Мобильные телефоны

Андози аксизии хадамоти мобилӣ ба 5% хоҳад расид

11
(Таҷдидшуда 11:52 25.12.2014)
Бино ба тарҳи наве, ки Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонд, андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ, ки ҳоло 3 дарсад ба 5% хоҳад расид.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Арзиши андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ сар аз соли нав аз 3 дарсад ба 5 дарсад хоҳад расид, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ин тағйирот аз тарҳи ислоҳоту дигаргуниҳои Кодекси андоз ба вуҷуд омадааст, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расонданд. Ҳамзамон иҷораи таҷҳизоту моликияти ин хадамот дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб низ боло хоҳад рафт.

Тарҳи тағйироту иловаҳоро Вазорати молияи Тоҷикистон пешниҳод ва муаррафӣ кард. Дар бастаи пешниҳодоти вазорат ҳамчунин афзоиш ва коҳиши ҳаҷми андоз аз анвои муайяни фаъолиятҳои иқтисодӣ ва молиявӣ шомил аст.

Муовини вазири молияи Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нурализода ҳангоми шарҳи ин бастаи тағйирҳо гуфт, дигаргуниҳо ба ҳамаи низоми андозситонӣ дар кишвар рабт хоҳанд гирифт. Чунончӣ аз даромадҳои Бонки Миллии Тоҷикистон, фурӯши саҳмияҳо ва моликият ва ҳамчунин шеваи бозгардондани сармояҳо аз минтақаҳои оффшорӣ.

Раиси анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон Ғафурҷон Иркаев ба Озодӣ гуфтааст, ин иқдом равобити бе ин ҳам мушкили ширкатҳои мазкурро бо Кумитаи андоз печидатар хоҳад кард. Таври маълум, ин ширкатҳо дар чанд соли охир бар сари ҳаҷми андозҳо бо кумита баҳс доранд ва дар чандин маврид ин баҳс ба додгоҳ низ кашонда шудааст.

"Ҳадди ақал ин иқдом ба таназзули соҳаи алоқаи мобилӣ сабаб хоҳад шуд. Чунки дигар ширкатҳои мобилӣ қудрати харидории технологияҳои нав ва рушди алоқаи мобилиро нахоҳанд дошт. Ҳол он ки технологияҳои мобилӣ ҳар рӯз нав мешаванд", — афзудааст Иркаев.

Андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ, ки дар соли 2011 ва 2013 тағйир дода шуд, сабаби асосии кашокаш байни ширкатҳо ва Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон аст. Ҳама гуна тағйир дар андозбандии ширкатҳои мобилӣ ба нархи хидмати онҳо таъсир гузоштааст ва онҳо ҳамеша хостаанд, харҷҳои иловагии худро аз муштариён ситонанд. Эҳтимол меравад 2 дарсад бештар шудани андози аксизӣ низ ба ҷайби муштариён зарба занад.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои хадамоти мобилӣ аз бузургтарин андоздиҳандагони иқтисоди Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар соли 2013 аҳолии Тоҷикистон ба маблағи наздик ба 2 миллиард доллар аз хадамоти онҳо истифода кардааст.

11
Барчаспҳо:
5, гаронӣ, аксиз, андоз, ширкатҳои мобилӣ, парлумон, Ғафурҷон Иркаев, Ҷамолиддин Нурализода, Душанбе, Тоҷикистон