Арзиши доллар дар Душанбе аз марзи 6,80 убур кард

© Sputnik / Амир ИсаевСаррофиҳои маркази Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Саррофиҳои маркази Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби навишташудаи асъори хориҷӣ дар лавҳаи саррофиҳои шаҳри Душанбе бо арзиши воқеии онҳо мутобиқат намекунад.

ДУШАНБЕ, 28 сентября — Sputnik. Дар саррофиҳои шаҳри Душанбе як доллари амрикоӣ бар ивази 6,80 сомонӣ иваз карда мешавад. Дар ҳоле ки арзиши як доллар дар лавҳаҳои онҳо 6,56-6,58 сомонӣ навишта шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 августи соли равон ба ин сӯ, қурби бозории асъори хориҷиро тағйир надодааст ва масъулини саррофиҳои Душанбе ҳам аз он пайравӣ доранд. Аммо арзиши воқеии асъори хориҷӣ 3,3% бештар аз нишондоди лавҳаҳои саррофиҳо мебошад.

Аз эҳтимол дур нест, ки ин иқдом ба хотири гурез аз намоиши воқеии беқурбшавии сомонӣ дар баробари доллар сурат мегирад.

Худи масъулини саррофиҳои Душанбе номувофиқатии арзишҳоро ба хисоротовар будани қурби нишондодаи лавҳаҳои хеш рабт медиҳанд.

"Бонки миллӣ қурбро ислоҳ мекунад, вале арзиши воқеии бозори арз инро таҳаммул надорад. Ҳар рӯзу ҳар лаҳза иваз мешавад. Мо худ ҳафтаи гузашта як долларро бар ивази 6,70-6,75 сомонӣ харидем ва чи гуна метавонем, онро 6,58 сомонӣ фурӯшем? Имрӯз асъори хориҷӣ нест ва ман танҳо ҳоло дунболи харидории онам ва агар то баъди зуҳр вазъ тағйир ёбад, шояд бар ивази то 6,85 сомонӣ фурӯшам", — гуфт сарроф.

Саррофҳои шаҳри Душанбе арзиши харидории як долларро дар лавҳаҳои худ 5,56 сомонӣ ва нархи фурӯши онро 6,58 сомонӣ навиштаанд. Аммо тавре маълум гардид, аксари онҳо долларро харидорӣ карда, ба умеди қиммат фурӯхтан онро то нигаҳ медоранд.

Сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: сомонӣ дар ду ҳафтаи ахир 2,1% арзиши худро аз даст дод

Қурби расмии асъор ҳар рӯз дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон нав хоҳад шуд. Тибқи иттилои ин ниҳод, имрӯз, 28 сентябр арзиши расмии як доллари амрикоӣ дар кишвар  6,44 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондоди санаи 28 август 2% зиёд аст.

Қурби расмии як евро дар сомонаи Бонки миллӣ 7,18 сомонӣ нишондода шудааст, ки он дар бозори арз баробар ба 7,40 сомонӣ мебошад.

Арзиши расмии рубли русӣ тайи як моҳи ахир тақрибан тағйир наёфтааст, ки 10 рубли русӣ баробар ба 1 сомонӣ навишта шудааст.

Аз аввали соли равон то кунун қурби доллари амрикоӣ 24,7%, евро 11,4% ва рубл 7,4% дар Тоҷикистон боло рафтааст.

Лентаи хабарҳо
0