Рубли русӣ. Акс аз бойгонӣ

Рубли русӣ дар ҶМЛ аз 1 сентябр пули асосӣ эътироф шуд

10
(Таҷдидшуда 13:36 01.09.2015)
Блоки иқтисодии ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Луганск қарор кард, ки табодули амвол ва хариду фурӯшро бо рубли русӣ роҳандозӣ намояд. Аксари аҳолии минтақа ин тасмимро ҷонибдорӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар ҷумҳурии худгардони Луганск аз 1 сентябр рубли русӣ арзи асосии муомилот эълом гардид. Маоши кормандони бахшҳои мухталиф, маболиғи бознишастагӣ ва куллияи кӯмакпулиҳо аз ин ба баъд бо рубл пардохта мешаванд.

Чунин тасмим аз ҷониби Шӯрои вазирони ҶМЛ рӯзи 18 август аз сар гирифта шуда буд. Роҳбари кабинаи вазирони кишвар Геннадий Сипкалов дар шарҳи қазия гуфт, ин тасмим ба таҳримҳои эълоннамудаи Киев дар қиболи шарқи Украина рабт дорад. Ба қавли ӯ, гривна, доллар ва евро дар гардиш боқӣ хоҳанд монд, аммо пули асосии Луганск барои ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳо рубли русӣ хоҳад буд.

Қаблан ҳисобҳо бо гривна баробар карда мешуданд ва дар баробари як гривна ду рубл ҳисобида мешуд. Пас аз тасмими навбатӣ ҳисоббаробаркуниҳо, пардохтҳо ва буҷаву нақшабандӣ бо рубл анҷом меёбад.

Бар пояи пажӯҳиши анҷомдодаи маркази сотсиологии "Мақоми вижа" (Особий статус) беш аз 52%-и сокинони Луганск аз воҳиди пулии асосӣ шудани рубли русӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Тадқиқот нишон додааст, ки 63,3% аҳолӣ маҳз бо рубл амалиётҳои молиявӣ ва пардохтҳояшонро анҷом медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари ҷумуҳурии мардумии Луганск Игор Плонтнитский иброз доштааст, ки гузаштан ба рубли русӣ болоравии нарх дар кишварро дар пай нахоҳад дошт.  

10
Барчаспҳо:
даргириҳои дохилӣ, ҷанг дар Украина, рубли русӣ-пули асосии Луганск, кабинети вазирони Луганск, роҳбари ҶМЛ, Геннадий Сипкалов, Луганск, Украина, Киев
Мавзуъ
Мақомоти Луганск ҷудоихонро дар тирзании ҳайъати САҲА мунҷар медонанд
Ҷудоихоҳони Луганск барои бори нахуст зарбаи ҳавоӣ заданд