Ҳисоби пул

Дар интизори муъҷиза: маошу нафақа ва идрорпулӣ баланд нахоҳад шуд

25
(Таҷдидшуда 15:58 11.02.2016)
Барои баланд кардани ҳаҷми маошу идрорпулию кумакпулӣ ва нафақапулӣ аз ҳисоби буҷаи давлат бояд 329 миллион сомонӣ ҷудо мешуд. Кумакплуӣ 25%, маоши кормадони идораҳои давлатӣ 15%, маоши кормандони мақомоти қудратӣ 20%, ҳифзи иҷтимоӣ 25% ва тандурстӣ бояд 20% боло бурда мешуд.

"Гуфтанд ҳоло давлат пул надорад. Хуб, ки гуфтанд нест, нест…"

Зоя Алексеенко мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон баланд шудани ҳаҷми нафақапулиро интизор буд. Ин пиразани 70-солаи бехонаву дар, ки 200 сомонӣ нафақапулӣ мегирад, ҳадди ақал бо ин маблағ дар шарту шароити Душанбе метавонад, давоми як ҳафта зиндагии хоксоронае кунад.

Мо бо ӯ нисфирӯзӣ дар кучаи марказии шаҳри Душанбе рӯбарӯ шудем.

— Барои харидани ғизо каме маблағ кумакам кун, хурок хурдан мехоҳам, — ба ман муроҷиат кард ӯ.

Бо дароз кардани як сомонӣ ҳисси кунҷковиям ғолиб омаду дар бораи ҳолу аҳвол, шароити зиндагӣ, фарзанд доштану надоштани ӯву ҳаҷми нафақааш пурсидам.

 Суҳбати мо ҳам идома ёфт.

— Маблағҳои ман бештар дар хариди дору масраф мешаванд, яъне ҳар моҳ бар ивази наздик ба 50 сомонӣ дору мехарам. Чашмҳо дигар он чашмҳои қаблӣ нестанду гӯшҳо ҳам қариб намешунаванд ва зуд-зуд сармо мехурам. Хайрият маро Танка дар хонаи худ ҷой дод, ва гар на дар ин синни пирӣ куҷо ҳам мерафтам?

Замоне ин пиразани ҳамсуҳбати мо хонаи худро фурӯхтаву кишварро ба қасди зиндагӣ дар Русия тарк кардааст. Аммо бо сабабҳои шахсӣ дубора ба Душанбе, ба хонаи духтараш баргаштааст. Аммо духтараш ӯро ба хонаи худ роҳ надодааст ва пиразан маҷбур шудааст, дар куча зиндагӣ кунад.

Ҳамин тавр ӯ дар хонаи шиноси деринаи худ ҷойгир мешавад.

Ин пиразан, ки солҳои дароз дар комбинати нассоҷии шаҳри Душанбе кор кардааст, ҳоло аз нафақапулии худ розӣ мебошад. Ҳангоми шунидани хабари боло рафтани ҳаҷми нафақапулӣ хеле хурсанд ҳам шудааст.

Ман фикр кардам, аз ин ба баъд 300 сомонӣ нафақапулӣ мегирам. Ҳоло моҳи сентябр ҳам ба поён расиду касе аз боло рафтани ҳаҷми нафақа чизе намегӯяд. Гуфтанд, дар давлат дар ҳоли ҳозир пул нест. Хуб, ки нест, нест. Мегӯянд, буҳроне пеш омадааст, аммо боз намедонам- илова кард ҳамсуҳбати мо.

Бибии Зоя фарзанд дорад. Аммо беш аз 20 сол аст, ки дар бораи макони будубоши писараш чизе нашунидааст дар мавриди духтараш бошад хеле ғамангез суҳбат мекунед:

— Ман барои ӯ аслан арзиш надораму ҳатто ба хонааш ҳам роҳ надод ва маҷбур шудам, ба ин тариқ зиндагӣ кунам.

Бывшая ткачиха Зоя получает пенсию в 200 сомони.
© Sputnik Зарина Эргашева
Дӯзандаи собиқ Зоя дар ҳаҷми 200 сомонӣ нафақа мегирад

Бо идрорпулӣ чи гуна метавон зиндагӣ кард?

Ҳамасола моҳи сентябр шумори зиёди донишҷӯён аз тамоми шаҳру навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ барои таҳсил ба шаҳри Душанбе меоянд. Тавони молии баъзе аз хонаводаҳои онҳо имкон медиҳад, ки ҳуҷраеро ба иҷора бигиранд ва аз бархеи дигар на. Ҳаққи иҷораи як манзил дар Душанбе аз 100 то 300 ва баъзан то 400 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Албатта ин маблағи каму беше нест, аз ин рӯ, бархе аз донишҷӯён маҷбур мешаванд, хобгоҳ ё хонаи хешони худро барои зиндагӣ интихоб кунанд.

Тавре падару модарони мо қисса мекарданд, ҳаҷми идрорпулии даврони шӯравӣ имкон медод, ки донишҷӯ ҳадди ақал як моҳ зиндагии хоксоронае дошта бошад.

Он замон ба мисли ҳозир ҳам донишҷӯёни аълохон идропулии хуқб мегирифтанд. Бо ин гуна донишҷӯён мо дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат шудем.

Ҳанифа Шокирова соли 2009 аз шаҳри Норак ба Душанбе аз тариқи квота омадааст. Ҳоло ӯ муҳассили курси 6-уми Донишгоҳи тиббӣ мебошаду аз зиндагии худ дар хобгоҳ розӣ аст: "Инҷо ҳам тоза асту ҳам мо духтарон дар иҷрои вазифавҳо ба якдигар кумак мекунем. Хуроки нисфрӯзию шом омода мекунем ва ошхонаи умумӣ ҳам дорем", афзуд ӯ.

© Sputnik
Идрорпулии донишҷӯёни Донишгоҳи тибби ба хароҷоти онҳо ҷавобгӯ нест

Дар бораи идрорпулии ӯ пурсидем.

Ҳамсуҳбати мо хеле бо чеҳраи хандону розӣ изҳор дошт, ки донишҷӯёни ба мисли ӯ аълохон идрорпулии хубе дар ҳаҷми 160 сомонӣ мегиранд.

Албатта донишҷӯёни ба мисли мо аълохон идропулии хуб мегиранд. Аммо бидуни кумаку дастгирии моли волидайн дар инҷо зиндагӣ кардан ғайриимкон аст.

Ӯ ба ҳисоби миёна дар як моҳ 700 сомонӣ, муодили 100 доллари амрикоӣ хароҷот дорад, ки ба он маблағи ғизову роҳона, дафтару қалам ва баъзан китобу либос ворид мешавад. Бар иловаи ин, онҳо аз беморхонаҳои Душанбе, ки дар онҷо ҳамчун ҳамшира кор ҳам мекунанд, ҳақмузде ҳам хоҳанд гирифт.

Таъхир дар баланд шудани ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ дар ҳолест, ки талошҳо барои фаҳмидани далели аслии он аз Вазорати молия бенатиҷа буданд. Танҳо тахмин кардан мумкин аст, ки омили аслии таъхир дар иҷрои ин қарор набуди маблағ дар буҷаи давлат мебошад. Зеро имсол нақшаи буҷа 20% кам иҷро шудааст.

25
Барчаспҳо:
идрорпулӣ, маош, кумакпулӣ, нафақа, Донишгоҳи тиббӣ, Норак, Душанбе, Тоҷикистон

Бонки миллӣ арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард

223
(Таҷдидшуда 11:57 22.01.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 22 - юми январ эълон кард

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.7419 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1527 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.7419 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1527 сомонӣ.

Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

223
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, қурби асъор, Тоҷикистон
Подписание соглашения о тоннеле Истиклол

Имзои қарордод байни Эрону Тоҷикистон барои такмили нақби “Истиқлол”

2370
(Таҷдидшуда 13:12 21.01.2021)
Қарордоди иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” байни ширкати “Фароб”-и Эрон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар маросими имзои ин қарордод, ки шоми дирӯз дар толори меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазири нақлиёти Тоҷикистон, сафири Эрон, раиси ширкати “Фароб” ва дигар меҳмонони эронӣ ва дохилӣ ширкат карданд, иттилоъ додааст сафорати Эрон дар Тоҷикистон.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суханронии худ имзои ин қарордодро рӯйдоди муҳим хонд ва ба он ишора кард, ки бунёди нақби “Истиқлол” ҳанӯз дар замони Шӯравӣ оғоз шуда буд, аммо бо сабабҳои гуногун ба анҷом нарасид.

“Пас аз он ки мо бо дӯстони худ аз Эрон шартнома бастем ва марҳилаи аввали сохтмони ин нақб амалӣ шуд, мардум тавонистанд аз он истифода кунанд. Баъдан баъзе мушкилиҳо, аз ҷумла ҷорӣ шудани об аз сақфи нақб пайдо шуд, ки ба тадриҷ бартараф гардиданд”, - таъкид дошт Азим Иброҳим.

Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон, марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтод, аммо бо имзои қарордод корҳои марбут ба он, аз ҷумла, равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар дохили нақб муҳиманд, иҷро хоҳад шуд.

Вай Тоҷикистону Эронро ду кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои таърихи муштарак хонд ва аз он ёдовар шуд, ки Эрон дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон, аз қабили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” ва нақби “Истиқлол” ширкат намудааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар ба поён хоҳад расид.

Сафири Эрон Муҳаммадтақии Собирӣ низ зимни суханоне нақби “Истиқлол”-ро тарҳи муҳим хонд, ки иртиботи байни шимол ва ҷануби Тоҷикистонро фароҳам кардааст.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бомваффақият ба анҷом хоҳад расид ва гоми дигаре ба сӯи рушд ва боландагии Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд.

Муовини мудири ширкати обу барқи Эрон Беҳрӯзи Мӯродӣ ин рӯзро муҳим ва таърихӣ номид ва гуфт, ки бо иҷрои бокайфияти ин лоиҳа қадами дигаре дар самти таҳкими равобити миёни ду кишвари дӯст ва ҳамзабон бардошта хоҳад шуд.

  • Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Пресс-служба посольства Ирана в Таджикистане
  • Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Пресс-служба посольства Ирана в Таджикистане
1 / 2
Пресс-служба посольства Ирана в Таджикистане
Подписание соглашения о тоннеле Истиклол

Раиси ширкати “Фароб” Алии Вакилӣ тайи суханоне гуфт, ки  "Фароб” яке аз бузургтарин ва ботаҷрибатарин ширкатҳои Эрон аст, ки тарҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дар заминаҳои сохти неругоҳҳои барқи обӣ, ҳароратӣ, роҳу тунел, нафту газ ва ғайра иҷро кардааст.

“Гурӯҳи фаннӣ-муҳандисии “Фароб” тарроҳӣ ва сохти нургоҳи “Сангтӯда 2”-ро, ки намоди дӯстӣ ва пайванди амиқи ду миллати Эрону Тоҷикистон мебошад, дар корномаи худ ба сабт расондааст. Дар тӯли 45 соли фаъолияти худ нерӯгоҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дидаам ва ба таври ҷиддӣ гуфта метавонам, ки нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” корест, ки аз умқи ҷон баромада ва яке аз бокайфияттарин пружаҳо дар сатҳи дунёст. Умедворем, ки битавонем чунин фаъолиятҳоеро дар робита бо дигар лоиҳаҳо низ дар Тоҷикистон анҷом диҳем”, гуфт ӯ.

Вакилӣ гуфт, ки таҷҳизоти лозимро барои иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” омода кардаанд ва бо оғози корҳо ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд.

Вай гуфт, умедворам ҳамон гуна, ки ҳамкоронам бо ишқ неругоҳи “Сангтӯда 2”-ро сохтанд, ин пружаро низ бо ишқ анҷом диҳанд.

Раиси ширкати “Фароб” дар поёни суханони худ ба он ишора кард, ки саҳми Тоҷикистону Эрон дар ин лоиҳа 50 дарсадӣ буда ва агар ҳарду тараф  тааҳҳудоти худро бамавқеъ иҷро кунанд, то ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд.

2370
Барчаспҳо:
имзо, қарордод, "Истиқлол", ифтитоҳи нақби Истиқлол, Эрон, Тоҷикистон
Электросчетчики на улице

Ҷаримаи сокинони Рашт барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ

0
(Таҷдидшуда 11:31 22.01.2021)
Дар паи баргузории санҷишҳо дар минтақаи Рашт 73 ҳолати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ  ошкор гардида, ҷавобгарон ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Аз 1 декабри соли гузашта то 15 январи имсол дар минтақаи Рашт 6 миллиону 583 ҳазору 730 киловатт-соат қувваи барқ сарфа карда шудааст.

Ин омор зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳии кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Рашт дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумат баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва истифода аз таҷҳизоти замонавии каммасраф ба даст омадааст.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ асоссан миёни аҳолии ноҳияҳои Сангвору Лахш, Тоҷикободу Рашт ва Нуробод баргузор шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба муҳандиси реҷаи шабакаҳои барқи Рашт Фатҳулло Маҳмадхонов.

Муҳосиби шабакаҳои барқи Рашт Назриддин Шарипов гуфт, ки мувофиқи маълумоти муҳосибот, қарзи дебитории шабакаҳои барқи минтақаи Рашт 41 миллиону 158 ҳазору 909 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 15 миллиону 839 ҳазору 381 сомонӣ аз ҳисоби муштариёни маишӣ ва боқимонда аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва сохтори тиҷоратии ноҳияҳои минтақаи Рашт мебошад.

Гуруҳҳои корӣ бо милисаҳо 9 миллион сомонӣ қарзи барқро ҷамъ кардаанд

Ҳамин тавр, о ташаббуси гурӯҳҳои тарғиботӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа 858 ҳазору 483 сомонӣ  қарзи истифодаи қувваи барқ баргардонида шуд.

Ҳамчунин дар ин  муддат бо гузаронидани санҷишҳои муштарак 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ  ошкор карда шуда, ҷавобгарон барои зарари расонида  ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд. То имрӯз 78 ҳазору 546 сомонии он   рӯёнида шудааст.

0
Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, истифода, барқ, ҷарима