БАБТ ба “Финка Тоҷикистон” $4 миллион қарз дод

© SputnikНишони "Финка Тоҷикистон". Акс аз бойгонӣ
Нишони Финка Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки аврупоии бозсозӣ ва таҷдид (БАБТ) барои ширкати қарзӣ эътибори бузурги арзӣ барои сармоягузории тоҷирони тоҷик ироа кард ва ҳамакнун онҳо имкон доранд қарзҳои кӯтоҳмуддатро бо сомонӣ дарёфт кунанд.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. БАБТ барои тавсеаи фаъолияти ширкати қарзии "Финка Тоҷикистон" эътибори арзии 4 миллион долларӣ барои иҷрои тарҳи сармоягузории тиҷорати кӯчак ва махсусан кӯчак дар манотиқи Тоҷикистон ироа кардааст, омадааст дар баёнияи БАБТ.

Эътибори қарзӣ ба маблағи 4 миллион доллар аз сӯйи ширкати "Финка Тоҷикистон" барои тавсеъаи сармоягузории кӯчак ва махсусан кӯчак дар манотиқе, ки бо фаъолияти бонкӣ ба сурати зарурӣ фаро гирифта нашудаанд, истифода мешавад.

"Ин амр имкон медиҳад, ки қарзгирандагоне, ки суди худро бо сомонӣ ба даст меоранд, бо пули миллӣ қарз гирифта ва ба ин тартиб аз хатароти қурбии асъор эмин шуда бошанд", — зикр кардааст раҳбари намояндагии БАБТ дар Душанбе Ричард Ҷонс.

Таъкид мешавад, ки ин сармоягузорӣ барои "Финка дар Тоҷикистон" дуввумин қарзест, ки дар чорчӯби низоми наҳва барои сармоягузории муассисоти ғайрибонкии қарздиҳии кӯчак дар кишварҳои дар ҳоли нахусти гузариш ироа мешавад.

Ин маболиғ барои сармоягузории баъдии қарзгирандагон дар Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ироа мешаванд. Фаъолияти ин низомро наҳваи ҳамкории фаннӣ, ки он аз сӯйи сандуқҳои дигар сармоягузорӣ мешавад, пурра мекунад.

"Финка Тоҷикистон", ки соли 2003 таъсис шудааст, тавассути 36 бахшу намояндагӣ дар қисмати марказӣ, шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистон ба қарзгирандагони кӯчак хидмат мекунад ва мизони муттавасти қарзҳояш ҳудуди 1100 доллари ИМА аст.

БАБТ бо "Финка" дар Тоҷикистон аз соли 2012 ҳамкорӣ карда дар маҷмӯъ барои қарздиҳии баъдӣ барои ширкатҳои кӯчаки маҳаллӣ ба ин ширкат 7 миллион доллар қарз додааст.

Ин бонк ҳамчунин бо "Финка" дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Қавқоз, дар Ӯрдун, Косово ва Русия ҳамкорӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0