Асъори миллии Тоҷикистон- сомонӣ

Аҳолии Тоҷикистон дар бонкҳо 5 миллиард сомониро нигоҳ медоранд

1
(Таҷдидшуда 14:20 26.06.2015)
Танзимгари асосии молияи ҷумҳурӣ маълумот дар бораи ҳаҷми пасандозҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкилотҳои қарзии мамлакатро нашр карда, қайд намудааст, ки ҳаҷми онҳо афзоиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ҳаҷми умумии пасандозҳо дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар давраи панҷ моҳи аввали соли 2015 беш аз 7,73 миллиард сомонӣ (муодили $1,23 млрд)-ро ташкил додааст, менависад сомонаи БМТ.

Фақат дар моҳҳои январ-майи имсол ҳаҷми пасандозҳо 32,8% зиёд шудааст.

Гуфта мешавад, 2,8 миллиард сомонӣ (36,2%) аз ҳаҷми умумаии пасандозҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва боқимондаи он- 4,9 миллиард сомонӣ (63,8%) ашхоси воқеъӣ таалуқ доранд.

Дар моҳҳои январ-майи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,74% ва бо асъори хориҷӣ 11,81%-и солонаро ташкил намуданд.

1
Барчаспҳо:
фоизи миёнавазн, ҳаҷми пасандозҳо, депозит, пасандози сокинон зиёд шудааст, БМТ, Тоҷикистон
Мавзуъ
БМТ рушди андаки иқтисод дар оғози соли 2015-ро зикр кард
Мошинҳои боркаш, акс аз бойгонӣ

Савдои хориҷии Хатлон беш аз 217 миллион долларро ташкил додаст

32
(Таҷдидшуда 13:44 25.10.2020)
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, зимни як ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои гуногуни вилоятро тайи 9 моҳи соли равон ҷамъбаст кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ ба 217,2 миллион доллари амрикоӣ расид, хабар дод нашрияи “Ҷумҳурият” аз қавли котиботи ҳукумати Хатлон.

Манбаъ афзуд, содироти мол 100,9 миллион долларро ташкил дода, воридоти он ба 116,3 миллион доллар расидааст.

“Аз вилоят ба хориҷи кишвар, асосан, нахи пахта, калобаи ресандагӣ, неруи барқ, семент, шираи камол, ангишт ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, нурии минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти кишоварзӣ, тиббӣ, шакар ва дигар анвои маҳсулот ворид шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Инчунин ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят 36 ҳазору 204 ҷойи нави кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт.

“Аз ҳисоби 302 ярмаркаи ҷойҳои кории холии баргузоршуда 3 ҳазору 270 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар умум, 5 ҳазору 308 нафар бо шуғл фаро гирифта шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.

32
Барчаспҳо:
савдо, Хатлон, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ

Ташкили колхозу кооператив ба ҷои хоҷагиҳои оилавӣ: пешниҳоди ҳукумати ВМКБ

1987
(Таҷдидшуда 20:58 23.10.2020)
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз натиҷаи машварати назоратии назди раиси вилоят гузориш дод, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ё худ оилавӣ дар вилоят таҷдиди сохтор шаванд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҳукумати ВМКБ теъдоди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ё худ оилавиро 15 ҳазору 844 адад гуфта, фаъолияти онҳоро ноустувор ва нокифоя хондааст.

Бар асоси иттилоияи нашркардаи мақомоти ВМКБ, гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳо - ташкили кооперативҳои истеҳсолию колхозҳо зарур аст. Манбаъ илова намудааст, ки инчунин зиёда аз 1300 гектар замин солҳои дароз дар зери сохтмон ҳастанд, вале ҳанӯз аз ҳисоботи омори замини кишт бароварда нашудаанд

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ,  барои истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда ва таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ  ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро пешниҳод карда буд.

“Хочагиҳои деҳқонии инфиродӣ имрӯз дар вилоят зиёда аз 16 ҳазор ҳастанд, вале ҳиссаи ҷамъи замин ба ҳар яки онҳо 0,10 ҳисса мерасад. Ба ин хотир ассотсиатсияҳо ё кооперативҳои хоҷагиҳои деҳконӣ таъсис додан зарур аст. Ин омил имкон медиҳад, на танҳо ҳисобу китоби фаъолият, балки тавлиди зиёди ҳосили рӯёнда ва андозбандии онҳо, ҳамзамон хизматрасониҳои дигар ба онҳо беҳтар ба роҳ монда мешаванд", - омада буд дар изҳороти Файзов, ки котиботи ҳукумати ВМКБ нашр карда буд.

1987
Барчаспҳо:
ВМКБ, пешниҳод, Тоҷикистон
Марзбони тоҷик, акс аз бойгонӣ

КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

413
(Таҷдидшуда 22:44 25.10.2020)
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии КДАМ, рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

"Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Манбаъ афзуд, хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд.

Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар  гуфтушунид идома дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан бо нашри як изҳорот гуфт, марзбонҳои қирғиз барои ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба ҳаво тир холӣ карданд.

413
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, марз, Тоҷикистон