ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Сиёсати пулии Чин ва низоми хазинадориву таҷрибаи ислоҳоти бонкии ин кишвар мавриди омӯзиши намояндагони сохторҳои молии Тоҷикистон қарор мегирад, менависад сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Чин.
Дар кори ҳамоише, ки Вазорати умури хориҷаи Чин ва Бонки кишоварзии он кишвар дар Пекин ташкил кардааст, 40 нафар роҳбарони шӯъба ва раёсати Бонки миллӣ, вазорати молия ва 10 банки Тоҷикистон ширкат менамоянд.
Қайд мешавад, ки роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст собиқ муовини нахуствазири кишвар, раиси феълии ҶСК "Агроинвестбонк" Муродалӣ Алимардон ба зимма дорад. Дар доираи ин барнома созишномаи ҳамкорӣ миёни Бонки кишоварзии Чин ва "Агроинвестбонк" низ ба имзо расидааст.
"Давоми як ҳафта иштирокдорони чорабинӣ сиёсати пулии Чин ва низоми хазинадориву таҷрибаи ислоҳоти бонкии ин кишварро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд",- омадааст дар хабари манбаъ.
Дар нишаст ширкати олимон ва мутахассисони олирутбаи соҳаи бонкдории Чин дар назар аст. Онҳо ба меҳмонон тарзу усули кор дар замони муосирро меомӯзанд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон барои соли 2020 1 миллиарду 744 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.
Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ соли гузашта тақрибан 4,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 34,1 миллион ё 0,8% зиёдтар аст.
Содироти молҳо дар соли 2020 бо афзоиши 19,8% 1406,9 миллиард доллар, воридот - 3150,9 миллиард долларро ташкил дода, 5,9% коҳиш ёфтааст.
Маводи асосии содирот металлҳои қиматбаҳо, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк мебошанд. Воридотро маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона, маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ медиҳанд.
Соли қиматӣ: нархи чиҳо чӣ қадар болову пойин рафтааст? – омори расмӣ
Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2020 гардид, гардиши савдо 21,4% аз ҳаҷми умумиро ташкил дод. Қазоқистон дар савдо дар ҷои дуввум аст - 20%. Зиёда аз 15% - Швейтсария, Чин - 10,4%.
Соли гузашта, дар соли 2019, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз 4,5 миллиард доллар буд.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар назар аст ҷаласаи навбатии 16-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардад.
Манбаъ афзуд, омодагӣ ба ҷаласаи мазкур дар мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев баррасӣ шуд.
“Зимни вохурӣ масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки имкону захираҳои мавҷуда ҳар ду ҷониб барои таҳкими ҳамкориҳо зиёд мебошанд.
Феълан, Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон буда, таъминкунандаи кишвар бо орду маводи сӯхт мебошад.