ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тибқи тавофуқоти миёни ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва вилояти Хэнани Чин ҷониби чинӣ муваззаф шудааст дар ҷумҳурӣ чанд корхонаи саноатӣ бунёд кунад, хабар медиҳад сомонаи раҳбари кишвар.
Ин мавзӯъ имрӯз дар дидори раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо дабири ҳизбии вилояти Хэнани Чин Го Гэнмао матраҳ шудааст. Дар ин дидор ба иҷрои тавофуқоти миёни бархе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва вилояти Хэнан таваҷҷӯҳ шудааст.
"Тибқи ин аснод, ҷониби чинӣ дар Тоҷикистон муваззаф шудааст чанд корхонаи санъатӣ, аз ҷумла корхонаи тавлиди лавозимоти кишоварзӣ, нуриҳои маъданӣ, орд, равған, ғизои ҳайвонот ва ҳамчунин корхонаи коркарди тухмиҳои зироъатҳо бунёд кунад", — омадааст дар матни хабар.
Раҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати сохтмон ва роҳандози сареъи ин корхонаҳои санъатӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ба зарфияти бузурги ҳамкорӣ дар бахши энержии санъатӣ, маъодин ва сохтмон таъкид кардаанд.
Тоҷикистон дар панҷ соли ахир бо ин вилояти Чин, ки дар бахши кишоварзӣ дастовардҳои назаррасе дорад, мустақиман иртибот дорад.
Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон бар пояи истифодаи навовариҳои фаннии кишоварзӣ алаккай чанд иқдоме дар заминаи кишти пахта, ҷуворимакка ва зироъатҳои дигар рӯйи даст гирифта шудааст.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.
Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.
Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.
Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунандаи онҳо дар соли 2020 баргузор гардид.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд.
Таъкид шудааст, ки зимни ҷаласа татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2020, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо баррасӣ шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа қайд гардидидааст, ки барои рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳолати 1 январи соли 2021, 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз онҳо 29 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошанд.
Дар ин ҷаласа муовини якуми сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид барои ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҷавони мазкур дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил карда, аз марду зане, ки ба хонаи ӯ барои алоқаи ҷинсӣ меомаданд 150 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст.
Тибқи иттилои манбаъ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гуфта шудааст, ки номбурда, дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Сино ба ҷавони 24 ва зани 35-соли сокинони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодиса мазкур тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки тибқи қонуни нави Тоҷикистон шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.