Васоили кишоварзӣ

Имон Интернешнл барои сармоягузори кишоварзон $16,5 млн қарз гирифт

41
(Таҷдидшуда 16:45 11.02.2016)
Сармоягузории IFC ва шариконаш ба “Имон Интернешнл” бо пули миллӣ сурат мегирад ва ба ин тартиб созмони қарздиҳии кӯчак аз хатароти қурби асъор мехоҳад ҳифз шавад.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Созмони қарздиҳии кӯчаки "Имон Интернешнл" бо пули сомонӣ қарз мегирад, ки муъодили $16,5 млн аст ва барои қарздиҳӣ дар манотиқи дуруфтода ва рустоии кишвар истифода мешавад, омадааст дар баёнияи Созмони байналмиллалии молӣ (IFC).

Аз ин миқдор маблағ 5 миллион аз ҳазинаи худи IFC, ки шомили гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аст, ҷудо шуда, маблағи боқимонда аз PROPARCO, ширкати марбут ба Ожонсии рушди Фаронса ва Сандуқи ОПЕК барои рушди байналмиллалӣ (барои ин ниҳод ин нахустин сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ аст) ихтисос шудаанд.

"Дар Тоҷикистон IFC бо истифода аз қарордод бо Бонки миллии Тоҷикистон қарзҳоро бо пули миллӣ медиҳад. Дар чорчӯби ин қарордод, қарзҳои IFC ва PROPARCO аз роҳи ҳифзи онҳо ба сурати қурббандӣ аз доллари ИМА ба сомонӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар сурати қарздиҳӣ бо пули миллӣ, ки дар бозори дохилӣ аҳён мушоҳида мешавад, ИМОН Интернешнл худро аз хатароти қурбӣ ҳифз мекунад", — омадааст дар баёния.

Аз соли 2008 бад ин сӯ IFC Имон Интернешнлро ба маблағи умумии $12,5 миллион барои афзоиши қарздиҳии тиҷорати кӯчак сармоягузорӣ кардааст. Ин сармоягузориҳо хадамоти машваратӣ барои таҳияи феҳрасти тавлидот, муъассир сохтани наҳваи танзими хатарот ва гузариш ба муъассисаи қарздиҳиро ба дунбол дошт.

41
Барчаспҳо:
сармоягузорӣ, ИМОН Интернешнл, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сармоягузорӣ ба арсаи нақлиёт дар соли гузашта $600 миллион буд
БАБТ ба “Финка Тоҷикистон” $4 миллион қарз дод