Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии Азот. Акс аз бойгонӣ

Чин мехоҳад “Тоҷиказот”-ро гардон кунад

13
(Таҷдидшуда 16:43 22.01.2015)
То кунун ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба пешниҳоди Чин дар мавриди “Тоҷиказот” посух нагуфтааст, вале ба қавли вазир, ин корхона ба наздикӣ фаъол хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Чин барои фаъол кардани корхонаи "Тоҷиказот" пешниҳоди худро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Дар ин бора вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарие 22 январ дар Душанбе изҳор доштааст.

"Феълан "Тоҷиказот" бо тамоми технологияи муосир таъмин аст. Аммо ба далели набудани ашёи хом кор намекунад", — афзудааст Бобозода.

Дар идома вазир гуфтааст, то кунун ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба пешниҳоди Чин дар мавриди "Тоҷиказот" посух нагуфтааст, вале ба қавли вай, ин корхона ба наздикӣ фаъол хоҳад шуд.

Бобозода илова кардааст, ки дар баробари чиниҳо, шаш ширкати хориҷии дигар ба "Тоҷиказот" таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, ки пешниҳоди ҳамаашон феълан мавриди омӯзиш қарор дорад.

Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон тобистони соли 2014, корхонаи «Тоҷиказот»-ро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ — соҳибкори украинӣ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба соҳибкори тоҷик Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда, Зайд Саидов тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат мусодира намуд. "Тоҷиказот" тайи солҳои охир ба далели қатъи интиқоли газ аз Ӯзбакистон ба мушкил рӯбарӯ шуда, аз фаъолият бозмондааст.

13
Барчаспҳо:
истеҳсолот, фаъол кардан, корхона, Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ, Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, "Тоҷиказот", Шавкат Бобозода, Хайрулло Саидов, Зайд Саидов, Дмитрий Фирташ, Чин, Тоҷикистон, Хатлон
Мавзуъ
Тақвияти сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон
Чин барои иҷрои тарҳҳо дар Тоҷикистон $500 миллион иттихоз мекунад
Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан 72 миллион қарз медиҳад
Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст