ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Аз ҳисоби сайёҳон ба Тоҷикистон дар соли 2014 106 миллион доллар ворид шудааст, бо такя ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон менависад оҷонсии "Озодагон".
Ба иттилои Кумита, дар соли 2014 ба Тоҷикистон 213 ҳазору 265 сайёҳи хориҷӣ ворид шудаанд, ки ин нишондод дар соли 2013 ба 207 ҳазору 911 нафар баробар будааст.
Бештари сайёҳони хориҷӣ ба минтақаи Бадахшон, Зарафшон, Ҳисор ва Варзоби Тоҷикистон таваҷҷуҳ мекунанд ва бештари сайёҳон аз кишварҳо Чин, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Туркия ворид шудаанд.
Кумитаи сайёҳӣ таъкид кардааст, ки соли 2015 дар Тоҷикистон соли сайёҳии дохилӣ эълон шуда, барои бори аввал дар Душанбе гузарондани конфронси байналмилалии рушди сайёҳӣ дар назар аст.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, Кумитаи тадорукоти озмуни вилоятии "Ободгари Ватан" дар семоҳаи чоруми соли гузашта 14 соҳибкорро ғолиб донист.
Соҳибкорони пирӯз дар чароғонкунӣ, сохтмони беморхона, роҳҳо, мактаб, майдончаҳои варзишӣ, бунёди биноҳои истиқоматӣ ва ғайра саҳм гузоштаанд.
Ҳукумати Хатлон таъкид намудааст, ки озмуни мазкур бо мақсади иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мегардад.
Манбаъ таъкид кардааст, ҳар семоҳа ба соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд, тақдим мегардад.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бонки марказии Ӯзбекистон дар гузорише аз афзоиши даромади ин кишвар аз ирсоли маблағҳои коргарони муҳоҷир хабар дод, гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс.
Бонки марказии Ӯзбекистон таъкид кардааст, ки бо вуҷуди пандемия даромади гирифта аз муҳоҷирони кишвар афзоишро нишон додааст.
“Бо вуҷуди густариши корона дар кишварҳои мухталиф дар соли 2020 коргарони муҳоҷири ӯзбек 6 миллиарду 30 миллион доллар ба дохили кишвар мунтақил кардаанд”, - навиштааст манбаъ.
Бонки марказии Ӯзбекистон пешбинӣ кардааст имсол ҳам раванди интиқоли пули коргарони муҳоҷири ин кишвар рӯ ба афзоиш хоҳад буд.
Ҳақиқати нави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: оё Ӯзбекистон Тоҷикистонро аз пасаш меорад?
Ӯзбекистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирони корияш дар Русия яке аз ҷойҳои аввалро мегирад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, ки интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз Русия ба ватан коҳиш ёфтааст.
Соли 1862 Адам Опел дар шаҳри Рюсселхайми Олмон корхонаи истеҳсоли мошинаҳои дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд. Соли 1886 ширкати "Опел" истеҳсоли дучарха ва соли 1899 истеҳсоли мошинро сар кард ва ҳоло яке аз ширкатҳои машҳуртарин дар ҷаҳон мебошад.
Соли 1932 дар Остона аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати Қазоқистон" («Казахстанская правда») нашр шуд.
Соли 1954 дар ҷаҳон нахустин маротиба бомбаи атомии зери обӣ сар дода шуд.
Соли 2011 дар Остона, дар Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ректорони консерваторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Соли 2014 дар пойтахти Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шӯрои расмии кишварҳои иштирокчии СҲШ- Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.
Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки дастаҳои футболи Испания — "Реал" ва "Барселона", инчунин "Манчестер Юнайтед"-и Англия дар соли 2015 беш аз 500 миллион евро ба даст овардаанд.
Соли 2000 нахустин шумораи ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аз чоп баромад.
Соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои хатмкунандагони донишгоҳҳо аз 18 ба 12 моҳ поин оварда шуд.
Соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2014 сарвазир Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шинос шуд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла, кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуд.
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
Анвар Абдурасулов (1947)- физикдон, профессор.
Аҷамӣ Муҳаммадалӣ (1954) – шоир.
Бандишоева Савсан (1922 – 2003) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Гулов Тағоймурод (1945) – доктори илми кишоварзӣ.
Ғаниев Комилҷон (1950) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Кандинов Лев (1932) – нависанда.
Каримова Аза (1925 – 2000) – доктори илми филологӣ.
Қаландарбеков Имомёрбек (1955)- доктори илми техникӣ, профессор.
Мастонгулов Мирзо (1939-2008)- доктори илми иқтисод, аввалин лётчики касбии тоҷик.
Маҳкамов Файз (1941) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Мирзоев Кароматулло (1941) – Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
Мусулмонкулов Раҳим (1938) – доктори илми филологӣ, профессор.
Собиров Султон ( 1933 – 1998) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.