудааст. Дастшӯӣ бо собун ё антисептик барои хурду бузург кори муқаррарӣ шуд. Ана ҳамин аз эҳтиёт кор гирифтани мардум беҳтарин ёрӣ ба табибон аст. Чунки шумораи сироят зиёд намешавад”.

Номбурда ҳамчунин гуфтааст, имрӯз барои табобати гирифторони ин беморӣ ҳама шароитҳо мавҷуданд ва дорувориҳо низ ҳаст,  ки новобаста аз минтақа дар пайи дархости беморхонаҳо дастрас мегардад.

Ба таъкиди вазири тандурустӣ,  пандемия нишон дод, ки ҳеҷ набошад, дар марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳои калонтарин ташхисгоҳҳо дошта бошем, то дар мавриди зарурат, ки ҳисоб метавонад ба соату дақиқа равад, имконияти  гузарондани тестҳои на танҳо фаврӣ, балки оммавӣ дошта бошем.

“Яке аз муҳимтарин вазифае, ки назди вазорат истодааст, ҳалли ҳамин масъала аст”,-гуфтааст ӯ.
125
Барчаспҳо:
Ҷамолиддин Абдуллоев, табобат, омор, марг, вирус, Вазорати тандурустии ҶТ, Тоҷикистон