Пармакунии чоҳ. Акс аз бойгонӣ

Душанбе хабари дар ихтиёри Бишкек қарор додани чоҳҳои газро радд кард

8
Расонаҳои Қирғизистон 21 июл хабар доданд, ки чаҳордаҳ чоҳи гази Тоҷикистон ба ихтиёри ин кишвар вогузор шудаанд, вале мақомоти ҳар ду кишвар ин хабарро таъйид намекунанд.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Мақомоти тоҷик хабарҳои расонаҳои Қирғизистон мабнӣ бар ихтиёри кишвари ҳамсоя вогузор кардани чаҳордаҳ чоҳи газ дар пайи мушшахас кардани хутути марзиро такзиб карданд, менависад хабаргузории "Авеста".

"Барои дар ихтиёри кишвари ҳамсоя қарор додани чоҳҳои газ комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон бояд санадеро имзо кунанд, вале ин санад вуҷуд надорад", — иқтибос овардааст расона аз суханони вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод.

Вазири энержии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба иттилоъи хабаргузорӣ низ ин хабарро такзиб карда изҳор доштааст, ки ҳеҷ гуна вогузор кардани чоҳҳо дар ихтиёри Қирғизистон сурат нагирифтааст.

Муъовини нахуствазири Қирғизистон Абдираҳмон Маматалиев, ки ҳамзамон ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини хутути марзӣ мебошад, дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид накардааст.

"Ман аз ин изҳороти мақомоти қирғиз огаҳӣ надорам. Танҳо ҳаминро метавонам бигӯям, ки музокрот бо ҳамтоёни тоҷик бо навҳаи хубе идома доранд", — гуфтааст вай дар мусоҳиба бо Озодӣ.

Қаблан сомонаи K-News бо истинод ба муъовини мудири Агентии давлатии геология ва захойири маъдании Қирғизистон Уланбек Рискулов хабар дода буд, ки ба ҳангоми таъйини хутути марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин кишвар 14 чоҳи газ маҳсуб шудаанд.

Феълан ин хабар ҳазф шуда дар сурати талоши пайдо кардани он посух дода мешавад, ки иштибоҳ аст.

8
Барчаспҳо:
радди хабари дар ихтиёри Қирғизистон гузоштани 14 чоҳи гази Тоҷикистон, вазорати адлияи Тоҷикистон, Абдираҳмон Маматалиев, Усмоналӣ Усмонзода, Рустам Шоҳмурод, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Отамбоев: касе ба Қирғизистон дастдарозӣ мекунад, ҷавобашро мегирад
Тасмими Қирғизистон барои харидории барқи Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ашқобод музокирот карданд
Сохтмони ҷоддаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом меёбад
Қирғизистон сохтмони роҳи наздимарзиро қатъ кардааст
Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ боз ба тавофуқ нарасиданд