Сохтмончии чинӣ. Акс аз бойгонӣ

Порлумони Тоҷикистон ширкати чиниро аз пардохти андозҳо озод кард

16
(Таҷдидшуда 10:22 25.06.2015)
Порлумони Тоҷикистон ба будҷаи соли 2015 тағйирот ворид сохт, ки тибқи он ширкати чинии TBEA аз пардохти андозҳо ба арзиши изофӣ, ба суд ва ҳамчунин андозҳо барои истифода аз ҷоддаҳо ва пардохтҳои гумрукӣ озод шуд.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ширкати энержии чинии Tebian Electric Apparatus (TBEA), ки 5 мактаб эҳдос карда, 20 километр ҷоддаҳоро дар ноҳияи Данғара бозсозӣ мекунад, аз пардохти бархе аз анвои андозҳо озод шуд, хабар медиҳад сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Ба ин тартиб, ҳукумати кишвар ширкати чиниро, ки машғули сохтмони Маркази гармидиҳиву тавлиди барқи Душанбе-2 аст, аз пардохти андози арзиши изофӣ, андоз аз фоида, андоз барои истифода аз ҷоддаҳо ва пардохтҳои гумрукӣ зимни воридсозии таҷҳизот барои сохтмони ин иншоот озод кард.

"Ширкат дар шаҳри Душанбе ва навоҳии Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Данғара барои 1200 нафар шогирд мактабҳо месозад ва ҳар як мактаб барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст", — омадааст дар хабар.

Ин макотиб бо ҳазинаи 80 миллион сомонӣ сохта мешаванд. Барои бозсози ҷоддаҳо дар ноҳияи Данғара ихтисоси 79 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, ин ширкат аз пардохти 17,6 миллион сомонӣ андозҳо озод карда шудааст.

Барои ширкати энержии TBEA ин тарҳҳои иҷтимоӣ бахше аз қарордод бо ҳукумати Тоҷикистон мебошанд. Сармоягузорӣ ба сурати бебозгашт ироа мешавад. Ин ширкат дар Тоҷикистон беш аз 5 сол фаъолият дорад ва тарҳи бузургтарини ТВЕА дар Тоҷикистон пружаи маркази гармидиҳиву тавлиди нерӯи барқи Душанбе-2 мебошад, ки бо ангиштсанг фаъол мешавад. Феълан, сохтмони марҳилаи дуввуми ин марказ шурӯъ шудааст, ки то авохири соли 2016 анҷом меёбад.

16
Барчаспҳо:
ширкати чинӣ аз пардохти андозҳо озод шуд, ТВЕА, Чин, Тоҷикистон
Мавзуъ
Чин дар Тоҷикистон чанд корхонаи санъатӣ месозад
Зуҳуров: мо набояд коргарони оддиро аз Чин биёрем
43% қарзи давлатии Тоҷикистон аз эътибороти Чин ташкил ёфтааст
Сафири Чин: афзоиши теъдоди чиниҳо дар ҶТ ба фоидаи кишвар аст
Раҳимзода: мо аз сармоягузориҳои Чин ҳарос надорем
Вазорати молия: қарзи Тоҷикистон аз Чин беш аз $900 миллион аст
Чин мехоҳад “Тоҷиказот”-ро гардон кунад
Чин барои иҷрои тарҳҳо дар Тоҷикистон $500 миллион иттихоз мекунад
Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан 72 миллион қарз медиҳад
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо

511
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумат масъалаи нарх дар бозорҳои ҷумҳуриро ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар назди мақомдорон вазифа гузоштааст. 

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар ин маврид иҷрои қатъии супоришҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин асос зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон ва ғайра зикр шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намудаст, ки самарабахш ва оқилона истифода намудани маблағҳои буҷети давлатӣ боиси рушди иқтисоди миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад ва аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб кардаст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорони кишвар пеш аз ҳама амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии давлат ва саноатикунониро талаб намудааст. 

511
Барчаспҳо:
нарх, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?

1117
(Таҷдидшуда 20:33 27.10.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон имрӯз лоиҳаи қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023-ро баррасӣ кард, ки тибқи он буҷаи соли оянда аз имсола 1,6 миллиард зиёдтар мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Даромад аз ҳисоби чӣ?

“Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур тавзеҳ дод, ки таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890 миллион сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки он 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Барои кадом соҳа чанд сомонӣ?

“Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Дар ҷаласаи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории КОВИД-19, дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию карзиро зарур шумурдааст.

Ӯ назди масъулин барои иҷрои саривақт ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, барои зиёд намудани даромади буҷет пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бакияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ вазифаҳо гузоштааст.

1117
Барчаспҳо:
давлатӣ, буҷа, даромад, Тоҷикистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

0
(Таҷдидшуда 10:08 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

 

0