Чоҳи иктишофии Шаҳринав-1п. Акс аз Gazprom International

«Газпром»: дар Тоҷикистон захойири андаки нафту газ ошкор шудаанд

31
(Таҷдидшуда 16:32 11.02.2016)
Ҷаласаи илмиву фаннии натоиҷи иҷрои умури иктишофӣ дар конҳои бо муҷҷавиз мутааллиқи “Газпром” дар вазорати энержии Тоҷикистон бо ширкати раҳбарони вазоратхонаҳо ва ниҳодҳо баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раҳбарияти ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон дар назди Раёсати геология гузориш дода зикр кард, ки умури иктишофӣ барои пайдо кардани захойири нафту газ дар Тоҷикистонро идома медиҳад, хабар медиҳад сомонаи Gazprom International.

Ҷаласаи натоиҷи умури иктишофӣ дар конҳои марбут ба ширкати "Газпром" дар бинои вазорати энержӣ ва захойири оби Тоҷикистон бо ширкати раҳбарони вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои дигар баргузор шуд.

Мудири намояндагии ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов дар кори ин ҷаласа аз умури анҷомдодаи иктишофӣ дар кони Сариқамиш дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон, натоиҷи иктишофӣ ва пармакунии умқи кони "Шаҳринав 1-п" ва натоиҷи пажӯҳиши конҳои марбут ба ин ширкат гузориш дод.

"Зикр шуд, ки дар ҷараёни пажӯҳиши кони "Шаҳринав 1-п" иттилоъ дар бораи захойири андаки нафту газ пайдо шуд", — омадааст дар хабар.
Ширкаткунандагони ҷаласа бар ин назаранд, ки умури иктишофӣ дар маҳалли Сариқамиш аз сӯйи Gazprom International дар сатҳи баланди илмиву фаннӣ анҷом дода шудаанд.

Дар раванди эҳдоси ин кон барои бори нахуст умқи поёнӣ иктишоф шуда иттилоъи комили иктишофӣ ҷамъоварӣ гардида нишонаҳои вуҷуди захойир дар ин умқ ошкор шудааст.

"Пажӯҳиши дақиқи натоиҷи умури анҷомёфта ба эътиқоди коршиносони рус, наҳваи минбаъдаи умури иктишофӣ дар ин кон ва имконпазирии истихроҷи нафту газро рӯшан мекунад", — зикр карданд дар "Газпром".

Ширкаткунандагони ҷаласа изҳор доштанд, ки дар моҳи октябри соли 2015 дар робита ба идомаи умури иктишофӣ дар маҳалли Сариқамиш ва умури иктишофӣ дар кони Шоҳамбарии Ғарбӣ якҷо бо вазорати энержӣ ва Раёсати геология ҷаласаи машваратии муштарак баргузор кунанд.

Ҳамокрии ширкати "Газпром" бо Тоҷикистон бар пояи Қарордоди дарозмуддат дар бахши газ аз 15 майи соли 2003 (то соли 2028) ва Созишнома дар бораи наҳваи умумии анҷоми умури иктишофӣ дар Тоҷикистон аз 10 июни соли 2008 сурат мегирад.

Gazprom International дар қаламрави Тоҷикистон тарҳи сармоягузорӣ дар ду кон — Сариқамиш дар ҷанубу ғарб ва Шоҳамбарии Ғарбӣ дар ғарби кишварро анҷом медиҳад.

Дар моҳи июни соли 2013 дар маҳалли Сариқамиш ширкат умури иктишофӣ дар пармакунии чоҳи "Шаҳринав 1-п" анҷом дод. Ин чоҳ умқи 6450 метра дошта чуқуртарин чоҳ дар таърихи пармакунии чоҳи нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар пайи ин умури иктишофӣ ҳашт маҳалли дорои захойири нафту газ ошкор шудаанд.

Барои анҷоми умури иктишофӣ дар конҳои марбут ба ин ширкат "Газпром" аз оғози ҳамкорӣ маблағи бештар аз 5,5 миллиард рубл сармоягузорӣ кардааст.

31
Барчаспҳо:
ҷаласа дар вазорати энержӣ, "Газпром", Тоҷикистон, Русия