Маъдани рақами дуюми кони ангишти Шӯробод

Ширкати Молайзия мехоҳад, шартномаи сохтмони МБГ "Шӯроб" тағйир ёбад

24
(Таҷдидшуда 13:21 27.11.2015)
Дар пайи амалишавии ин лоиҳа ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави ҶСШК “Ангишт”-у оғози фаъолияти “Шӯроб” то 1000 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ширкати "HOS International Trading SDN BHD"-и Молайзия пешниҳод кардааст, ба Шартномаи консессияи имзошуда дар робита ба Маркази барқу гармдиҳии "Шӯроб" тағйирот ворид карда шавад, иттилоъ медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузрӣ ва идораи амволи давлатии кишвар.

Пешниҳодҳои нав ба қисмати ҳуқуқии ин лоиҳа ва такмили он пешбинӣ шудааст. Ҳоло мавриди омӯзиши ниҳодҳои дахлдор қарор дорад ва баъдан ба ҳукумати кишвар пешниҳод хоҳад шуд.

Охирҳои моҳи октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "HOS International Trading SDN BHD"-и Малайзия Шартномаи консессияи Маркази барқу гармдиҳии "Шӯроб" ба имзо расида буд.

Ин шартнома, муносибатҳо миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "HOS International Trading SDN BHD"-ро дар доираи амалигардонии лоиҳае, ки дар чаҳорчӯби он бозсозӣ ва истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии ҶСК "Ангишт", лоиҳакашӣ, бунёд ва истифодаи тиҷоратии Маркази барқу гармдиҳии "Шӯроб" ва зерсохтҳои дигари зарурӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ба танзим хоҳад даровард.

Маркази барқу гармдиҳии "Шӯроб", ки иқтидори истеҳсолии он 300 мегават нерӯи барқ арзёбӣ мешавад, бо ҷалби беш аз 400 миллион доллари ИМА тавассути сармояи мустақим сохта мешавад.

Дар пайи амалишавии ин лоиҳа ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави ҶСШК "Ангишт"-у оғози фаъолияти "Шӯроб" то 1000 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.

24
Барчаспҳо:
ҷойи корӣ, Шартномаи консессия, сармоя, лоиҳа, нерӯ, ҳукумат, барқ, Маркази барқу гармдиҳии "Шӯроб", Ширкати "HOS International Trading SDN BHD"-и Молайзия, Молайзия, Душанбе, Тоҷикистон