Чиниҳо нерӯгоҳи ҳароратӣ дар Душанберо зимистони соли ҷорӣ месозанд

© Sputnik / А. Горячев / Гузариш ба медиабонкМаркази барқӣ ва ҳароратии Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Маркази барқӣ ва ҳароратии Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати сохтмонии ТВЕА феълан умури сохтмонии зербано ва эҳдоси бинои асосии маркази барқӣ ҳароратии Душанбе-2-ро анҷом медиҳад.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Марҳилаи дуввуми нерӯгоҳи барқӣ ҳароратии Душанбе-2 зимистони соли 2016 эҳдос хоҳад шуд, изҳор шудааст дар дидори нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндагони ширкати ТВЕА, ки машғули сохтмони нерӯгоҳи барқиву ҳароратии Душанбе-2 аст, менависад хабаргузории "Ховар".

Феълан умури бетонрезӣ дар зербано ва омодагӣ ба сохтмони бинои аслӣ анҷом мешаванд.

"Нахуствазир гузориши сохтмончиёнро гӯш дода дастур дод, ки ин марказ сареъан ва бидуни таъхир эҳдос шавад, зеро таъмини сокинони пойтахт бо гармӣ яке аз аҳдофи ҳукумати кишвар мебошад", — гуфт Расулзода дар ин дидор.

Тавлиди тилло (тиллошӯӣ). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст

Сохтмони марҳилаи дуввуми маркази барқӣ ҳароратии Душанбе-2 бар пояи қарордоди миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати чинии ТВЕА оғоз шуда буд. Ин ширкати чинӣ дар авохири соли 2013 марҳилаи нахустини маркази барқӣ ва ҳароратӣ дар шимоли Душанберо мавриди истифода қарор дода буд.

Марҳилаи дуввуми ин марказ аз ду чарха иборат буда сохтмони бинои асосӣ ва кашидани лӯлаҳои интиқоли оби гармро дар назар дорад.

Маркази барқӣ ҳароратии Душанбе-2 бо истифода аз ангишт фаъол мешавад ва таъмини теъдоди зиёди сокинони пойтахт бо гармиро ҳадаф дорад. Ба ҷуз аз оби гарм марказ нерӯи барқ низ тавлид мекунад, ки ба низоми энержии ширкати "Барқи тоҷик" ворид шуда миёни муштариён тавзеъ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0