“Сангтӯда-1” дубора бо тамоми неру ба кор даромад

© Sputnik / Андрей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкНеругоҳи Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Неругоҳи Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таъмири агрегати мазкур ба раванди кори неругоҳ ҳеч таъсире нарасонидааст ва неруи барқ тавассути се дастгоҳи дигар ба таври муназзам истеҳсол мешуд.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Таъмири пурраи агрегати дуюми неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" ба поён расида, дубора фаъолияташ аз сар гирифта шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин корхона.

Ҳафт соли нерӯгоҳи Сангтӯда-1: кори яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳо дар ИДМ

"Аз замони шуруи фаъолияташ (1 июли соли 2008) ин агрегат беш аз 30 ҳазору 600 соат кор карда, наздик ба 4 миллиард киловатт сота неруи барқ истеҳсол кардааст", — афзудааст манбаъ.

Таъмири пурраи ин агрегат дар як вақт аз ҷониби кормандони чанд бахши ширкати ШСК "Сангтӯда-1" дар давоми 50 рӯз анҷом шудааст. Таъмири агрегати мазкур ба раванди кори неругоҳ ҳеч таъсире нарасонидааст ва неруи барқ тавассути се дастгоҳи дигар ба таври муназзам истеҳсол мешуд.

"Муҳлати хидмати ин агрегатҳо аз 30 то 40 сол бидуни бозсозӣ пешбинӣ шудааст. Аммо барои таъмини фаъолияти боэътимоду устувор ин гуна таъмирҳо бояд анҷом дода шаванд", — мегӯяд муҳандиси ШСК "Сангтӯда-1" Музаффар Солиев.

Бори аввал ин агрегат баъд аз як соли шуруи фаъолияташ таъмир шуда буд.

ШСК "Сангтӯда-1" ширкати муштараки Русия ва Тоҷикистон буда, соли 2005 таъсис ёфтааст.

Тавоноии ин неругоҳ ба 670 мВт баробар аст. Чархаи аввалини неругоҳ 20 январи соли 2008 ба кор андохта шуд ва дар моҳи июли соли 2009 бо ба кор даромадани чор чархаи боқимонда неругоҳ пурра ба фаъолият пардохт. НБО-и "Сангтӯда-1" 15% —и барқи умумии тавлидӣ дар кишварро истеҳсол мекунад.

Лентаи хабарҳо
0