Доллар

Сармоягузории БАБТ ба иқтисоди Тоҷикистон 4,5 маротиба афзоиш ёфтааст

13
(Таҷдидшуда 11:09 10.02.2015)
Коршиносони Бонки Аврупоии бозсозӣ ва таҷдид дурнамои худро ба рушди иқтисоди Тоҷикистон бо дарназардошти коҳиши қимати нафт ва пойин рафтани қурби пули миллӣ дар қиболи доллар ва рубл ироа карданд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Афзоиши сареъи мизони сармоягузории Бонки Аврупоии бозсозӣ ва таҷдид (БАБТ) дар Тоҷикистон, ки соли 2014 62 миллион евро буд ва ин рақам дар муқоиса бо соли 2013 4,5 маротиба бештар аст, омадааст дар баёняии БАБТ дар Тоҷикистон.

Дар Душанбе 9 феврал ҳамзамон ду гузориши намояндагии БАБТ дар Тоҷикистон ироа шуд.

Тибқи гузориши маъмулии БАБТ "Дурнамои иқтисодии минтақавӣ", ки аз бозрасӣ ва дурнамои вазъи иқтисодии БАБТ иборат аст, коҳиши дубаробари қимати нафт аз авосити соли 2014 ва пойин рафтани арзиши маводҳои дигар барои минтақа ҳам хубу ҳам буд ва дар маҷмӯъ мизони рушди иқтисодиро пойин бурданд.

Тибқи дурнамои БАБТ, дар соли 2015 тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон дар пайи коҳиши мизони маболиғи интиқолшудаи муҳоҷирон аз Русия ва пойин рафтани мизони содирот ба Русия 4,4% (дар соли 2014 6,7%) рушд хоҳад кард.

"Ҳамчунин интизор меравад, ки бӯҳрони қурби рубл ва таназзули рушди иқтисодии Русия ба қурби сомонӣ асароти манфӣ хоҳад гузошт", — мутмаъинанд коршиносони БАБТ.

Барои муқобала ба омилҳои печидаи беруна бонк ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳад, ки "шароити ҷадидро бипазирад" ва ислоҳотро идома дода, шароити тиҷорат ва ҷалби сармоягузории хориҷиро таҷдид кунад ва ҳамгироии байналмиллалӣ ва равобиту зербаноҳоро тақвият диҳад.

Ба ғайр аз ин гузориши ҳамасолаи "Раванди гузариш", ки аз сӯйи иқтисоддони аслии БАБТ дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ Агрис Прейманис ва раҳбари намояндагии доимӣ дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс таҳия шудаанд, муаррифӣ шуд.

Дар баёния зикр мешавад, ки бахши иқтисодии БАБТ ҳамасола гузорише таҳия мекунад, ки дар он раванди гузариш аз низоми фармоишӣ ба низоми тиҷорати бозорӣ дар кишварҳое, ки бонк дар онҳо сармоягузорӣ мекунад, баррасӣ мешавад.

Дар "Гузориши раванди гузариш" дар соли 2014 раванди таҳия ва иҷрои навоварӣ дар сатҳи ширкатҳо дар минтақа ва ҳамчунин нақши онҳо дар боло бурдани судмандии нерӯи кор, тавсеъаи рушд ва равандҳои гузариш таҳлил шудаанд.

Масъалаи навовариҳо дар гузориш дар маҷмӯъ бо такя ба мизони корхонаҳои ҷудогона — ҳам он ширкатҳое, ки навовариҳои кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаро нусхабардорӣ мекунанд ва ҳам он ширкатҳое, ки мустақилона колоҳо ва технологияҳоро тавлид мекунанд, баррасӣ шудааст.

Нуқтаи аслӣ ва натоиҷи гузориш ба он марбут аст, ки новобаста аз сатҳи рушди иқтисодӣ и анҷоми раванди гузариш дар ин ё он кишвар, тасмимоти ширкатҳо дар самаранокии фаъъолияти онҳо ва афзоиши судмандии нерӯи кор таъсири амиқ мегузорад.

"Давлат метавонад барои кушоиши захойир иқдомоти зиёде анҷом бидиҳад, вале барои мушшахас кардани иқдомоти вижа барои кишвар вай муваззаф аст бо бахши хусусӣ ҳамкории густурда дошта бошад", — таъкид кардаанд муаллифони гузориш.

Имконоти Тоҷикистон барои навоварӣ 3,8 хол унвон шудааст, мизони баландтарин аз Швейтсария — 5,8 хол ва нишони бадтарин аз Қирғизистон — 3,3 хол аст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки дар Тоҷикистон мизони пасти махориҷи давлат ва сармоягузории ширкатҳо ба муъассисоти илмиву фановарӣ ва навоварӣ мушоҳида мешавад. Ин кишвар дар феҳрасти кишварҳое қарор дорад, ки худ навооварӣ тавлид намекунанду онро харидорӣ мекунанд.

"Навоварӣ — нерӯи муҳаррики беҳбуди самаранокии корхонаҳо ва судоварии нерӯи кор мебошад. Дар Тоҷикистон судмандии ширкатҳо ба ҳисоби миёна пойинтар аз кишварҳои пешрафта дар арсаи навоварӣ аст", — зикр мешавад дар гузориш.

13
Барчаспҳо:
таназзули иқтисоди Русия, рушди иқтисод, тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ, ироъаи гузоришҳои тозаи БАБТ, БАБТ, Агрис Прейманис, Ричард Ҷонс, Тоҷикистон
Мавзуъ
БАБТ ба “Финка Тоҷикистон” $4 миллион қарз дод