Парчами миллӣ дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Дар Хуҷанд бонкдорони аслии кишварҳои узви СИАО гирдиҳам омаданд

4
(Таҷдидшуда 16:31 11.02.2016)
Раҳбарони бонкҳои милии кишварҳои узви СИАО барои баррасии масоили вазъи иқтисодии ба амаломада ва иқдомоти рафъи онҳо барои дастрасии вазъи мӯътадили молӣ гирдиҳам омаданд.

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Раҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви Созмони иқтисодии АвруОсиё (СИАО) дар шаҳри Хуҷанд барои баррасии равандҳои ахир дар арсаи иқтисод ва молиёт гирдиҳам омадаанд, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар миёни ширкаткунандагони ҷаласаи Шӯрои раҳбарони бонкҳои марказии СИАО раҳбари Бонки марказии Русия Элвира Набиулина, Бонки милии Белорус Павел Калаур, Бонки миллии Қазоқистон Кайрат Келимбетов, Бонки милии Қирғизистон Толкунбек Абдигулов ва Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ҳастанд. Ҳамчунин дар кори ҷаласа раҳбарони Бонки Аврупоии рушд ва тавсеъа (БАРТ) ва Бонки байнидавлатии ИДМ ширкат доранд.

"Интизор меравад, ки ширкаткунандагони ҷаласа қабл аз ҳама масоили дастгири арсаи бонкдорӣ ва таъмини устувории молии кишварҳои СИАО-ро баррасӣ карда гузориши пажӯҳиши қурби асъори миллӣ шунида иқдомот барои беҳбуди вазъи бозори арзии кишварҳои узви созмонро матарҳ мекунанд", — омадааст дар хабар.

Гузориш шудааст, ки ҷаласа кори худро ду рӯз идома дода бо имзои санади ҳусни тафоҳуми умумӣ анҷом меёбад.

Ҳадафи ин Шӯро ҳамоҳангии бонкҳои марказиву миллӣ дар масоили низомҳои арзиву молӣ ва бонкдорӣ, тавсеъаи равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи доду ситад ва масоили дигари созишномаи таъсиси шӯро дар чаҳорчӯби салоҳияти ширкаткунандагон мебошад.

4
Барчаспҳо:
ҷаласаи раисони бонкҳои марказии кишварҳои узви СИАО дар Хуҷанд, СИАО, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тасмими БМТ дар мавриди танзими бозори арзи Тоыикистон
Муовинони раисони БМТ ва Амонатбонк маълум шуданд
БМТ: мо барои мудохила аз захойири тиллову асъор истифода намекунем
БМТ ба нуқтаҳи хусусии табодули арз фурӯши долларро манъ кард