ВКД: боздошти ду соҳибкор барои напардохтани $500 ҳазор маблағи андоз

Обуна шудан
Кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил - “УБОП” ду соҳибкори пойтахтро боздошт кардаанд, ки дар саркашӣ аз супоридани андоз дар ҳаҷми ниҳоят калон муттаҳам мешаванд.

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Мақомоти корҳои дохили Тоҷикистон як ҳолати саркашӣ аз супоридани андоз дар ҳаҷми 2 миллиону 216 ҳазор сомонӣ (наздик ба 500 ҳазор доллари ИМА)-ро ошкор кардаанд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти ВКД.

Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми ду соҳибкор барои пешкаши компютерҳои “пуч” ба мактабҳо

"Аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД як далели саркашӣ аз супоридани андоз дар ҳаҷми махсусан калон муайян карда шуд", — навиштааст, манбаъ.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД, сармуҳосиби 42-солаи ҶДММ "ДТТ" аз Душанбе дар якҷоягӣ бо директори 38-солаи ин корхона дар дидбонгоҳи гумрукии шаҳри Душанбе, маҳсулотҳои вориднамудаи соҳибкоронро бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба номи ҷамъияти мазкур ба расмияти гумрукӣ дароварда, ба асноди муҳосибавӣ амалиёти андозбандишавандаро ба миқдори махсусан калон нишон надодаанд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Воридот ба будҷа аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 24% коҳиш ёфт

"Бо ин роҳ онҳо дар давраи аз 19-уми марти соли 2014 то 1-уми августи соли 2015 аз пардохти андоз ба маблағи 2805216 сомонӣ саркашӣ намудаанд", — илова кардааст, манбаъ.

Ҳоло дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як рӯз қабл зимни суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалии соҳибкорӣ дар Душанбе аз пинҳонкории бархе соҳибкорон ибрози нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, баъзеи онҳо ба пинҳонкорӣ, аз қабили қочоқи молу коло, рўйпўш кардани андоз ва пардохтҳои гумрукӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлат даст мезананд. 

Лентаи хабарҳо
0