Сабзавот ва меваи Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупо роҳ меёбанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкБозор дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бозор дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Феҳрасти маводди содиротии Тоҷикистон, ки феълан маъмулан аз пахта ва алюминий иборат аст, дар зудтарин фурсат аз маводди ғизоӣ низ иборат хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тими иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон умури пайвастшавӣ ба низоми тиҷоратии аврупоии Generalised scheme of preferences (GSP+) — ро оғоз кардааст, омадааст дар баёнияи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон.

Ин низом имкон медиҳад, ки Тоҷикистон бо мизони имтиёздор ва ё бидуни молиёт маводи худро ба кишварҳои аврупоӣ содир кунад.

"Ба ин тартиб, бо роҳандозии ин низом наҳваи содироти колоҳои Тоҷикистон ба Аврупо, аз ҷумла меваву сабзавот содда карда мешавад. Ин амр имкон медиҳад бозори мунназами фурӯши маводди кишоварзии Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ пайдо шавад", — зикр мекунанд дар вазоратхона.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, барои ворид кардан ва мутобиқ шудан ба низоми GSP+ Тоҷикистон бояд бархе аз тағйирот дар қавонини худро ворид карда, асноди заруриро тасвиб кунад.

Ба ғайр аз ин, ин низом иҷрои муқаррароти байналмиллалӣ дар умури тиҷоратро мехоҳад, зеро GSP+ меъёрҳоеро пешниҳод мекунад, ки кишварҳои дар ҳоли рушде, ки ба бозорҳои Аврупо коло ворид мекунанд, ба онҳо ҷавобгӯ бошанд.

Феълан, содироти колоҳои Тоҷикистон ба бозорҳои аврупоӣ андак аст ва тибқи натоиҷи соли 2014 муодили $300 миллион буд. Шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон дар Аврупо Швейтсария аст, ки ба ин кишвар 30% ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон ба Аврупо анҷом шудааст. Ба ин кишвар асосан пахта ва алюминий содир мешавад.

Лентаи хабарҳо
0