Бинои Комитети андози Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

GIZ: фишор болои андозсупорандагони ҶТ ба мушкили будҷа боъис мешавад

16
(Таҷдидшуда 16:35 11.02.2016)
Оҷонсии Олмон ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳад, ки болои надозсупорандагон фишор наоварад ва будҷаи соли 2015-ро бар пояи омори воқеъии рушди иқтисодӣ ислоҳ кунад.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Иҷро нашудани дурнамои будҷа дар Тоҷикистон ба фишор болои андозсупорандагон боъис мешавад, омадааст дар гузориши Оҷонси рушди Олмон (GIZ).

Вазорати молияи Тоҷикистон тибқи натоиҷи семоҳаи аввали соли 2015 изҳор дошта буд, ки будҷаи давлатӣ танҳо ба 95,6% дурнамо иҷро шудааст.

"Бештар аз ҳама воридоти аворизи гумрукӣ коҳиш ёфтааст — 24,1% ва ин амр ба ташдиди талабот аз сӯйи вазорати молия мунҷар шудааст.

Зимни талош барои ислоҳи чунин вазъ вазири молия Абдусалом Қурбониён аз ниҳодҳои зирабт дархост кард, ки дар семоҳаи дуввум ба аҳдофи дурнамои соли 2015 бирасанд", — зикр мешавад дар гузориш.

Дар гузориши GIZ зикр мешавад, ки будҷаи давлатии соли 2015 бар пояи чунин тасаввур, ки рушди иқтисодии бонизом ва афзоиши мизони тавлидоти нохолиси миллӣ дар сатҳи 7,2% хоҳад буду қурби ивази асъор дар сатҳи 5 сомонӣ барои як доллари ИМА ҳифз мешавад таҳия шуда буд ва мақомот зимни таҳия ва тасвиби будҷа бӯҳрони иқтисодии дар пеш истодаро сарфи назар карданд.

Воқеъияти феълӣ чунин аст, ки кундии рушди иқтисод мушоҳида шуда, дар авохири моҳи апрел қурби як доллар ба 6,25 сомонӣ расидааст.

"Дар чунин вазъ иҷрои будҷа бо дурнамои дар назар дошта душвор ба назар мерасад. Ба манзури расидан ба ин аҳдоф фишор болои андозсупорандагон метавонад ба натоиҷи баръакс мунҷар шавад: гурез аз андозсупорӣ ва фаъолияти андаки иқтисодӣ дар Тоҷикистон, рушди андаки иқтисодӣ ва даромадҳои мушобеҳ ба будҷа", — тахмин мезананд муаллифони гузориш.

Бар ивази чунин иқдом онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳанд, ки будҷаи соли 2015 бар пояи омори воқеъии рушди иқтисодӣ ислоҳ карда шавад.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки бо вазъи мушобеҳ Тоҷикистон дар соли 2009 рӯбарӯ шуда буд ва он замон рушди тавлидоти нохоли миллӣ дар сатҳи 7% пешбинӣ мешуд, вале ба далели бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ин мизон танҳо ба 3,9% баробар шуд.

Бо дарки кундии рушди иқтисод дар моҳи майи соли 2009 бахши воридот ва харҷи будҷаи Тоҷикистон ислоҳ шуда буданд.

Дар гузориш зикр мешавад, ки уфти иқтисоди Тоҷикистон аз сӯйи созмонҳои мухталиф эътироф шуда, вале ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон онро нодида мегиранд. Пешбинии муштараки СБП, БҶ, БОР ва ББРА ин аст, ки мизони тавлидоти нохолиси миллӣ 3,65% хоҳад буд. Аммо пешбинии расмии ҳукумати Тоҷикистон 2 баробар бештар аст: 7,2% рушди ТНМ (ин пешбинӣ аҳ моҳи июли соли 2014 бознигарӣ нашудааст).

16
Барчаспҳо:
дархости Оҷонси рушди Олмон, Оҷонси рушди Олмон (GIZ), Абдусалом Қурбониён, Олмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Воридот ба будҷа аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 24% коҳиш ёфт
Здание Налогового комитета при Правительстве РТ. Архивное фото

Кумитаи андоз 13 шаҳру навоҳии қарздорро гуфт: бештарашон дар Хатлон

452
(Таҷдидшуда 19:41 31.10.2020)
Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтааст, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда зарфи нӯҳ моҳи соли равон нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ иҷро нашуда, ба ҷойи 8 млрд 143,3 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлатӣ 7 млрд 497,0 млн сомонӣ ворид гардид,

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ин ниҳод дар ҳисоботи нуҳмоҳааш гуфтааст, 13 шаҳру навоҳии кишвар аз иҷрои нақҳаи андоз набаромаданд.

