Яке аз кӯчаҳои марказии Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон барои мубориза бо бӯҳрон ба $80 миллион ниёз дорад

10
(Таҷдидшуда 11:38 18.08.2015)
Ҳам Бонки Осиёии Рушд ва ҳам Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, ки то ҳол ба дархости Тоҷикистон барои гирифтани ҳаштод миллион доллар ёрӣ алайҳи мубориза бо бӯҳрон посух надодаанд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Давлати Тоҷикистон барои иҷрои барномаи зиддибӯҳрониаш аз созмонҳои байнулмилалии молӣ 80 миллион доллар сармоя дархост кардааст, менависад Радиои Озодӣ.

Дархости ихтисоси саромоя барои иҷрои ин барнома асосан ба унвонии Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Ҷаҳонӣ ироа шудааст. Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 50 миллион ва аз Бонки Ҷаҳонӣ 30 миллион доллар талаб кардааст.

Иҷрои барномаи зиддибуҳронии ҳукумати кишвар аз посухи "ҳа" ва ё "не"-и ин ду созмони байнулмилалии молиявӣ вобаста аст. Чун барои иҷрои ин барнома Тоҷикистон қодир нест маблағҳои худашро равона созад.

Татяна Евстифеева, сухангӯи Бонки Осиёии Рушд, рӯзи 17 август ба Озодӣ гуфтааст, "аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба унвонии мо, воқеан, ҳамин гуна дархост ворид шуд. Ҳоло дар мавриди ҷузъиёти ин масъала чизе гуфта наметавонем. Чунки ҳоло ин дархост дар ҳоли баррасӣ аст."

Ҳамин тариқ, Вазорати молияи Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ низ барои ҷудо кардани 30 миллион доллар гуфтушунид дорад. Талоши ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби ин сармояҳо аз созмонҳои байнулмилалӣ барои иҷрои нуктаҳои як барномаи вижаи зиддибӯҳрониаш аст. Ин барнома дар моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯи ҳукумат қабул шуд, ки аз 54 банд иборат аст.

Барномаи зиддибӯҳронии давлат хеле гуногунҷабҳа аст ва масоили гуногунро дар худ фаро гирифтааст. Ҳалли мушкилоти "Агроинвестбонк", беҳ сохтони вазъи молиявии ширкати "Барқи тоҷик" ва корхонаи тавлиди аллюминиюм "ТalCo", бо ҷои кор таъмин кардани муҳоҷирони ихроҷшуда, ҳифзи иҷтимоии оилаҳои онҳо ва ҷустуҷӯи кишварҳои нав барои фиристодани муҳоҷирони корӣ аз нуктаҳои муҳими барномаи зиддибӯҳронии давлати Тоҷикистон аст.

10
Барчаспҳо:
буҳрон, 80 миллион, кумак, дархост, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Тоҷикистон