Хатти нерӯи барқ. акс аз бойгонӣ

$600 ҳазори Швейтсария барои бунёди хатҳои интиқоли барқи Бадахшон

17
(Таҷдидшуда 22:02 12.10.2015)
Ин маблағ дар доираи Лоиҳаи хусусии энержии Помир (Pamir Energy) ҷудо шуда, барои барқарорсозии хатти интиқоли нерӯи барқ, ки дар пайи офати табиӣ хароб шуда буд, равона хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 30 сентября — Sputnik. Ҳукумати Швейтсария барои барқарор сохтани хатти интиқоли қувваи барқи Помир, ки бар асари офати табиӣ фаъолияти он тобистони соли равон халалдор шуда буд, маблағи иловагиеро дар ҳаҷми 625 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кард, менависад сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон.

Маблағи иловагӣ дар доираи Лоиҳаи хусусии энержии Помир (Pamir Energy) ҷудо шудааст, ки мақсад аз он зудтар ба роҳ мондани корҳои истифодабарӣ дар хатти интиқоли қувваи барқ мебошад.

"Ин сармоягузорӣ барои бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ миёни неругоҳи "Помир-1" ва шаҳри Хоруғу тадбирҳои тақвият додани иқтидори ширкати "Помир Энержӣ" дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ равона мешавад", афзудааст манбаъ.

Маросими имзои санади иловаӣ дар Созишномаи Лоиҳаи хусусии энержии Помир (Pamir Energy) дар бинои Вазорати молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, зери он аз ҷониби Тоҷикистон вазири молияи кишвар Абсудалом Қурбониён ва аз ҷониби Идораи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ роҳбари департаменти амалгарӣ Иво Герман имзо кардаанд.

Ин лоиҳа бояд то охири соли 2015 пурра амалӣ шавад.

Дар пайи гарм омадани дамои ҳавои тобистони соли равон дар Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон сатҳи оби дарёҳо баланд шуда, боиси омадани селоб гардид, ки дар натиҷа аксари роҳҳои мошингузару пул ва хатти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ хароб гаштанд.

Мақомоти Тоҷикистон хисороти ин офати табиро наздик ба 100 миллон доллари амрикоӣ хонданд. Бори охир ин гуна гармӣ 70 соли қабл, соли 1944 қайд шудааст.

17
Барчаспҳо:
интиқоли нерӯи барқ, имзо, кумак кардан, имзои созишнома, Идораи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, ширкати "Помир Энержӣ", Иво Герман, Абсудалом Қурбониён, Швейтсария, Душанбе, Тоҷикистон
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото

“Худӣ”: дар Тоҷикистон истеҳсоли нафт афзоиш ёфтааст

338
Вазорати энерживу оби Тоҷикистон мегӯяд, истеҳсоли нафт дар ин кишвар тайи нимсолаи аввал ҳудуди 8% афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Шарифа Худобахш, муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, тайи нимсолаи аввали соли равон дар кишвар чизе бештар аз 12 ҳазор тон нафт тавлид ёфтааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 810 тон зиёд аст.

“Тавозуни ҳарсола нишон медиҳад, ки истеҳсоли нафт сол ба сол афзойиш меёбад. Тавлидгарони нафти Тоҷикистон ширкатҳои ватанӣ ҳастанд, ки тибқи имконоти худ истеҳсолро ба роҳ мондаанд. Ҳоло мо бар инем, ки дар оянда сармояи хориҷиро ба ин соҳа ҷалб кунем. Вазорат дар ин самт кор мекунад, зеро соҳаи нафту газ як соҳаи маблағталаб аст. Сармоягузор дар ҷое, ки нафти кофӣ нест, сармоя намегузорад. Аммо ба ҳар ҳол ширкатҳое ҳастанд, ки омодаи ҳамкориянд. Умедворем, пас аз пандемия онҳоро низ ҷалб кунем”, - гуфт Шарифа Худобахш.

Соли гузашта Раёсати геологияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар кишвар дар чуқурии 3 – 5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту газ кашф шуда, теъдоди конҳо ба 20 адад дакка мехӯрад. Бино ба ин манбаъ, захираҳои нафт 2 миллион тон ва газ 3 миллиард метри мукаабро ташкил мекунад. Дар гузашта ширкатҳои ҷаҳонии “Газпром” ва “Тетис – петролиум” дар ҳавзаҳои ҷанубии Тоҷикистон ба омӯзиши захираҳо кор карданд.

Муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон мегӯяд, ин ширкатҳо на бо истихроҷ, балки корҳои омӯзишӣ машғул буданд.

“Он вазифае, ки пешашон гузошта шуда буд, иҷро карда, рафтанд. Дар соҳаи истихроҷи газ ҳоло пешрафти намоёне надорем, аммо бо истихроҷи нафт дар Тоҷикистон ширкатҳои тоҷикӣ бо сармояҳои худ машғуланд”, - гуфт Шарифа Худобахш.

Бино ба иттилои вазорати энерживу об, дар Тоҷикистон 7 ширкат, ба шумули “Нафту газ”, “Салоса”, “Сетос”, “Азизӣ”, “Петролиум Суғд” дар истихроҷ ва “Сомон-ойл” дар иктишофу омӯзиши нафт кор мекунанд.

338
Барчаспҳо:
нафткаш, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

499
(Таҷдидшуда 08:27 13.07.2020)
Қурби доллар чи дар бозори ҷаҳон ва чи дар бозори асъори Тоҷикистон боло ва қурби рубл бошад, рӯз то рӯз паст мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1442 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6386 то 12. 0500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

499
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

0
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон