Хатти интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ

Бритониё ба сармоягузори тарҳи CASA-1000 алоқаманд аст

9
(Таҷдидшуда 16:41 11.02.2016)
Сафири Бритониё дар Душанбе Хю Стенли Филпотта дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов алоқамандии кишвар барои сармоягузории тарҳи CASA-1000-ро изҳор дошт.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ҳукумати Бритониё тасмим гирифтааст тарҳи энержии минтақавии CASA-1000-ро сармоягузорӣ кунад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Аз алоқамандии Бритониё барои ширкат дар иҷрои тарҳи минтақавии энержии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро сафири Бритониё дар Тоҷикистон Хю Стенли Филпотта дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов хабар дод.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки Бритониё барои иҷрои ин тарҳ чӣ миқдор маблағеро ихтисос хоҳад дод.

Дар чорчӯби тарҳи "Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ" (CASA-1000) 1300 МВт барқи изофӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон) ба Покистон ва Афғонистон — кишварҳое, ки бо камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳанд, интиқол дода мешавад.

Пешбинӣ мешавад, ки миқдоре аз таъсисоте барои интиқоли нерӯи барқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон бунёд карда шаванд. Ин тарҳ таҳти раҳбарии Шӯрои байниҳукуматии чаҳор кишвар, ки ба он вузарои зирабти кишварҳои ширкаткунандаи тарҳ шомиланд, иҷро мешавад.

Тарҳи CASA-1000 дар пайи созишномаҳои сершумори марбут ба сохтмони он иҷро мешавад, ки дар миёни онҳо ҳафт қарордоди вижа барои кишварҳо ва чанд қарордоди байникишварӣ ҳастанд. Яке аз сармоягузорони бузурги ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ мебошад.

9
Барчаспҳо:
омодагии Бритониё барои сармоягузории иҷрои тарҳи CASA-1000, ВКХ, Хю Стенли Филпотта, Сироҷиддин Аслов, Бритониё, Тоҷикистон
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: камбуди нерӯи барқ мушкилоти №1 дар Тоҷикистон аст
Интиқоли нерӯи барқ дар кишвар то 18 соат афзоиш дода шуд