Корҳои иктишофӣ ва истихроҷ дар кони тилло. Акс аз бойгонӣ

China Nonferrous Gold ба истихроҷи тилло дар кони Покрӯд оғоз мекунад

119
(Таҷдидшуда 22:03 12.10.2015)
Дар Тоҷикистон давоми соли 2014 беш аз се тонна тилло истихроҷ карда шуда, қарор аст, имсол ин нишондод ба 4 тонна расонида шавад.

ДУШАНБЕ, 1 октября — Sputnik. Бунёди корхонаи коркард ва истихроҷи маодин дар кони тиллои "Пакрут", ки дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир мебошад, аллакай ба поён расидааст, хабар медиҳад, сомонаи ширкати China Nonferrous Gold Limited (CNG).

Корҳои истихроҷӣ дар кони тиллои "Пакрут" ҳам аллакай қисман шурӯъ гардидаанд, аммо ба таври комил охирҳои моҳи октябри соли равон оғоз хоҳад шуд.

"30 сентябри соли равон сарвазири Тоҷикистон ҳам барои шиносоӣ бо рафти корҳо аз ин кон боздид намуд. Корхона дар марҳилаи аввал бо иқтидори истеҳсоли ду тонна тилло дар як сол фаъолият намуда, дар марҳилаи дуюм, шуруъ аз соли 2018 иқтидори он ба истеҳсоли чор тонна тилло дар як сол расонида мешавад",- менависад АМИТ Ховар.

Тибқи дурнамо дар корхона аз охирҳои моҳи октябри соли равон истеҳсоли маҳсулот оғоз гардида, давраи озмоишӣ гузаронида мешавад. Дар корхонаи ғанигардонии "Пакрут" худи тилло истеҳсол нахоҳад шуд. Он дар корхонаҳои коркарди тиллои Тоҷикистон ё Чин истеҳсол карда мешавад.

Корҳо дар кони "Покрӯд" ҳанӯз соли 2004 аз ҷониби корхонаи Kryso Resources Plc, ки дар яке аз ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст, оғоз гардида буд. Соли 2013 ин ширкат номи худро ба China Nonferrous Gold Limited табдил дода, саҳмияҳи он пурра дар ихтиёри сармоягузорони чинӣ қарор гирифтанд. Муҳлати иҷозатномае, ки ҳоло ба ин ширкат аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дода шудааст, то соли 2030 мебошад.  

Муҳлати бозпардохт 4 сол аст

Дар сомонаи ширкати CNG арзиши як унс тилло 1 ҳазору 250 доллари амрикорӣ ва муҳлати бозпардохт дар сурати истеҳсоли 82 ҳазор унс дар як сол (2,55 тонна) 4 сол навишта шудааст.

Дар сурати коҳиши истеҳсол муҳлати бозпардохт ҳам афзоиш хоҳад ёфт.

Дар Тоҷикистон давоми соли 2014 беш аз 3 тонна тило истеҳсол карда шуда, қарор аст, имсол ин нишондод ба 4 тонна расонида шавад.

Бузургтарин корхзонаҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо истихроҷи тилло машғуланд, "Зарафшон", "Апрелевка" ва "Тиллои тоҷик" мебошанд.

119
Барчаспҳо:
ширкати чинӣ ба истихроҷи тилло оғоз мекунад, истихроҷ ва коркарди тилло, кони тилло, нахуствазири Тоҷикистон, кони Апрелевка, кони Зарафшон, кони Покрӯд, ширкати China Nonferrous Gold Limited (CNG), Қоҳир Расулзода, Зарафшон, Душанбе, Тоҷикистон