Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

БМТ: мо барои мудохила аз захойири тиллову асъор истифода намекунем

14
(Таҷдидшуда 15:50 19.03.2015)
Масрафи миллионҳо доллар барои таҳоҷуми арзӣ, ки аз сӯйи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад, метавонанд мизони захойири тилло ва арзи кишварро коҳиш дода Тоҷикистонро аз лиҳози иқтисодӣ осебпазир созанд, аммо БМТ иддаъо дорад, ки қурбро на аз ин наҳва танзим мекунад.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Захойири байналмиллалии Тоҷикистон барои танзими қурб дар кишвар истифода намешаванд ва ин амр аз ҳисоби амалиёти бонкӣ ва суди аз он ба даст омада сурат мегирад, омадааст дар хабари сомонаи БМТ.

Таҳоҷуми арзӣ, ки аз сӯйи БМТ барои танзими қурби асъор сурат мегиранд барои иқтисоди кишвар муъассир ҳастанд, зикр карданд дар ин ниҳод.

"Барои дарозмуддат агар мизони феълии захойир ва фишорҳои беруна ба қурб вуҷуд дошта бошад, ин амр ба бозор арз паёмадҳои манфӣ дар пай хоҳад дошт. Вале мо ором нанишастаем ва иқдомоти аз мо вобастаро дар бозори арз анҷом медиҳем ва мутмаъинем, ки чунин вазъ таъсири муввақатӣ дорад", — мутмаъинанд дар БМТ.

Тибқи иттилоъи БМТ дар авохири моҳи феврали соли 2015 захойири кишвар чунинанд: захойири умумӣ 2 миллиарду 886,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла захойири тилло 2 миллиарду 20 миллион, арзҳои дигар 868,6 миллион.

Натоиҷи соли 2014 нишон доданд, ки суди ин захойир тибқи талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ ва нишондодҳои судоварӣ ва амнияти нигаҳдории захойир аз 0,1% то 0,8% солона мебошад.

Дар Бонки миллӣ тавзеъ доданд, ки соли 2014 низоми омори захойири тилло ва арз ба наҳваи Вижа тавзеъи омор (Special Data Dissemination Standards) гузаштааст. Ин наҳва, ки аз сӯйи СБП таҳия шудааст дар муқоъиса бо наҳваи қаблӣ аз ҳам ҷудо кардани захойири тилло ва арзро дар назар дорад.

"Ин дар ҳолест, ки миқдоре аз тиллое, ки дар бозори дохилӣ харидорӣ мешавад, ба ташхис ниёз дошта пулӣ ҳисобида намешавад", — тавзеъ доданд дар БМТ.

"Алорағми навиштаҳои бархе аз расонаҳо, захойири тилло ва арзи кишвар коҳиш наёфта дороиҳои хориҷӣ унвон шудаанд", — зикр карданд дар бонк.

Дар нишасти матбуъотӣ раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов хабар дода буд, ки Тоҷикистон дар соли 2014 захираи тилло ва арзи худро 12% афзоиш додааст.

Тоҷикистон беш аз 11 тонна тиллоро захира карда ва дар соли 2014 ин мизон бо 1,5 тонна тиллои тавлиди кишвар афзоиш ёфтааст.

14
Барчаспҳо:
асъори миллӣ, пули сомонӣ, мудохилаи бозори арз, захойири тилло ва арзи Тоҷикистон, БМТ, Абдуҷаббор Ширинов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ идома дорад
"Ҷаҳиш"-и бесобиқаи қурби доллар дар Тоҷикистон