Добыча золота. Архивное фото

Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст

64
(Таҷдидшуда 09:20 06.01.2015)
Ҳукумати Тоҷикистон натиҷаи хуби кори ширкати ТВЕА-ро ба назар гирифта, конҳои Қумари боло ва Дуобаи ноҳияи Айниро ба ихтиёри ин ширкати чинӣ гузоштааст.

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар ивази бунёди Маркази гарму барқдиҳии 2-юми Душанбе ба Чин ду кони тилло додааст, хабар медиҳад оҷонсии Озодагон аз қавли сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода.

Ҷумъазода зимни нишасти матбуотӣ 6-уми январ гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон натиҷаи хуби кори ширкати ТВЕА-ро ба назар гирифта, конҳои Қумари боло ва Дуобаи ноҳияи Айниро ба ихтиёри ин ширкати чинӣ гузоштааст.

"То ҳол ширкати ТВЕА дар қисмати Дуоба захираи 24 тонна тиллоро муайян кардааст ва дар минтақаи Қумари боло омӯзишҳо идома доранд", — мегӯяд Ҷумъазода.

Ширкати ТВЕА-и Чин, ки дар гузашта буёнди хатти интиқоли барқи "Ҷануб-Шимол"-ро ба уҳда дошт, феълан сохтмони Маркази барқу гармидиҳии дуюми Душанберо идома медиҳад. Марҳилаи аввали Маркази гарму барқдиҳии дуюми Душанбе, ки арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад, расо як сол пеш, 10-уми январи соли 2014 аз ҷониби ширкати «ТВЕА» ба анҷом расид.

64
Барчаспҳо:
коркард, кони тилло, Дуоба, Қумари боло, ТВЕА, Мурод Ҷумъазода, Айнӣ, Чин, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тақвияти сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон