В.Путин встретился с А.Атамбаевым

Миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду пул бунёд мешавад

6
(Таҷдидшуда 09:10 05.01.2015)
Алмазбек Отамбоев созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сохтмони ду пули мошингузар ва қитъаи роҳро ба тасвиб расонд.

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 31 декабр Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони ду пули мошингузар ва қитъаи роҳи Қулунду- Мақсад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба тасвиб расонд, иттилоъ медиҳад ca-news.

Ин Созишнома ҳанӯз 31 марти соли 2014 аз ҷониби Душанбе имзо шуда буд. Қонуни мазкур дар ин бора 4 декабр аз ҷониби Жогорку Кенеш (Маҷлиси Қирғизистон) ба тасвиб расид.

Ба иттилои манбаъ, Отамбоев аз вазорати умури хориҷии кишвараш хостааст, ки мақомоти тоҷикиро дар робита ба қувваи амал даромадани ин санад ба ҷараён гузоранд.

Бар асоси ин созишномаи байниҳукуматӣ, дар роҳи мошингарди самти Исфара-Бодканд, ки деҳаи Хоҷаи Аълоро бо Кӯктош-Оқсой мепайвандад, сохтмони пул идома дорад ва як пули дигар дар мавзеъи Овчӣ қалъачӣ ва Мақсад Интернатсионал дар ҳоли анҷомёбист. Созишномаи мазкур дар мавриди сохтони ду пули мошингузар рӯзи 31 марти соли гузашта дар шаҳри Душанбе миёни вазирони нақлиёти ҳар ду кишвар ба имзо расида буд.

Бояд гуфт, аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин кашмакаш кардаанд.  

6
Барчаспҳо:
миёни Тоҷикистону Қирғизистон, пул бунёд мешавад, президенти Қирғизистон, Алмазбек Атамбоев, Бодканд, Исфара, Хоҷаи Аъло, Оқсой, Тоҷикистон, Қирғизистон