Ба иттилои манбаъ, бештари шаҳру навоҳии қарздор дар вилояти Хатлон, аз қабили Бохтар 88,2%, Кушониён 94,4%, Вахш 93,0%, Хуросон 94,0%, Қубодиён 97,6%, Ҷомӣ 90,0%, Панҷ 93,6%, Шаҳритуз 97,4%, Леваканд 83,0% мебошад.

Манбаъ мегӯяд, дар вилояти Суғд бошад, танҳо Хуҷанд (95,6%) аз иҷрои нашаи ҷамъоварии андоз набаромад.

Гуфта мешавад ҳамзамон Роғун 91,5%, Турсунзода 84,6% ва Рӯдакӣ 91,2% низ нақшаро иҷро накардаанд, ки дар умум аз ин ҳисоб ба буҷет 91,0 млн сомонӣ ворид нашуд.

Беш аз 27 миллион қарзи Нусратулло Файзуллоев ва Убайдуллоев аз андоз

Кумитаи андоз гуфтааст, дар умум вилоятҳо нақшаи андозро иҷро карданд, аммо Раёсати андози андозсупорандагони калон, ки воридоти маблағҳо аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст - 53,0% таъмин кард.

Ин ниҳод гуфтааст, таъмин нагардидани иҷрои сифатии нақшаи андозҳо, пеш аз ҳама, аз ҷониби кормандони мақомоти андоз дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, аз ҷумла, пурра татбиқ накардани муқаррароти қонунгузории андоз, супоришҳои роҳбарияти Кумита оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо, сари вақт ва дар сатҳи дахлдор анҷом надодани корҳои назоратӣ ва тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ вобаста мебошад.

Дигар омиле, ки ба ин сабаб шуд, ба миён омадани пандемияи коронавирус, ки таъсирашро бевосита ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ расонида истода, боиси нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо, коҳиш ёфтани хизматрасониҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои хизматрасонӣ ба ҳамин соҳаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана ва ногувор шудани вазъи молиявии баъзе аз корхонаҳо гардидааст.

Дар қонуни нави андоз ҳам бандҳо зиёд шуданду ҳам сафҳа

 Сабаби дигаре, ки ба таъмин нашудани иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъсир расонида истодааст, ин дар сатҳи зарурӣ афзоиш наёфтани музди меҳнат ва шумораи коргарон дар баъзе корхонаю ташкилотҳо мебошад, ки манбаи андозбандии андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, афзудааст манбаъ.

452
Барчаспҳо:
қарз, нақша, кумитаи андоз, Тоҷикистон
Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

116
(Таҷдидшуда 15:01 31.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 31 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1302 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3398 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 12.0707 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1302 то 0.1330 сомонӣ муқаррар намудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3398 сомонӣ, 1 евро – 12.0707 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1302 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

116
Барчаспҳо:
Бонки Миллӣ, қурби асъор, Тоҷикистон
Новая операционная в районой больнице №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района

Дар вилояти Суғд 459 иншооти соҳаи тандурустӣ таъмир мегардад

0
(Таҷдидшуда 20:35 31.10.2020)
Дар нӯҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 64 оншооти тандурустӣ ба итмом расонида шудааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми солҳои 2019-2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз ин шумора 64 адад беморхонаҳо, 118 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 86 адад марказҳои саломатӣ, 18 адад таваллудхонаҳо, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухонаҳо мебошанд.

Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 2020 бояд, 123 адад иншооти соҳаи тандурустӣ , аз ҷумла 15 адад беморхонаҳо, 39 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 20 адад марказҳои саломатӣ, 5 адад таваллудхонаҳо, 13 адад нуқтаҳои хатна ва 31 адад дорухонаҳо бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо ба итмом расонида шавад.

"Дар нуҳ моҳи соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тамими 64 адад иншоотҳои тандурустӣ, аз ҷумла 10 адад беморхонаҳо, 16 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 14 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад таваллудхона, 8 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 14 адад дорухонаҳо ба итмом расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ба муносибати истиқболи сазовори 30-солагии истиқлол корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармим дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят идома дорад.

0
Барчаспҳо:
азнавсозӣ, таъмир, беморхона, Суғд