Идораи гумруки Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Воридот ба будҷа аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 24% коҳиш ёфт

19
(Таҷдидшуда 15:34 16.04.2015)
Маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон ба Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Эрон, Русия, Афғонистон ва Чин умдатан алюминий, нахи пахта ва ҳамчунин мева ва сабзавот мебошанд.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ба будҷаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 720,7 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки 24,1% камтар аз дурнамо мебошад, хабар медиҳад Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Ҷамъоварии аворизи (пардохтҳои) гумрукӣ (бо дарназардошти куллияи даромадҳо) тибқи қонуни кишвар дар бораи будҷаи соли 2015 дар ин муддат 950 миллион сомонӣ (1$=6.05 сомонӣ) муқаррар шуда буд. Ба ин тартиб, ба будҷа 230 миллион сомонӣ ворид нашудааст.

"Дар семоҳаи аввал ба кишвар умдатан маводди сӯхтӣ ворид мешуд (14,6% аз ҳаҷми умумии воридот ба маблағи $109,5 миллион), гандум (6,6% ба $49,8 млн), гази моеъ (5,2% ба $39,1 млн), мошинҳои сабукрав (3,7% ба $27,9 млн), хокаи алюминий (2,7% ба $20,5 млн), равғани растанӣ (2,2% ба $16,6 млн), қанд (2,1% ба $16 млн), орд (1,8% ба $13,5 млн), семент (0,6% ба $4,8 млн) ва доруҳои минералӣ (0,5% ба $3,8 млн)", — омадааст дар хабари Идора.

Ба ин тартиб Тоҷикистон умдатан аз кишварҳое назири Русия, Қазоқистон, Чин, Швейтсария, Эрон, Туркия, Литва, Афғонистон ва ИМА маҳсулот ворид мекунад.

Аз моҳи январ то моҳи март умдатан алюминий, (21,1% ба $45,2 млн), нахи пахта (17,7% ба $37,8 млн) ва ҳамчунин мева ва сабзавот (1,9% ба $4,1 млн) содир шудааст.

Содирот умдатан ба Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Эрон, Русия, Афғонистон ва Чин сурат гирифтааст.

19
Барчаспҳо:
нахи пахта ва алюминий, аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ, коҳиши воридот ба будҷа, Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Идораи гумрук, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раиси нави Хадамоти гумрук: низоми гумрук барои ман ноошно нест
Гумрук: додугирифти мол байни Тоҷикистону Ӯзбакистон меафзояд