Халтаҳои орд. Акс аз бойгонӣ

СММ барои Тоҷикистон аз Қазоқистон орд мехарад

5
Орди қазоқӣ ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона, ки созмонҳои байналмилалӣ барои кишвари мо мерасонанд, ворид хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ширкати қазоқии "Консерни Тсесна-Астик" бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ шартнома ба имзо расониданд ва тибқи он ба Тоҷикистон аз ин кишвар бо маблағи умумии $143,5 тыс. (27 млн. танга) орд ворид мегардад, менависад сойти  "KAZNEX INVEST".

Ин тарҳ дар чорчӯби ироаи кӯмакҳои башардӯстона тариқи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Созмонҳои байналмиллалӣ (БҶО СММ, ЮНИСЕФ, РКО СММ оид ба паноҳандагон, Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ғ.) ҳамасола намудҳои гуногуни кӯмакҳои башардӯстонаро барои Тоҷикистон омода ва ирсол менамоянд: шурӯъ аз маҳсулоти ғизо то мошинолоту фанноварии ҷадид.

Ҳаҷми кӯмакҳои ироашуда ба Тоҷикистон тайи як моҳи гузашта (январи соли 2015- шарҳи идора) аз 535 тонна ҳам гузашт, иттилоъ медиҳад Оҷонсии омори назди президенти ҶТ.

Ҷумҳури тӯли моҳи январ аз 14 кишвари хориҷӣ дар ҳаҷми 4,8 миллион доллари ИМА кӯмак гирифтааст. Ба ёрии башардӯстона маҳсулоти хӯрокворӣ, таҷҳизоти тиббиву доруворӣ ва дигар намудҳои он шомиланд.

Миёни кишварҳои донор- кӯмаккунанда ИМА бо 53,6%, Словения- 24,1%,  Дания — 6,9%, Нидерландия — 5,3%, Чин — 2,3%,  Австрия- 2,2%, Корея — 1,7% ва АМА- 1,3% мавқеъ доранд.

5
Барчаспҳо:
орд, кӯмаки башардӯстона, орд мехаранд барои Тоҷикистон, Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ЮНИСЕФ, Барномаи озуқаи СММ, СММ, Словения, Чин, Австрия, ИМА, Қазоқистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Швейтсария бузургтарин харидори нахи пахта ва алюминийи тоҷик шуд