ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Назорати гумрукӣ дар марзи Қирғизистон ва Қазоқистон расман аз имрӯз лағв карда шуд, хабар медиҳад сомонаи раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Дар гузаргоҳҳои марзии "Ак-Жол" ва "Кордай" субҳи имрӯз маросими ифтитоҳи марзи миёни ду кишвар баргузор шуд. Руасои ҷумҳури ду кишвар Алмазбек Отамбоев ва Нурсултон Назарбоев дар ин бора тавассути пули телевизионӣ аз маркази фарҳангии "Рух Ордо"-и ба номи Чингиз Айтматов дар вилояти Иссиқ-Кӯл хабар доданд.
Барои ширкат дар ин маросим ахиран Назарбоев вориди Бишкек шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳури Қазоқистон, ҷараёни дидори раҳбарони ду кишвар масоили ҳамгиройии авруосиёгӣ матраҳ шудаанд. Раҳбарони кишварҳо шароити ҷадид ҳамгиройӣ баъд аз пазируфта шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо шумули пуштибонӣ аз ин кишвар дар чаҳорчӯби ИИАО баррасӣ кардаанд.
"Равобити миёни Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамеша дар сатҳи баланд қарор доштанд ва пайвастани Қирғизистон ба ИИАО шароитеро фароҳам мекунад, ки додуситади коло, ки ҳоло аз як миллиард доллар бештар аст, афзоиш дода шавад. Лағви назорати гумрукӣ дар марз ба равобити иқтисодии миёни ду кишвар таъсир расонида барои тоҷирон имконоти ҷадиде боз мекунад", — гуфт Назарбоев.
Дар маросими дар гузаргоҳҳои "Ак Жол" ва "Кордай" нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ва муъовини аввали нахуствазири Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев ширкат карданд.
Қирғизистон 9 майи соли 2015 расман ба суфуфи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пазируфта шуд. То ин замон Русия, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон узви ин созмон буданд.
ИИАО — иттиҳоди иқтисодиест, ки дар чаҳорчӯби ҳамгиройии авруосиёгӣ 1 январи соли 2015 бар пояи Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Белорус таъсис дода шуд. Ин созмон шароит фароҳам мекунад, ки миёни кишварҳо маҳсулот, хадамот, маблағҳо ва захойири меҳнатӣ бидуни монеъае ҳамлу нақл шаванд.
Ҳамакнун, ки Тоҷикистон бо кишварҳои ИИАО марзи муштарак пайдо кард, ин кишвар дар оянда метавонад узвият дар ин ниҳодро пайдо кунад.
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд баррасӣ гардидааст.
"Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории судманд бо Бонки Авруосиёии Рушд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ҳавасманд аст", — таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва иқдоми Ҳукумати Русия оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии 5 мактаб дар Тоҷикистон, ки тавассути Бунёди Авруосиёии устуворӣ ва рушд амалӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки идоракунандаи фонди мазкур Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои ҳамкории пурсамар ва ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақамикунонии иқтисодиёт, табодули андеша карданд.
Манбаъ афзуда, ки дар бахши энергетика иштироки бонк дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузург ва бунёди хатҳои интиқоли барқ, зарур шумурда шуд.
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1534 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.6101 то 13.8500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1534 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1530 - 0,1550 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1530 то 0.1560 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1520 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.
БОР ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт ба куҷо сарф мекунанд
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".
Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.
Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.
Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.
Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.
Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.
Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.
Соли 1938 - шоир Одина Мирак.
Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.
Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.